Аввалин сериали кӯдаконаи СИР дар Тоҷикистон

Фирӯза Мирҷумаева журналист аз шаҳри Хуҷанд ва директори ШТР “Диёр”муаллифи сериали кӯдаконаи «Дӯстон» мебошад. Ин сериал дар бораи  бехатарии кӯдакон дар Интернет нақл мекунад. Сериал 12 қисм аст ва 4 қаҳрамон дорад: Ҳасанбой, Аъзамҷон, Рухшона ва Бахтиёр. Қаҳрамонони сериал дар ҳар қисм, ҳар гуна ҳолатҳоро баррасӣ мекунанд ва терминҳои гуногуни интернетиро дар алоҳидагӣ ба тамошобинон мефаҳмонанд.

Фирӯза Мирҷумаева дар шаҳри Хуҷанд журналисти шинохта ва зани фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Оиладор, соҳиби як духтари 10 сола аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳар кӯдаку наврас телефони мобиливу Интернет истифода мекунанд. Вале волидон дар бораи он, ки фарзандонашон чӣ гуна шабакаҳоро истифода мекунанд, дуруст намедонанд.

“Ман худам модар ҳастам. Дугонаҳои зиёд дорам, ки онҳо низ модаранд. Вале намедонанд, ки фарзандашон чӣ гуна Интернет истифода мебарад. Асос фарзандон волидонро ғам надода, ором бо телефон шинанд. Ин албатта нодуруст аст. Мо бояд дар бораи ҳамаи он чизе, ки фарзандонамон дар Интернет меҷӯянду мебинанд, маълумот дошта бошем. Бехатарии фарзандонамонро дар Интернет ҳам таъмин созем” – мегӯяд, Фирӯза Мирҷумаева, рӯзноманигор.

Ин буд, ки Фирӯза тасмим гирифт, лоиҳаи “Дӯстон”-ро ба  озмуне, ки Internews дар охири соли гузашта эълон карда буд, пешниҳод намояд. Аз довталабони озмун талаб карда мешуд, ки ғояи лоиҳаҳои СИР-и худро пешниҳод кунанд; муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин ба Эдютон -2021 даъват карда шуданд. Лоиҳаи Фирӯза хуш пазируфта шуд ва худи ӯ ба семинари инноватсионии СИР- Эдютон -2021 роҳ ёфт.

Акс аз бойгонии Фируза Мирҷумаева

“ Ман роҳбари ШТР “Диёр” ҳастам ва шабакаи мо дар вилояти Суғд ҳамчун шабакаи занона мавқеъ дорад. Барои ҳамин, хостам, ки ин сериалро махсус дар ин шабака нишон диҳем. Чун аудиторияи мо модарон ҳастанд. Умедворам, онҳо сериали моро дида, аз пайи бехатарии фарзандонашон дар шабакаҳо мегарданд”,- гуфт Фирӯза.

Лоиҳаи дӯстон аз 12 қисм иборат мебошад. Дар ҳар қисми сериал як мавзуъ баррасӣ мешавад. Умуман, дар сериал дар бораи ин мавзуъҳо қисса карда мешавад:

чӣ гуна иттилоот ҷустуҷӯ кардан, тариқи кадом браузер маълумот ҷустуҷӯ кардан, кибербуллинг.

“Мисол дар як қисми сериал мо дар бораи барномае нақл кардем ва фаҳмондем, ки чӣ гуна тариқи он макони буди кӯдаконро муайян кардан мумкин аст. Мисол, модар дар хона бо корҳояш машғул аст. Тариқи он барнома, ки дар телефони мобилии фарзанд насб гардидааст, модар метавонад бубинад, ки худи ҳозир кӯдакаш дар кадом кӯча аст”-  қайд кард, Фирӯза Мирҷумаева, муаллифи лоиҳа.
Як қисми барнома ба мавзуъи кибербуллинг бахшида шудааст. Дар ин қисм, Рухшонаву Ҳасанбой хонаи дӯсташон Бахтиёр меоянд, то якҷоя ба тамрин раванд. Вале Бахтиёр нороҳат аст ва ба дӯстонаш нақл мекунад, ки чӣ гуна дар шабакаи иҷтимоӣ худро номнавис кардаасту дигар ҳамсинфонаш бо ҳар хел табассумакҳо (смайликҳо) шарҳҳо менависанду масхара мекунанд. Ин ба ӯ сахт таъсир расонидааст. Рухшонаву Ҳасанбой бошад, дар бораи ин ҳолат ва дигар терминҳо нақл мекунанд. Дӯсташонро ба тамрин мебаранд ва рӯҳбаланд месозанд.

“Бештар қисмҳо ҳангоми таътили тобистона дар шабака нишон дода шуда буд. Аз сабаби он, ки муайян кардани омори телевизион мушкил аст, мо намедонистем, ки то чӣ андоза моро тамошо мекунанд. Вале вақте мактаб сар шуд, қаҳрамонони мо дар мактабу синфҳояшон хеле шинохта шудаанд. Ҳатто, баъзан вақт агар дарсҳо дертар оғоз мешавад, муаллимон аз он қаҳрамонони мо дархост мекунанд, ки дар  бораи бехатарии дар Интернет аз ҷараёни наворбардорӣ қисса кунанд. Аз ин бармеояд, ки моро мебинанду мешунаванд”, – бо хурсандӣ мегӯяд Фирӯза Мирҷумаева.

Ҳамзамон, сериал дар шабакаҳои иҷтимоии Youtube ва Facebook нашр гардиданд. Ба гуфтаи Фирӯза, ҷалби бештар ба лоиҳа тариқи телевизион ба даст омадааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалбу тамошо камтар аст. Шояд аз гарон будани нархи Интернет ва ё паст будани суръати он.

Акс аз бойгонии Фируза Мирҷумаева: Ҳасанбой, Бахтиёр ва Рухшона

“Ҳамавақт фикр мекардам, ки омода кардани муҳтаво барои кӯдакон хеле оддӣ аст. Вале ин гуна нест. Кӯдакон ҳунарманд нестанд, бояд бо забони фаҳмо бо онҳо суҳбат кард. Боварӣ ҳам надоштам, ки лоиҳаи кӯдаконаи ман дастгирии молиявӣ мегирад. Вале хушбахтона, боз як таҷрибаи муҳим барои фаъолияти худ гирифтам”,- гуфт Фирӯза Мирҷумаева.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро малӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. уассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply