Манана Асламазян ҳалок шуд. Дастаи Internews дар Тоҷикистон аз чунин талафоти бебозгашт амиқан андӯҳгин аст.

Манана Асламазян –  мушовири минтақавӣ оид ба рушди нерӯи ташкилиии Барномаи Аврупо ва Авруосиё шаби 31 август дар шаҳри Ереван ба таври фоҷиабор даргузашт. Манана барои тамоми расонаҳои мустақили Тоҷикистон дӯсти самимӣ, мураббӣ ва илҳомбахш буд.

Ин рӯз барои бисёре аз расонаҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ҳамчун санаи мудҳише дар ёд хоҳад монд, рӯзе, ки мо Манана Асламазянро аз даст додем. Ҳамкоре, ки на танҳо як шахси касбии дараҷаи боло, балки шахси дорои дили бузург низ буд. Ҳеҷ як лоиҳаи Internews дар Тоҷикистон бидуни маслиҳати хирадмандона ва дастгирии Манана амал карда наметавонист, ҳар як корманди созмон ҳамеша метавонист ба ёрии ӯ умед бандад ва ҳар кадоми мо бо ин шахси ғайриоддӣ муносибатҳои хоси худро доштем.

Манана ҳамчунин барои ҳар як шарики Internews дар Тоҷикистон дӯсти воқеӣ буд. Вай дарди журналистҳоро ба дил наздик қабул карда, кӯшиш мекард, ки ба ҳар як редаксия ёрӣ расонад. Ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин, Манана ҳамеша ҳиссиёти худро идора мекард ва ба ҳамаи одамон дар атрофи худ барои пеш бурдани кору амал ёрӣ мекард. Ӯ бозори расонаҳои Тоҷикистонро хуб медонист, аз ин рӯ, маслиҳату тавсияҳои ӯ дар миёни намояндагони расонаҳои кишварамон арзиши баланд доштанд.

Манана Асламазян бо намуна нишон додани рафтори худ дар тамоми дафтарҳои Internews дар минтақа стандартҳои баландтарини корро муқаррар намуд, ки бунёди онҳоро инсондӯстӣ, муназзамӣ ва некхоҳӣ ташкил медод. Ҳар касе, ки шахсан бо Манана шинос буд, дар бораи адолати ҳайратангез ва поквиҷдонии монанди булӯр соф дар кораш бохабар буд.

Аз даст додани Манана барои гурӯҳи кории Internews дар Тоҷикистон ва ҳам барои ҳамаи пайвандон, дӯстон ва ҳамкорон талафоти бебозгашт ва фоҷиаи шахсӣ ба шумор меравад. Мо ба хамаи хешу табор ва наздикони Манана Асламазян ҳамдардии самимӣ баён мекунем, ҳамрохи шумо мотам мегирем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *