Озмун: ташкил намудани барномаҳои омузишӣ барои расонаҳо

Internews дар Тоҷикистон дар доираи барномаи MediaCAMP барои пайдо намудани шарикон дар ташкил намудани барномаҳои омузишӣ ба хотири рушди касбии расонаҳои Тоҷикистон озмун эълон менамояд. Ба озмун созмонҳои расонаии чи тиҷоратӣ ва чи ғайритиҷоратӣ, ки дар омузиши касбии кормандони ВАО таҷриба доранд, даъват мешаванд.

Озмун барои омузиш дар се самти зерин эълон мешавад:

  • назария ва амалияи истеҳсоли маводи видеоӣ дар қолабҳои гуногун, стратегияи ҷалби  аудитория, роҳу равишҳои инъикоси мавзуъҳои мураккаби аз назари иҷтимоӣ муҳим, омузиши усулҳои андозагирии аудиторияи телевизион;
  • қолабҳои чандрасонаии нақли достон (multimedia storitelling) барои мавзуъҳои доғи иҷтимоӣ, шеваҳои ҷалби аудитория, игнтишори мавод ва дарки асосҳои андозагирии аудиторияҳо;
  • идоракунии шаклҳои гуногуни расонаҳо, стратегияи рушд ва таҳкими устувории молиявии расонаҳо, фарҳанги сохторсозӣ ва тақвияти зарфияти кадрҳо дар расонаҳо.

Дар доираи ҳар кадоме аз ин самтҳо бояд аз як то се чорабинии омузишӣ ба нақша гирифта шавад. Шарикон ҳамчунин бояд иштирокдорони давраҳои омузиширо дар муддати 3 – 4 моҳи оянда мураббигӣ намуда, бо машварату маслиҳатҳои касбӣ фаро гиранд.

Довталабон, вобаста ба имконоти касбияшон, метавонад барои ташкил намуданаи чорабиниҳои омузишӣ дар як ва ё якчанд самт дархост пешниҳод намоянд 

Кадом маълумот бояд пешниҳод шаванд?

– барномаи пешакии чорабиниҳои омузишӣ;

–  шумораи тренингҳо ва иштирочиёни эҳтимолӣ ;

– шаклҳои омузиш: тренинг, вебинар, дарсҳои устодон (master class), мураббигӣ (mentoring);

– руйхати муаллимон бо зикри салоҳият ва таҷрибаашон ;

– тарзи интихоб ва даъвати иштирокчиён ;

– роҳҳои тарбияи шогирдон пас аз анҷоми даври омузиш.

Муҳлати охирини пешниҳоди дархостҳо: 15 феврали соли 2019

 Интихоби ғолибони озмун дар ду марҳила сурат мегирад:

1) арзёбии зарфияти дархостдиҳанда, сатҳи дарки талаботи бозори расонаҳо, навоварӣ дар пешниҳодот. Дар натиҷа руйхати мухтасари (short list) довталабони муваффақ тартиб дода мешавад

2) арзёбии буҷети лоиҳаҳо ва ҳамчунин машваратҳои инфиродӣ ба хотири дақиқ намудани мавзуъҳои тренингҳо .

Қарори ниҳоиро Шурои коршиносон то 28 феврали соли 2019 қабул мекунад.

Тамоми чорабиниҳои омузишӣ бояд дар фосилаи байни моҳҳои март – сентябри соли 2019 сурат бигиранд.

Барои пешниҳоди дархост,лутфан, шакли онлайнии онро дар пайванди зер пур кунед:

Барои ҷавоб ба саволҳоятон ба суроғаи электронии  TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед

 Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳ шуда ба шакли шарҳу тавсир дар саҳифаҳои эълонҳои Internews пас аз ворид шуданашон нашр мешаванд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи Осиёимарказии CAMP бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *