Дар Тоҷикистон қабули дархостҳо ба тренинги “Ҳунари наворбардорӣ ва монтаж” шуруъ шуд

Дар бораи чи тавр кадрҳои заруриро дидан,онро ба навор гирифтан ва  бо сифат монтаж кардан, ба иштирокдорони трениг , ки ба мавзуи ҳунари наворбардорӣ ва монтаж бахшида шудааст ва дар охирҳои моҳи сентябр баргузор мегардад, нақл хоҳанд кард.

Иштирокчиёни тернениги мазкур метавонанд намояндагони расонаҳои давлатӣ, мустақил ва фрилансерҳо бошанд. Аз ҷиҳати техникӣ дуруст навор бардоштан ва видеоро монтаж кардан ва ҳамчунин пайдо кардни кадрҳое, ки ба аудитория ҷолиб бошанд ва қиссаро тавассути кадрҳо нақл кунанд, ҳамаи инро дар давоми якчанд руз намояндагони шабакаҳои телевизионии давлатӣ,мустақил,студияҳои истеҳсолӣ ва фрилансерҳо дар тренинги “Ҳунари наворбардорӣ ва монтаж” хоҳанд омухт, ки аз 23 то 27 сентябр дар Душанбе мегузарад.

Аз донишу маҳоратҳои худ бо иштирокчиён наворбардори  касбии тоҷик Маҳрам Холов ва журналист,наворбардор ва ровии телевизион Марат Содиқов табодул мекунанд.

-Мехоҳам ба иштирокдорон, на танҳо дар бораи ҷанбаҳои техникии наворгирӣ, балки чи тавр корро оқилона  анҷом додан, нақл кунам, – мегуяд Марат Содиқов.- Ҳамаи кадрҳое, ки иштирокчиён мегиранд ва монтаж мекунанд, бояд ҳодиса ё бахше аз онро  қисса кунанд.

Марат мегуяд, ки наворбардор ё журналисти муосир бояд барои саривақт пайгирӣ намудани ҳама чизе, ки дар ин самт рух медиҳад, омода  бошад. Тренди асосӣ видеои мобилиро ном мебарад.

-Дар ин бора ҳам нақл хоҳам кард. Дар трениг мо машғулиятҳои амалӣ мегузаронем. Иштироккунандагон дар телефонҳои ҳушманди худ навор мегиранд ва роликҳо монтаж мекунанд,-мегуяд ӯ.

Барои иштирок дар озмун ва интихоб шудан, то соати 15.00-и рузи 16 сентябр фиристодани шарҳи  ҳол ва намунаи корҳоятон  ба почтаи электронии  lolamerganova8@gmail.com  ё бевосита расонидани онҳо ба суроғаи: гузаргоҳи 1 –и кучаи Академикҳо Раҷабовҳо 7, дафтари  СҶ «Хома» (дар пушти бинои Вазорати молия) зарур аст.

Ба  нафароне, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ ва студияҳои  истеҳсолӣ  пешниҳод  мешаванд, доштани мактуби ризояти сарваронашон барои иштирок дар тренинг лозим аст.

Шумораи иштирокчиён маҳдуд аст. Ширкаткунандагон аз минтақаҳо аз тарафи ташкилкунандагон бо ҷойи хоб ва таъом таъмин мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *