Наргис Зокирова: “Дар ҷомеаи Тоҷикистон нигилизми ҳуқуқӣ рушд меёбад”

Дар шаҳри Душанбе аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳуқуқшиносон ва адвокатон ҷамъ омаданд. Барои онҳо коршиносони байналмиллалӣ доир ба мавзуъи баҳсҳои диффаматсионӣ омӯзиш доир карданд. Дар назар аст, ки шумораи даъвоҳо алайҳи рӯзноманигорон, расонаҳо ё вебнависон дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора, коршиносони маҳаллӣ ва ҳамкорони онҳо аз Қазоқистону Украина мегӯянд. Дар омӯзиши баҳсҳои диффаматсионӣ 23 ҳуқуқшиносу адвокат аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам омаданд.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки қаҳрамонони маводҳои расонаӣ алайҳи муаллифони он, рӯзноманигорон ва ВАО даъвоҳои судӣ мекунанд. Масалан, дар охири соли гузашта ширкати расонаҳои “Вечерка”-ро бо маводи абюзи корпоративӣ ба суд доданд. Ширкати расонаҳо дар суд  мағлуб шуд ва 200$ ҷарима супорид. Ин дар ҳолест, ки дар мавод сарчашмаҳои иттилоот ва ду нуқтаи назари мухолиф пешниҳод шуда буданд. Ин баҳси диффаматсионие буд, ки паҳн кардани маълумоти бадномкунандаеро дар ВАО дар бар мегирифт. Ҳарчанд ин маълумот хусусияти туҳматро надошт.

Ғайр аз ин, ҷавобгари чунин баҳсҳо натанҳо рӯзноманигорон, балки вебнависон ва ё истифодабарандагони одии платформаҳои кушодаи интернетӣ, ки ақидаи шахсии худро ошкоро баён месозанд, буда метавонанд .

“Ба фикри ман, дар оянда баҳсҳои диффаматсионӣ зиёд хоҳанд шуд. Зеро дар Тоҷикистон  нигилизми тунди ҳуқуқӣ рушд меёбад. Ғайр аз ин, он на танҳо дар байни шаҳрвандони одӣ, балки рӯзноманигорон, вебнависон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дигар касбҳои ҷамъиятӣ низ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани дониш ва тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст. Илова бар ин, омӯзишҳои махсус доир ба баҳсҳои диффаматсионӣ ба намояндагони мақомотҳои давлатӣ низ хеле зарур аст”, – мегӯяд Наргис Зокирова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун”.

Акс аз Internews TJ

Дар аввали соли ҷорӣ, “Бюро” барои озмуни кушоди Internews ба хотири интихоби шарик барои гузаронидани омӯзиш доир ба баҳсҳои диффаматсионӣ дархост пешниҳод кард. Ин буд, ки миёни ғолибон ҷой гирифт ва лоиҳаро шуруъ кард. Пеш аз ҳама, брошюраи махсус таҳия карда шуд, ки дар он маълумотҳои муосир оид ба диффаматсия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардидаанд. Сипас тими корӣ ба фаъолият оғоз кард.

– Хоҳишмандон барои иштирок дар омӯзиш зиёд буданд, махсусан аз минтақаҳо. Дар маҷмуъ, мо 23 ҳуқуқшиноси расонаиро интихоб кардем. Ин барои онҳо ва барои мо як таҷрибаи хеле бузургу ҷолиб буд. Ман фикр мекунам, ки мо яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон чунин омӯзишро доир кардем, – мегӯяд Наргис.

Яке аз иштирокчиёни омӯзиш ҳуқуқшиноси ҷавон аз шаҳри Хуҷанд Хусрав Зикруллоев мебошад. Вай мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба қонуни матбуот таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намешавад ва аз ин рӯ донишҳое, ки ширкаткунандагон ҳангоми омӯзиш дарёфт кардаанд, барои онҳо нав хоҳад буд. Хусрав умедвор аст, ки дар оянда метавонад ин донишҳоро дар амал татбиқ намояд.

– Солҳои охир теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт, аз ҷумла дар байни рӯзноманигорон ҳам. Мутаассифона, на ҳама вақт иштироккунандагони муҳокимаҳои интернетӣ ҳуқуқҳои худро медонанд. Намедонанд, ки  барои суханони худ чӣ масъулиятеро ба дӯш доранд,”- мегӯяд Хусрав.

Дар омӯзиш мутахассисони байналмилалӣ ва ватанӣ ҳамчун коршинос баромад карданд. Аз ҷумла, судяи Суди Олии Қазоқистон Елена Максюта дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ дар судҳо ҷаласа доир кард; Максим Дворов, коршиноси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз Украина, ба иштирокчиён шарҳ дод, ки диффаматсия чист, Светлана Кузеватова, ҳуқуқшиноси расонаӣ аз Русия парвандаҳо аз таҷрибаи судии Росия ва Людмила Панкратова, директори иҷроияи Институти рушди Матбуоти минтақавӣ аз Украина, бо иштирокчиён ҳолатҳои диффаматсиониро баррасӣ карданд. Илова бар ин, дар омӯзиш мутахассисони маҳаллӣ, ҳуқуқшиносони расонаӣ – Садриддин Саидов ва Абдураҳмон Шарифов иштирок карданд.

Абдурахмон Шарипов, акс аз Internews TJ

Людмила Панкратова мегӯяд: “Агар рӯзноманигор мақола нависаду ҳуқуқшинос онро мувофиқи қонун таҳлил намоянд, пас бо ин роҳ шумо метавонед худро аз даъвоҳо муҳофизат кунед. Наргис Зокирова ҳам бо ӯ мувофиқ аст.

– Ҳар як ҳайати нашрия бояд ҳуқуқшиносе дошта бошад, ки пеш аз интишори мавод ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Ин идеалӣ аст, аммо мо мефаҳмем, ки барои баъзе расонаҳои мо ин кор гарон меафтад. Аз ин рӯ, ҳам рӯзноманигорон ва ҳам муҳаррирон бояд дониши ибтидоии ҳуқуқӣ дошта бошанд. Барои ин донишҳо, шумо бояд ин мавзуъҳоро мустақилона омӯзед ва ё аз омӯзиши махсус гузаред, шарҳ медиҳад Людмила.

Акс аз Internews TJ

Омӯзиш оид ба баҳсҳои диффаматсионӣ бо тамоми чораҳои амниятӣ дар пандемия, тариқи офлайн баргузор шуд. Дар маҷмуъ, омӯзиш се рӯз давом кард. Вале пас аз омӯзиш ҳам, ҳамаи иштирокчиён метавонанд аз мутахассисони созмони “Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” ва инчунин аз ҳамкасбони байналмиллалии худ машварат гиранд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро малӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. уассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply