Ғолибони озмуни Internews “Беҳтарин журналисти шаҳрвандӣ дар соли 2022”

7 сентябри соли 2022 натиҷаҳои озмуни дохилии лоиҳаи Internews “Журналистҳои шаҳрвандӣ” ҷамъбаст карда шуданд.

Чорабинии мазкур ба таври пӯшида гузаронида мешавад ва дар он танҳо журналистҳои шаҳрвандӣ иштирок мекунанд – онҳо корҳои худро ирсол мекунанд ва сипас худашон мувофиқи назари хеш ба беҳтарин мавод овоз медиҳанд. Имсол озмун бори сеюм ва нахустин бор ба чаҳор забон баргузор мешавад: тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ.

Журналистҳои шаҳрвандии “Қадрият” (Тоҷикистон)

Дар озмун панҷ номинатсия вуҷуд доранд:

“Моро мезананд, мо парвоз мекунем”

Рӯйдод-саргузашт (ё сикле), ки ҳангоми кор дар он журналисти шаҳрвандӣ бо фишор ва вайрон кардани ҳуқуқи журналист рӯ ба рӯ шуда, вале тобеъ нашудааст ва масъулият нишон додааст.

“Насими дигаргунӣ”

Рӯйдод-саргузашт (ё сикле), ки боиси таъсири (резонанс) васеъ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст ва онро расонаҳои калон соҳибӣ кардаанд ва пас аз ошкор шудан бо талош ҷиҳати қабул намудани қарорҳои мушаххас ё расонидани кумак ба анҷом расидааст.

“Мо якҷо”

Беҳтарин мавод дар мавзӯи вокунишҳо ба мушкилиҳои глобалӣ, аз ҷумла COVID-19, ҷанг дар Украина, боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайра: чӣ гуна мушкилиҳо ҳаёти одамонро тағйир медиҳанд, чӣ гуна одамон барои муқовимат ба мушкилиҳо муттаҳид мешаванд.

“Гардиши нав”

Рӯйдод-саргузашт (ё сикле), ки барои рушди расона имкониятҳои навро боз мекунанд (дар самтҳои гуногун: мавзӯӣ, аз рӯи форматҳо, барқарор намудани шарикӣ ва ғайра).

Media Hero

Рӯйдод-саргузашт ё қиссаҳо дар бораи одамон, ки дар форматҳои матнӣ, акс ё видеоӣ нақл карда шудаанд.

Журналистҳои шаҳрвандии jom.tj

Дмитрий Ким, куратори лоиҳа:

— Мо ин озмунро барои он ташкил намудем, ки журналистҳои шаҳрвандӣ тавонанд худро ҳамчунин дар нақши аъзоёни ҳайати доварони озмуни байналмилалӣ бисанҷанд. Аз ин таҷриба гузаштанд ва худро дар ин рисолати (миссияи) душвор, вале бомасъулият санҷиданд.

Маҳорати қалам ва донистани калимаҳо, албатта, дар тарҷума гум мешавад, вале ин танҳо яке аз меъёрҳои баҳодиҳии кор аст, мисол, аҳамияти мавзуъ, кушода додани он, сохтор ва фаҳмо будани масъала, дар маҷмуъ пешниҳод намудани он, ҳамдардӣ нисбат ба қаҳрамонҳо, ҷалби диққати мутахассисон ба мавзуъ ва ғайра.

Дар соли 2022 журналистҳои шаҳрвандӣ ба озмун 24 кор, маводҳои беназирро аз дурдасттарин минтақаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон ирсол намуданд.

Овоздиҳӣ 11 ғолибро муайян кард:

Номинатсияи Media Hero

  1. Наҷибулло Валиев, ҶОМ — Ҷавонон ояндаи миллат (Тоҷикистон).
    Рӯйдод-саргузашти сокини 45-солаи Бохтар, ки дар тӯли бештар аз 20 сол барои пеш бурдани зиндагӣ ба дӯхтани пойафзол машғул аст. Пас аз марги падараш кафшдӯзиро аз ҳамсояаш омӯхтааст.
  2. Абдусамад Аминов, ҶОМ — Ҷавонон ояндаи миллат (Тоҷикистон).
    Рӯйдод-саргузашти духтари 14-солаи дорои маъюбият аз деҳаи Чинор. Вай роҳ гашта наметавонад, вале касби хайётӣ (дӯхтани либос)-ро аз худ карда, аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад.
  3. Фарангиз Баҳодурзода, “Қадрият” (Тоҷикистон). Рӯйдод-саргузашти зане, ки зиндагиашро аз ҳисоби боркашонии хусусӣ пеш мебарад.

Номинатсияи “Гардиши нав”

  1. Жұлдиз Ақтанжанова, “Мінбер” ақпарат агенттігі (Қазоқистон).
    Жулдиз барои нашрияи “Мінбер” ҳамчун “гардиши нав” шуд, зеро ӯ на танҳо ҳамчун журналист, балки ҳамчун як шахси фаъоли ҷамъиятӣ боз шуд: ӯ дар ҳалли мушкилоти қаҳрамонони мақолаи худ иштирок намуд – бо пешниҳодҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кард ва ворид намудани тағйиротро ба қонунгузорӣ пешниҳод намуд.
  2. Куат Керей, портали иттилоотию таҳлилии elitar.kz (Қазоқистон).
    Куат мушкилоти гурӯҳҳои камҳаракати аҳолиро бо сикли маводҳо ошкор намуд. Яке аз онҳоро дар ин ҷо дидан мумкин аст.

Номинатсияи “Мо якҷо”

  1. Гулназар Бозоров, SugdNews (Тоҷикистон). Мавод дар бораи баланд шудани нархи намудҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ: чӣ гуна ҳамёни одамон холӣ ва сабади озуқавории онҳо камранг мешавад.
  2. Аружан Смағулова, Tilshi.kz ақпарат агенттігі (Қазоқистон). Репортаж дар бораи ҳаракати экологии шахсони ихтиёрии ҷавон аз Актобе, ки дар беҳбуди экологияи шаҳр саҳм мегузоранд – Актоберо аз партовҳо тоза мекунанд.

Номинатсияи “Насими дигаргунӣ

  1. Муқаддас Ҳомидҷонова, SugdNews (Тоҷикистон). Мақола дар бораи нарасидани омӯзгорон дар Тоҷикистон. Ин мушкил мубрам боқӣ мемонад: омӯзгорон корро тарк карда, ба кишварҳои дигар мераванд. Сабаб – маош барои зиндагӣ намерасад.
  2. Тілектес Ақилбекұли, «Мінбер» ақпарат агенттігі (Қазоқистон). Мақола дар бораи одамоне, ки миёни ду кишвар “муаллақ мондаанд”: онҳо замоне аз Муғулистон ба Қазоқистон кӯчидаанд, сипас бо сабабҳои гуногун боз ба Муғулистон баргаштаанд ва ҳоло наметавонанд ба хидматрасониҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Пас аз нашри мавод Сафорати Қазоқистон дар Муғулистон ҳуҷҷатҳои 57 кӯдак ва падару модарони онҳоро ба Дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ирсол намуд ва раиси фонди ҷамъиятӣ ба Ассотсиатсияи ҷаҳонии қазоқон бо номаи кушод муроҷиат кард.

Номинатсияи “Моро мезананд, мо парвоз мекунем”

  1. Жұлдиз Ақтанжанова, «Мінбер» ақпарат агенттігі (Қазоқистон). Сикли мақолаҳо дар бораи одамоне, ки аз хобгоҳи шаҳри Аягоз ронда шудаанд.
  2. Асилан Смагулов, портали иттилоотию таҳлилии elitar.kz (Қазоқистон).Мавод дар бораи кӯшиши сокинони ғамхори Қарағанда барои ба шаҳр баргардондани Боғи ботаникӣ.
Журналистҳои шаҳрвандии jom.tj

Дар чорчӯби озмун кураторони расонаҳо ҳамчунин имконият доштанд, ки аз рӯи назари худ беҳтарин журналистҳои шаҳрвандиро қайд намоянд.

Ғолибони номинатсияи “Интихоби куратор”:

  1. SugdNews (Тоҷикистон)
    Александр Владимирович Воронсов
  2. Қадрият (Тоҷикистон)
    Хулкарой Ҷиянбоева
  3. Портали иттилоотию таҳлилии elitar.kz
    Куат Керей
  4. Tilshi.kz ақпарат агенттігі (Қазоқистон)
    Аружан Смағұлова
  5. «Мінбер» ақпарат агенттігі (Қазоқистон)
    Жұлдиз Ақтанжанова
Журналистҳои шаҳрвандии “Қадрият” (Тоҷикистон)

Дар тӯли чаҳор соли фаъолият дар лоиҳаи “Журналистҳои шаҳрвандӣ” 25 редаксия аз Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Шарикон тақрибан 220 журналисти шаҳрвандиро ҷалб карданд, ки онҳо аз минтақаҳои гуногуни ду кишвар бештар аз 1270 гузориш (репортаж) таҳия карданд.

Шумо метавонед дар бораи чӣ гуна кор кардани лоиҳа дар ин ҷо хонед. Маълумоти бештар дар бораи журналистҳои шаҳрвандӣ – дар каталоги мо.

“Журналистҳои шаҳрвандӣ” барои ҳамкорӣ ва робитаи мутақобил бо расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон ва Тоҷикистон боз ҳастанд. Агар шумо ба таҷрибаи лоиҳа ё иштирок дар он таваҷҷуҳ дошта бошед, лутфан ба мо муроҷиат намоед – ба asukhachyova@internews.org ё lgaisina@internews.org нависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *