Internews дар Тоҷикистон хоҳишмандонро барои иштирок дар давраи омӯзишии журналистикаи иқтисодӣ даъват менамояд

Internews дар Тоҷикистон журналистҳои ҷавон ва муаллифони мустақилро аз саросари кишвар барои иштирок дар офлайн-тренинги панҷрӯза доир ба журналистикаи иқтисодӣ даъват менамояд, ки тренерҳои асосӣ мутахассисони пешбари соҳа аз Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар давраи омӯзишӣ, ки аз 21 то 25 сентябр дар мавзеи зебоманзари дараи Ромит баргузор мешавад, ҳар шахсе, ки на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ВАО дорад, метавонад иштирок намояд.

Дар рафти омӯзиш иштироккунандагон аз ҷумла мефаҳманд, ки:

  • Чаро журналистикаи иқтисодӣ дар бораи зиндагии мардум аст, танҳо рақамҳои хушк нест;
  • хусусиятҳои иқтисоди Тоҷикистон аз чӣ иборатанд ва воқеияти бозории кишвар чӣ гуна аст;
  • тамоюлҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҳаёти мардуми кишвари мо чӣ гуна таъсир мерасонанд;
  • кадом мавзуъҳои муҳим барои хонандагони шумо ҷолиб мебошанд;
  • маълумотро барои муҳтавои худ аз куҷо гирифтан мумкин аст ва бастабандӣ кардани он то чӣ андоза ҷолиб аст;
  • чӣ тавр дар бораи иқтисод бояд навишт, ки барои хонанда шавқовар бошад;
  • чӣ тавр аз рақамҳо ҳикояи шавқовар сохтан мумкин аст.

Дар давраи омӯзишӣ, ки дар ҳамкорӣ бо медиаширкати  «Вечёрка» баргузор мешавад, инчунин дастгирии менторӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҷараёни он журналистҳо метавонанд аз рӯи натиҷаҳои тренинг вобаста ба маводи худ кор кунанд.

Машғулиятҳо ройгон мебошанд, интихоб дар асоси дархостҳо сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд онро дар онлайн-варақа пур кунанд.

Қабули дархостҳо 15 сентябр дар соати 20:00 ба вақти Душанбе баста мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *