Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойҳои кориро эълон мекунад таҳиякунанда/ҳамоҳангсози бахши «Муҳоҷирати бехатар»

Вазифаҳои асосӣ:

• Тавлиди мавод дар доираи фаъолиятҳои пешгирӣ аз қочоқи инсон муҳоҷирати бехатар-ро ҳамоҳангӣ мекунад ва фарди асосии тамос бо Интернюс барои шарикони маҳаллӣ мебошад;

• Раванди интихоби шариконро идора мекунад, фаъолиятҳоро таҳти назар мегирад, ҳисобот ҷамъ мекунад;

• Шариконро дар чорчуби фаъолиятҳои муҳоҷирати бехатар роҳнамоӣ мекунад, дар таҳияи идеяҳо, сенарияҳо ва муҳтаво кӯмак мерасонад;

• Ба шарикон барои такмили маводҳои аудиовизуалӣ дар ҳама марҳилаҳои тавлид кӯмак мекунад;

• Ба шарикон дар насб, танзим ва корбурди таҷҳизот (камера, диктофон) дар тӯли тавлид кӯмак мерасонад;

• Шариконро дар таҳрири маводи истеҳсолшуда ва ғайра дастгирӣ мекунад.

• Дар ҳамкорӣ бо мушовири муҳоҷирати бехатар ва мутахассиси ВАО-и MediaCAMP эълонҳо, мақолаҳо ва дигар маводҳоро барои PR ва ҳадафҳои иртиботӣ таҳия мекунад;

• Роҳнамо, дастурҳо ва маводҳои дигарро барои шарикон таҳия мекунад;

• Дигар чорабиниҳои марбут ба фаъолияти муҳоҷирати бехатар дар доираи MediaCAMP-ро амалӣ менамояд;

• Барномаи замонбандии иҷрои чорабиниҳоро ҷиҳати таъмини дастёбии саривақтӣ ва пурра ба ҳадафҳои барнома ҳамоҳанг месозад;

• Садоқат ба арзишҳои асосии Интернюс.

Талаботи асосӣ барои номзад:

• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Таҳсилоти олӣ дар риштаи ВАО ё ихтисосҳои мушобеҳ ба он. Таҷрибаи кор дар ВАО  имтиёз мебошад:

• Таҷриба дар истеҳсоли муҳтаво оид ба муҳоҷират / пешгирӣ аз қочоқи инсон;

• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ мебошад;

• Таҷрибаи корӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешаванд, бартарӣ аст;

• Муошират, сатҳи болои масъулиятпазирӣ, қобилияти кор дар чорчӯби маҳдуди замонӣ ва саривақт иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;

Дар як дархости кӯтоҳ (на бештар аз як саҳифаи матн), лутфан ангезаи номзад, интизориҳо дар бораи кор дар Интернюс, инчунин ҳадди поёнии маоши пешбинишударо нишон диҳед. Лутфан резюмеи стандартӣ ((CV)) ва аризаро то охири рӯзи 15 октябри 2021 ба почтаи электронии зерин фиристед: TJ-Info@internews.org  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *