Internews вебинар оид ба SMM-ро барои расонаҳо идома медиҳад

Дар бораи пешсафон ва дар канормондагон миёни мутахассисони соҳаи SSM дар расонаҳои тоҷикӣ , мутахассиси SMM, журналист Шаҳноз Комилзода дар вебинар таҳти унвони “SMM барои расонаҳо” бо забони тоҷикӣ, рузи панҷшанбе-5 сентябр, нақл мекунад.

Контенти расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чи гуна бояд бошад, нашрияҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳифаҳояшонро чи тавр пеш мебаранд, мутахассиси SMM-е, ки бо муҳтавои журналистӣ кор мекунад,  ба кадом иштибоҳот  бояд роҳ надиҳад ва ҳамчунин дигар мавзуҳои ҷолиб аз ҷониби мутахассиси  фаъоли ин соҳа Шаҳноз Комилзода матраҳ мегарданд, ки замоне саҳифаҳои  ба мавзуъ марбути ширкатҳои Мегафон ва T-CELL-ро идора менамуд. Мавсуф шарҳ хоҳад дод, ки мутаассифона . на ҳамаи расонаҳо дар шабакаҳо иҷтимоӣ фаъоланд ва ин сабаби аз даст додани аудиторияи онҳост.

-Аммо намунаҳои шоистаи бисёре ҳам дар байни нашрияҳои мо  вуҷуд доранд, ки мехоҳам муфасссалтар сари онҳо таваққуф кунам, аз бурду бохташон бигуям ва ҳамчунин онҳоро бо он муқоиса  кунем, ки чи тавр нашрияҳои хориҷӣ саҳифаҳояшонро   пеш мебаранд,- шарҳ медиҳад Шаҳноз.

Баро иштирок дар вебинар ба шумо  мурур кардан аз пайванди https://pruffme.com/landing/u430/tajiksmm    дар  таърихи нишондодашуда   лозим меояд. Тамоми хошиҳмандони шунидани вебинар метавонанд ба дафтари Интернюс бо суроғаи кучаи  Академик Раҷабовҳо 7, тангкучаи 1 (дар пушти Вазорати молия) биоянд, ки дар  онҷо вебинар сабт  мешавад.

Вебинарро Шаҳноза бо забони тоҷикӣ  мегузаронад.

Таваҷҷуҳ ! Барои иштироки  босамар дар вебинар зарур аст:

Версияи охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб кардан. Дар браузер бояд версияҳои охирини Adobe Flash Player. В Google Chrome — Flash Player (қаблан насб шудааст) бошанд . Суръати  интернетатонро тафтиш кунед. Суръати  ҳадди аққалли пайвастшавӣ ба вебинар  1Mb., суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат (суръати  паст боиси таввақуфи видое  ё кандашавии овоз ҳангоми нишон додани видеорликҳо ё гарфика мегардад) 2Mb.  Сураъти интернетро метавонед  дар ин саҳифа тафтиш кунед.

Агар ба интернет тавассути шабакаи корпартивӣ ворид мешавед, пас ба администратори системаатон муроҷиат намоед, то ки порти  1935, 80, 443-ро бикушояд. Барои ворид шудан ба саҳифа  тугмачаи  «Войти в вебинар»-ро пахш намуда,  итиилоот дар бораи худатонро пур кунед ва бар муқобили  сатри муоҳида  бо корбарон розӣ буданаторо ишора кунед.  Агар ба вебинар  аз тариқи  планшет ворид шуданиед, маслиҳат медиҳем . ки аз барузери  Google Chrome ё Puffin Browse истифода кунед.

Вебинари маҷонии” Равандҳо нави  расонаҳои онлайнӣ” аз ҷониби Интернюс дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот”  ташкил шудааст. Тадбиқи он  бо лутфи кумаки мардумони Амрико, тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) муяссар гардид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *