Internews дар Тоҷикистон тарҷумони забони русӣ – тоҷикӣ меҷӯяд

Агар довталаб аз журналистика, бахусус  аз расонаҳои нав бохабар бошад, боз ҳам беҳтар аст. Ва шарт нест, ки ӯ пурра бо кори мо машғул бошад: довталаб метавонад дар асоси шартнома танҳо 50% вақти худро барои мо сарф кунад. Ва ҳатто метавонад аз хона кор кунад!

Мо аз турҷумон чиро интизорем?

  • Тарҷумаи босифати матн ва мақолаҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ (агар имкони аз тоҷикӣ ба русӣ ҳам тарҷума кардан дошта бошад, нуран ало нур мешавад). Мақолаҳо барои тарҷума бештар аз сомонаи www.newreporter.org гирифта мешаванд. (P.S. масъулияти таҳрири маводи тарҷумашуда ба души худи тарҷумон аст!)
  • Таҳрири маводи чопии муаллифони дигар бо забони тоҷикӣ.

Интихоб дар ду давра сурат хоҳад гирифт:

  • Санҷиши хаттӣ дар дафтари Internews дар Тоҷикистон ва ё он-лайн.
  • Сӯҳбати рӯ ба рӯ ва ё тариқи Skype.

Довталабон CV, намунаи тарҷумаашон ва дархости худро метавонанд ба адреси электронии akadirov@internews.org то охири рӯзи 24 феврали с. 2019 фиристанд. Лутфан сарлавҳаи мактубатонро «Russian-Tajik Translator» гузоред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *