Озмуни бурсия: мусоидат ба барномапахшкунандагон дар замони гузариш ба пахши рақамӣ

Internews дар доираи барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP)

Бо ёри ҳамшарикони ояндаи худ, мо тақдими кумакҳоро барои мусоидат ба  пахшкунандагони  мустақили барномаҳо ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ  амалӣ менамоем. Мо хостори онем, ки  онҳо   бо муваффақият ба қолабҳои нави пахш гузаранд ва  маводи  босифат таҳия намоянд

Озмун барои  ассотсиатсияҳо , ТҒҲ-и расонаӣ ва созмонҳои ғайритиҷоратие кушода аст, ки   дар муҳити расонаҳо на камтар аз 3 сол фаъолият доранд, робита ва алоҳаҳои ҳамаҷониба рушдёфта доранд, аз он ҷумла бо мақомотҳои давлатӣ ва  омодаанд, ки :

– пахшкунандагонро дар масоили гузариш ба пахши рақамӣ, масъалан,сарфу хароҷоти зарурӣ,масъалҳои ҳуқуқӣ, зарурат ба таҷҳизоти муосир ва ҳамчунин таҳияи дурнамо барои ташаккули шабакаҳо, табодули мавод ва   дар Интернет бештар ҷой ва нуфуз пайдо намудан омузиш диҳанд

-дар ҳамшарикӣ бо ВАО ва мақомоти давлатӣ гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои шаҳрвандон оид ба тағйироти қарибулвуқуъ ва таъсири он ба сокинон. Расонаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин метавонанд барои фарогирии васеътар истифода шаванд.

Лоиҳа бояд то поёни моҳи сентябри соли 2019 анҷом ёбад. Дар  зурурат  муҳлати татбиқи лоиҳа метавонад то охирҳои моҳи декабри 2019 тамдид ёбад.

Доварон пешниҳодотро аз руи критерияҳои зерин: таҷрибаи дархосткунанда  дар  соҳаи расонаҳо, таҷрибаи  афзудани тавонмандии кормандони дархостдиҳанда, дурнамои рушди сазовор дар шароити бозори муосири  расонаҳо, индикаторҳои андешидашуда барои натиҷаҳои пешниҳодшуда, дурнамои ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва буҷети воқеӣ, баррасӣ менамоянд.

Қолаби дархост ва буҷаи лоиҳаро метавонед тариқи ин пайвандҳо дарёфт кунед.

Лутфан, дархост ва буҷаи пур кардаи лоиҳаи худро то охири рузи 14 апрели соли 2019 тариқи почтаи электронии TJ-info@internews.org. равон кунед.

Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед

Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳшуда дар саҳифаҳои эълонҳои Internews нашр хоҳанд шуд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *