Сабти ном барои ширкат дар ҷашнвораи осиёимарказии MediaCAMP Fest шуруъ шуд

Аввалин ҷашнвораи MediaCAMP Fest барои мутахассисони расонаҳо дар Осиёи Марказӣ 19-21 сентябр дар Душанбе, дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор мешавад. Дар ҷашнвора беҳтарин сухангуён аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ баромад хоҳанд кард.

Дар давоми се рӯз фаъолияти ҷашнвора дар се қолаб сурат мегирад: семинарҳо, мубоҳисаҳо ва  бозиҳои интерактивӣ, ки дар ҷараёни онҳо маърузачиёни даъватшуда барои иштирокчиён дар мавзӯъҳои зикршудаи чорабинӣ – «Масоили журналистика» ва «Ҷалбкунӣ» баромад хоҳанд кард.

Масалан, директори расонаи Sports.ru, муовини собиқи сардабири Meduza Александр Поливанов дар  мавриди чигунагии ҷазби аудитория аз тариқи хабарномаҳо, чи тавр  тарғиб намудани  подкастҳо; коргардони  рус, президенти ҷашнвораи  байналмилалии  филмҳои ҳуҷҷатӣ- “Artdocfest” Владимир Манский шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна бояд қаҳрамонони  асосиро барои  лоиҳаҳои ВАО- ҷуст, ки мавриди таваҷҷӯҳи тамошобинон қарор мегиранд; коршиноси расонаҳои Русия Всеволод Пуля ҷаласаи «Вақте Интернет  мемирад.Тамоюлҳои итриботот дар соли 2050» -ро мегузаронад.

Мубоҳисаҳои кушода  ва озоди ҷашнвора  ба одобу  ахлоқи рузноманигорӣ  ва  алоқаи журналистика бо фаъолнокии шаҳрвандӣ бахшида мешаванд; бозиҳои интерактивӣ барои  дарк кардани саводнокии расонаӣ ва ташаккули расонаҳои оянда кӯмак мекунад. Дар маҷмӯъ, дар ҷашнвора 23 нафар сухангуён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ баромад мекунанд.

Ба ҳайси як ҷоизаи дилхушӣ,  шоми  намоиши филмҳои ҳуҷҷатии муаллифӣ, ки дар фестивали байналмилалии “Artdocfest” ширкат варзиданд ва муҳокима бо коргардонҳои  рус Асколд Куров ва Виталий Манский баргузор мешаванд.  

Ҷоизаҳо  MediaCAMP кай эълон хоҳанд шуд?

Натиҷаҳои ҷоизаи MediaCAMP барои рӯзноманигорон, ки аввали моҳи июл эълон шуда буданд, дар рӯзи севуми фестивал эълом хоҳад шуд. 45 кори журналистӣ аз се кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – ба финали озмун расиданд ва доварони байналмилалӣ бояд ғолибонро дар чаҳор категория интихоб кунанд: «Ҳокимият ва ҷомеа», «Наслҳои бидуни марз – Вақти имкониятҳо», «Вақти ёрӣ расонидан аст» ва «Қаҳрамонони ҳамҷавори мо».

 Ғолибони номинатсияи махсуси «Объектив»  дар асоси натиҷаи овоздиҳии онлайнӣ муайян  мешаванд. Дар маҷмӯъ, 23 сабт аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба финал ворид шуданд. Шумо метавонед ба  финалистҳо дар ҳамин ҷо овоз диҳед. Ҳар як шахс як маротиба аз як суроғаи IP овоз медиҳад. Шумо метавонед дар интихоби ғолиб аз 9 сентябр то 18 сентябри соли 2019 ширкат варзед.

Муаллифи аксе, ки бештар овоз мегирад, ба MediaCAMP Fest дар Душанбе даъват  мешавад ва ҷоизаи махсус мегирад. Дар ҷашнвора намоиши аксҳое баргузор мегардад, ки онҳо ба даври ниҳоии озмун расидаанд.

Роҳи иштирок кадан  дар ҷашнвора кадом аст?

Барои иштирок дар ҷашнвора, шумо бояд қаблан дар ин ҷо сабти ном кунед. Ғолибони озмуни ҷоизаҳои MediaCAMP ва иштирокчиёни лоиҳаҳои Интернюс оид ба саводнокии расонаӣ бо пардохти хароҷоти роҳ ва зист аз ҷониби ташкилкунандагони ҷашнвора  даъват  мешаванд. Ҳамзамон, мо ҳамаи мутахассисони ҳавасманди расонаҳоро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки омодаанд ,хароҷоташонро худашон пардохт намоянд,  барои  иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамоем.

Нахустин ҷашнвораи Осиёи Марказӣ MediaCAMP Fest дар меҳмонхонаи Серена, дар хиёбони Рӯдакӣ – 14 баргузор мегардад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *