ТАМДИД ШУД: Internews дар Тоҷикистон хоҳишмандонро барои иштирок дар давраи омӯзишии журналистикаи ҳассос ба гендер даъват менамояд

Internews дар Тоҷикистон журналистҳои ҷавон ва муаллифони мустақилро аз саросари кишвар ба офлайн-тренинги серӯза доир ба журналистикаи ҳассос ба гендер даъват менамояд.

Дар давраи омӯзишие, ки ҳамзамон дар ду макон — аз 26 то 28 сентябр дар шаҳри Душанбе ва аз 29 то 1 октябр дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар ин соҳа на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.

Барномаи давраи омӯзишӣ, ки бештар бо таваҷҷуҳ ба вазифаҳои амалӣ таҳия шудааст, аз ҷумла ба саволҳои зерин низ ҷавоб медиҳад:

• Чаро стереотипҳои гендерӣ ташаккул меёбанд ва чӣ гуна ин падидаи номатлубро тавассути ҳикояҳои мусбати мардонагӣ аз байн бурдан мумкин аст?

• Чаро баробарии ҷинсҳо барои ҳама, аз ҷумла мардон муфид аст?

• Чӣ гуна аз эҷоди матни/навори видеоии ғаразноки ҷинсӣ парҳез кард ва кадом қоидаҳоро ҳангоми инъикоси мавзуъҳои нгендерӣ журналист бояд риоя кунад.

• кадом методҳои кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ вуҷуд доранд ва ҳангоми инъикоси чунин мавзуъҳо чиро бояд дар назар дошт?

• Кадом меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунҳо дар ин маврид амал мекунанд?

Ин омӯзиш ҳамчунин дастгирии ду ҳафтаинаи менториро дар назар дорад, ки дар давоми он журналистони ботаҷрибае, ки фаъолона дар мавриди мавзуъоти ҳасоси гендарӣ менависанд, ба ширкаткунандагон дар такмил ва бастабандии дурусти маводҳои дар давраи омӯзиш навиштаашон, кумак хоҳанд кард.

Иштирок ройгон аст, интихоб дар асоси дархостҳо сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд онро дар онлайн-варақа пур кунанд.

Қабули дархостҳо 17 сентябр дар соати 20:00 ба вақти Душанбе баста мешавад.

ТАМДИД ШУД: 24 сентябр, то соати 20:00 ба вақти Душанбе.

Шарики тренинг иттиҳодияи ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» мебошад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *