Лоиҳаҳои омузишии Internews чи тавр сифати муҳтаворо дигаргун мекунанд

Ҷомеашиносон муҳтавои се расонаеро дар Тоҷикистону Қазоқистон мавриди таҳлил қарор доданд,  ки иштирокчии барномаҳои омузишии лоиҳаи “Мусоидат ба дастарсӣ ба иттилоот” буданд. Тули чанд сол коршиносони  Интернюс бо кормандони  редаксияҳо мустақиман кор карданд, барояшон дарси маҳорати устодон ва резиденсияҳо  гузаронданд.

Мутахассисони ширкати тадқиқотии “Ойинаи Осиёи Марказӣ” муҳтавои нашрияҳои  Петропавловск News (Қазоқистон), Вечерка ва  Тироз (Тоҷикистон)-ро омухтанд. Онҳо 108  маталаби журналистиро баҳогузорӣ намуданд, ки нимашон қабл аз лоиҳа ва нимаи дувум баъд аз лоиҳа ба нашр расидаанд. Муҳаққиқон ба нишондиҳандаҳое, мисли “ тамаркузнокии матн”, “ сифатии маҷмуии сарлавҳаҳо”, “сохтори малаб”,”возеҳияти баён” ва “услубу забон”, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд .

Ба қавли  Қаҳрамон Бақозода-яке аз иштирокдорони тадқиқот, таҳлили муҳтаво нишон дод, ки кори мушовирони Интернюс ба сифати тамоми контент таъсир гузошт, вале бузургтарин дигаргунӣ  дар шохисҳои  “пешниҳоди  визуалӣ” ва “ тамаркузнокии матн” рух додааст. Муҳаққиқон  қайд мекунанд, ки редаксияҳо  дар категорияҳои гуногун қаблан ҳам   сазовори баҳои баланд шудаанд ва фикр меунанд, ки барнамоҳои омузиширо бояд васеътару амиқтар пешниҳод намуд.

-Бешубҳа, пас аз лоиҳа нишондиҳандаҳо боло рафтаанд,  боз беҳтар шудаанд, вале ин дигаргунии куллӣ нест. Сатҳи касбияти рузноманигорони маҳаллӣ ба қадри кофӣ баланд аст, аммо  маҷоли рушд ҳануз  ҳам ҳаст ва бинобар ҳамин тадриҷан  баланд бардоштани сатҳи барномаҳои  омузишӣ мувофиқи мақсад аст, -мегуяд Бақозода.

 Муаллифони ҷорӣ намудани низоми ҳавасмандгардониро барои матолиби оянда дар редаксияҳо тавсия  медиҳанд, то ки  натиҷаҳояи ба даст омада тақким ёбанд. Ҳамчунин, муҳаққиқон баронанд, ки редаксияҳо метавонанд индикаторҳои баҳогузории Интернюсро биомузанд ва барои коркарди стандартҳои худ мутобиқ  гардонанд, то ки рузнаманигорон мустақилона матолиби худро арзёбӣ кардан тавонанд ва сифати корашонро беҳтар намоянд.

-Таҳлили контент яке аз абзорҳои иловагӣ барои  муайян намудани сифати мавод аст. Хусусан, агар он дар  сатҳи сохторӣ анҷом дода шавад. Дар Тоҷикистон   асосан таҳлил дар созмонҳои байгалмилалӣ гузаронда мешавад, расонаҳо аз ин абзор кор намегиранд,барои ин фурсат надоранд,- шарҳ медиҳад Бақозода.

 Бо натиҷаҳои таҳлил дар ин ҷо метавон ошно шуд.

Таҳлил дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот” гузаронда шуд. Он ба лутфи кумаки мардумони Амрико,тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) муяссар гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *