Internews озмунро барои мусоидат ба ассотсиатсияҳои расонаии Тоҷикистон эълон мекунад

Internews дар доираи Барномаҳои расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP)

Ҳирфавиён хуб медонанд, ки барои рушди бозори расонаҳо худтанзимкунӣ хеле ва хеле муҳим аст, зеро он барои камтар шудани назорати давлатӣ, нигоҳ доштани озодии редаксионӣ, боло бурдани сифати мавод ва масъулиятпазирӣ барои иттилооти интишоршаванда ёрӣ мерасонад .

Мо омодаем ба ассосотсиасияҳои расонаӣ дар тақвияти зарфияташон вобаста ба рушди роҳу равишҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистон, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеаҳои касбӣ оид ба фаъолияти ниҳодҳои худтанзимкунӣ дар соҳаи расонаҳо кумак расонем.

 Дар  чаҳорчуби дархост шумо бояд дар самтҳои зер чорабиниҳо пешниҳод намоед:

1.барои дасгирии ниҳодии созмонатон, аз ҷумла ҷалби аъзои нав, васеъ намудан ва таҳкими алоқамандон, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо шарикон ва мақомоти давлатӣ барои ҳимояи манфиатҳои аъзои ассотсиатсия;

2. барои инкишоф ва татбиқи механизмҳои худтанзимкунӣ.

Лутфан, дар  дархостатон, дидгоҳи худро оид ба рушди зарфияти ассотсисатсия, дурнамои шумо оид ба мусоидат ба рушди расонаҳо ва таҷрибаи ҷории худтанзимкунӣ дар ин самтро шарҳ диҳед. Лоиҳа  бояд то охирҳои моҳи сентябри 2019 амалӣ гардад. Дар ҳоли зарурат, он метавонад то охирҳои декбри соли 2019 идома ёбад.

 Доварон пешниҳодотро аз руи критерияҳои зерин баррасӣ менамоянд: таҷрибаи дархосткунанда дар самти фаъолият дар соҳаи расонаҳо, таҷрибаи  афзудани тавонмандии кормандони созмони худ, дурнамои амалкунандаи рушди созмон дар шароити бозори муосири расонаҳо, индикаторҳои воқеӣ барои муайян намудани натиҷаҳои тарҳрезишуда, дурнамои ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи аъзои худ, буҷети воқеӣ. Ғолибон аз тариқи почтаи электронӣ хабардор карда мешаванд.

Қолаби дархост ва буҷаи лоиҳаро метавонед тариқи ин пайвандҳо дарёфт кунед.

Лутфан, дархост ва буҷаи пур кардаи лоиҳаи худро то охири рузи 14 апрели соли 2019 тариқи почтаи электронии TJ-info@internews.org. равон кунед.        

Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед. Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳ шуда ба шакли шарҳу тавсир дар саҳифаҳои эълонҳои Internews пас аз ворид шуданашон нашр мешаванд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *