Internews барои дарёфти бурсияҳо оид ба саводнокии рақамӣ ва расонаӣ озмун эълон менамояд.

Агар аудитория қобилияти фарқ кардани ҳақиқат аз дуруғро надорад, муҳтаворо аз назари интиқодӣ арзёбӣ намекунад ва аз фановариҳои рақамии замонавӣ истифода бурда наметавонад, пас тасаввур намудани рушди муҳити рақамӣ ғайриимкон аст.

Саводнокии муосири расонаӣ ҳамчунин аз малакаву маҳоратҳои сохтани маводи эҷодӣ, шеваҳои ороиши навоваронаи он ва ҳамкорӣ бо дигар муаллифон иборат аст. Он роҳ ба суи эъмори шаҳрвандии рақамии комил ва тавони ҳал намудани мушкилот тавассути фановариҳои рақамӣ аст. Рушди саводнокии расонаӣ яке аз афзалиятҳои барномаи Media CAMP аст.

Мо созмонҳои таълимӣ, ғайритиҷоратӣ, расонаӣ, ширкатҳои ИК ва ҳамчунин ассосиатсияҳоеро, ки бо ҷавонон ва гуруҳҳои иҷтимоии дастрасиашон ба таҳсил маҳдуд кор мекунанд, барои иштирок дар озмун аз руи категорияҳои зерин даъват мекунем:

  1. Сохтани абзорҳо барои омухтани саводнокии расонаӣ-рақамӣ:

а) бозиҳои компютерӣ, тестҳои интерактивӣ, квестҳо (саргузаштҳои моҷароангезе, ки онҳоро бозигарон идора мекунанд), чат – ботҳо, барномаҳои мобилӣ ва дигар манбаъҳои дорои халлоқият барои кудакон ва калонсолон;

б) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутобиқгардонии бозиҳои интернетии мавҷудаи хориҷӣ оид ба саводнокии расонаӣ.

  • Гузаронидани ТОТ оид ба саводнокии расонаӣ – рақамӣ барои гуруҳҳои мухталифи аҳолӣ. Ташкилот бояд салоҳияти гузаронидан чунин тренингҳоро дошта бошад ва минбаъд кори амалии хатмкардагони барномаро тавассути кумакҳои методӣ ва машваратӣ ҳамоҳанг созад. Дар ҳоли бомувафақият амалӣ намудани барнома, шарикон метавонанд ба дастгирии молиявии минбаъдаи Интернюс дар татбиқи барномаҳои таълимии навашон умед банданд.
  • Гузаронидани омузишҳои методӣ барои муаллимон дар мавриди ҷорӣ намудани курси озмоишии саводнокии расонаӣ-рақамӣ дар макотиби олии Тоҷикистон шурӯъ аз семестри тирамоҳии соли таҳсили 2019-20: барномаи курси мазкур аз ҷониби Интернюс таҳия шуда, барои истифода дар нақшаҳои таълимӣ тавсия мегардад.
  • Барпо намудани чорабиниҳои оммавӣ, муаррифиҳо, дарсҳои устодони соҳа дар лагерҳои тобистона ва ҷашнвораҳо оид ба саводнокии расонаӣ, сохтани гушаҳои саводнокии расонаӣ дар макотиби олӣ, миёна ва китобхонаҳо, гузаронидани озмунҳо ва ҳамагуна маъракаҳои оммавие, ки ба рушди саводнокии расонаӣ-рақамӣ мусоидат менамоянд.

Дархосткунанда барои дар амал татбиқ намудани идеяҳояш метавонад як ё якчанд мавзуъро интихоб намояд. Ҳамчунин дархостҳои муштарак ва аз ҷониби дигар созмонҳо қисман маблағгузоришаванда қобили таваҷҷуҳанд.

Тарзи пешниҳоди дархост чӣ гуна аст?

Барои пешниҳоди дархост, лутфан, шакли онлайни онро дар пайванди зер пур кунед ва то санаи 10 марти соли 2019 на дертар аз 18:00 бо вақти маҳалӣ пешниҳод намоед. Internews дархостҳоро баррасӣ намуда, қарори ниҳоиро на дертар аз 15 марти соли 2019 қабул мекунад.

Оиди қарори қабулшуда дархосткунандагон тариқи почтаи электронӣ на дертар аз 20 марти соли 2019 хабардор карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ мо метавонем пеш аз қабули қарори ниҳоӣ барномаро бо муллифони он бевосита ва ё тариқи он-онлайн муҳокима кунем.

Агар оиди ин мавзӯъ саволе доред, лутфан, ба почтаи электронии TJ-info@internews.org муроҷиат намоед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *