Интернюс барои баргузории ҷашнвораҳои онлайнии саводнокии расонаӣ шарик меҷӯяд

Интернюс дар Тоҷикистон озмуни пайдо кардани шарикон барои ҷашнвораҳои саводнокии расонаии онлайнӣ дар минтақаҳои Тоҷикистонро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ эълон мекунад. Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 6-уми декабри соли 2020 қабул карда мешаванд.

Ки метавонад ширкат варзад?

Барои ширкат созмонҳо расонаӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятӣ, таълимӣ, ассотсиатсияҳо аз Тоҷикистон, ки ба рушди саводнокии расонаиву рақамӣ манфиатдоранд, даъват карда мешаванд. Ташкилоти довталаб метавонад якчанд минтақаро барои гузаронидани ҷашнвора интихоб кунад.

Аз ҷашнвора чӣ интизориҳо аст?

Ҷашнвораҳои якрӯза метавонанд семинарҳо, бозиҳо, озмунҳо, квестҳо ва флешмобҳо оид ба саводнокии расонаиву рақамиро баргузор кунанд. Аудитория метавонад одамони синну соли гуногунро дар бар гирад. Иштирокчиёни ҷашнвора метавонанд муаллимони донишгоҳу мактабҳо, донишҷӯён, мактаббачагон, рӯзноманигорон, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, китобдорон ва хонандагони онҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони насли калонсол ва шахсони дорои маъюбият бошанд.

Рӯйхати минтақаҳо барои ҷашнвораҳои бархатӣ (онлайнӣ):

  • Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ

Агар вазъияти эпидемиологӣ мусбат гардад, ҷашнвораҳо метавонанд тариқи офлайн гузаронида шаванд. Муддати баргузории ҷашнвораҳо на дертар аз моҳи августи соли 2021 аст.

Чӣ гуна дар озмун иштирок кардан мумкин аст?

Ташкилоти шарик бояд дар гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, тренингҳои саводнокии расонаӣ, таҷриба дошта бошад ва ҳамзамон дар тими худ мураббиёни саводнокии расонаиро низ дар бар гирад. Интернюс барои тарҳ дастгирии молиявӣ ва машваратӣ хоҳад кард.

Барои иштирок дар озмун, шумо бояд то 6-уми декабри соли 2020 шакли дархостро пур кунед.

Интернюс дархостҳои шуморо баррасӣ намуда, қарори ниҳоиро на дертар аз 13-уми декабри соли 2020 қабул мекунад. Ҳама довталабон дар бораи қарори ниҳоӣ тавассути суроғаи электронӣ, то 20-уми декабри соли 2020 огоҳ карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *