Рӯзноманигорони «Оила» метавонанд дар як дақиқа дар бораи мушкилоти маъмултарини занон дар Тоҷикистон суҳбат кунанд. Адами дастрасӣ ба таҳсил ва зӯроварӣ дар оила – аз мавзӯъҳои аслии комиксҳои аниматсионӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки ин нашрия дар Instagram – и худ нашр мекунад.
Ҳар рӯз ба редаксияи «Оила» одамоне меоянд, ки мехоҳанд ба рӯзноманигорон саргузаштҳои душвор аз зиндагии худро нақл кунанд. Аксаран, заноне муроҷиат мекунанд, ки дар зиндагии оилавии худ ба беадолатӣ дучор шудаанд. Рӯзноманигорони «Оила» қариб ба ҳар муроҷиат вокуниш нишон дода, дар бораи онҳо ба аудиторияи сершумори худ нақл мекунанд.
– Мо худро як нашрияи бахшида ба оила муаррифӣ мекунем ва аз ин рӯ, ҳама мавзуъҳои мо аз ин ё он ҷиҳат ба оила дахл доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар бораи мушкилот суҳбат кунем ва бо истифода аз форматҳои гуногун маслиҳатҳои муфид диҳем, – мегӯяд роҳбари «Оила» Шаҳноза Ҳамдамова.
Дар аввали соли равон ба коллективи нашрия наворбардор Абдулло пайваст ва баъд аз он нашрия тасмим гирифт идеяи деринаи худ — сохтани комиксҳои аниматсионӣ дар мавзуъҳои муҳимро амалӣ гардонад. Дуруст, ҳама гуна аниматсия формати хеле гаронарзиш аст, бинобар ин «Оила» дар озмуни грантии Интернюс дар Тоҷикистон «Формати хурд. Мавсими тобистона» ширкат кард ва дар шумори ғолибон қарор гирифт. Муаллифони барнома пешниҳод карданд, ки ҳикояҳоеро, ки меҳмонон бо худ меоранд, бо ёрии комиксҳои аниматсионӣ нақл кунанд ва ин қиссаҳои кӯтоҳро дар шабакаҳои иҷтимоии худ ҷойгир кунанд. Дар ҳамин мавзуъҳо нашрия барои шабакаҳои иҷтимоии худ кепшн-видео низ омода мекунад. Ғайр аз ин, нашрия ҳар як комиксро дар шакли классикиаш дар рӯзномаи худ чоп мекунад. Гузашта аз ин, «Оила» аз камшумортарин нашрияҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар дурдасттарин манотиқи кишвар ҳам паҳн мешавад. Зимнан, маҳз барои онҳо мушкили зӯроварӣ дар оила ва дастрасии духтарон ба таҳсил аз масъалаҳои муҳим аст.
— Мо фарз кардем, ки ба мухотабонамон комиксхои аниматсионӣ писанд меояд ва хато накардем. Масалан, дар Instagram беш аз 35 ҳазор муштарӣ дорем ва комиксҳои аниматсионии мо аз 11 то 18 ҳазор боздидкунандаро ҷамъ мекунад, – мегӯяд Шаҳноза.
Мутаассифона, достонҳое, ки онҳо нақл мекунанд, хоси Тоҷикистон аст. Масалан, Навбаҳор Азизова (ном иваз карда шудааст) зани 36 сола ба ёд меорад, ки замоне орзуи таҳсил дар донишгоҳро дошт, вале падараш ӯро баъди мактаб ба шавҳар дод. Дар хонаи хушдоманаш сарфи назар аз ҳомиладор буданаш душвортарин корҳоро анҷом медод. Агар Навбаҳор шикоят кунад, хушдоман ва дигар хешовандон ӯро барои бад будани саломатиаш сарзаниш мекарданд. Вақте табиб гуфт, ки Навбаҳор дугоник ҳомиладор аст ва метавонад пеш аз муҳлат таваллуд кунад, хушдоман ӯро аз масъулиятҳои вазнини хона озод накард, балки бештар сарзаниш мекард. Навбаҳор духтаронашро пеш аз муҳлат ба дунё овард, вале дере нагузашта хушдоман овозаҳоро паҳн кард, ки инҳо фарзандони писараш нестанд ва дар ниҳоят занро аз хона пеш карданд. Навбаҳор маҷбур шуд зиндагии худро оғоз кунад ва аввалин чизе, ки ӯ тасмим гирифт, ин баргаштан ба таҳсил буд.
— Ҳамаи саргузаштҳое, ки мо дар комиксҳо нақл мекунем, ҳақиқӣ аст, журналистони мо мусоҳибонро сабт мекунанд, матнро ба сюжет мутобиқ мекунанд, баъд наворбардор комиксҳоро кашида, онҳоро ба ҳаракат медарорад. Ростӣ, на ҳама қаҳрамонҳо розӣ ҳастанд, ки мо дар бораи онҳо дар ин шакл ҳарф мезанем, онҳо бештар ба маводи матнӣ одат кардаанд, – мегӯяд Шаҳноза.
Ба ҳар сурат, аудитория комиксҳои аниматсиониро бо мароқи зиёд кабул карданд. Ҳар як навори видеоӣ ҳазорон боздид ва садҳо шарҳ дорад, ки дар он мардум ба падарони духтарон тавсия медиҳанд, ки ба духтаронашон барои идомаи таҳсил иҷозат диҳанд ва маҷбуран ба шавҳар надиҳанд. Таблиғгарон инчунин ба формати видео-комиксҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
– Ба мо якбора ду таблиғгар – истеҳсолкунандагони нӯшокиҳо ва антисептикҳо муроҷиат карданд ва мо барои инстаграми онҳо комиксҳои аниматсионӣ сохтем. Ва онҳо низ дар байни тамошобинон таваҷҷуҳи зиёд пайдо карданд, аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ин формат дар бозори расонаии мо самаранок аст, – мефаҳмонад Шаҳноза.
Дар маҷмуъ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи Internews, нашрия шаш комикси аниматсионӣ, шаш комикси чопӣ ва даҳ кепшн-видео нашр мекунад. Тамоми муҳтаво ба мушкилоти занон дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Нашрия умедвор аст мардоне, ки аксари вақтҳо ба ҷои духтару хоҳару зани худ қарор қабул мекунанд, дарк мекунанд, ки мумкин аст чӣ гуна мусибатҳо бо занони бемаълумот ва дорои вобастагии комил аз одамони дигар рӯй диҳад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.