Internews барои интихоби шарикон дар стади-тур (сафари омӯзишӣ) музояда эълон мекунад

Дар доираи шартномаи хидматрасонӣ ба коршарик роҳандозӣ ва амалӣ кардани стади-тур (сафари омӯзишӣ) ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Соҳили Балтик барои намояндаҳои мақомоти додгоҳӣ, СҒД ва расонаҳои Қазоқистон доир ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иттилоотӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳадафҳои сафари омӯзишӣ инҳо мебошанд:

  • омӯзиши қонунгузорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини ҳамкориҳои иттилоотии додгоҳҳо ва расонаҳо, таъмини ошкорои мурофиаи додгоҳӣ (истеҳсолоти судӣ);
  • табодули таҷриба бо анҷуманҳои касбии рӯзноманигорон дар мавриди боло бурдани маҳоратҳои инъикоси фаъолияти низоми додгоҳӣ дар расонаҳо;
  • омӯзиши таҷрибаи пешқадами таҳия ва ворид намудани стандартҳои ахлоқӣ дар фаъолияти рӯзноманигорон ва баррасиҳои беруназдодгоҳи баҳсҳо ва низоъҳои иттилоотӣ.  

Шартҳо (талабот) барои дархостгар

Дархостгари эҳтимолӣ:

  • ташкилоти ғайритиҷоратӣ ё тиҷоратие метавонад бошад, ки дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Соҳили Балтик, Тоҷикистон ва ё Қазоқистон кор мекунад;
  • таҷрибаи муваффақи роҳандозии чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла сафарҳои омӯзиширо дар давоми панҷ соли ахир дошта бошад;
  • тавсиянома ва мактуби тасдиқкунандаи  таҷрибаи кор ва ҳамкорӣ бо мақомоти додгоҳӣ ва анҷуманҳои касбии расонаиро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Соҳили Балтик дошта бошад.

Вазифаҳои фаннӣ

Ташкили сафари омӯзишӣ барои ҳайатҳои кишварҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Соҳили Балтик вобаста ба мавзуъҳои ошкоро будани мурофиаҳои додгоҳӣ, истифодаи фанновариҳои иттилоотию иртибототӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ, густариши ҳамкориҳои расонаҳо ва мақомоти додгоҳӣ, созмондеҳии фаъолияти давтарҳои матбуотии судҳо.  

Центральноазиатская программа MediaCAMP

  • МАРТ 2019: Интихоб кардани 16 узви сафари омӯзишӣ, ки мутобиқан аз  ҳар як кишвар 8 нафаре баргузида мешавад, ки  низоми додгоҳӣ, дафтарҳои матбуотии мақомоти давлатӣ, расонаҳо ва СҒД-ро намояндагӣ хоҳанд кард.    
  • АПРЕЛ-ИЮН 2019: Роҳандозии сафари омӯзише, ки дар доираи он бо Додгоҳҳои Олӣ ва маҳалӣ, вазоратҳои адлия, ниҳодҳо ва созмонҳои дигари бо расонаҳо иртиботдошта, ҳамчунин ҳуқуқшиносон ва вакилони дифоъ мулоқот ва табодули таҷриба шавад; баргузор кардани мулоқот бо факултаи рӯзноманигори, баҳри омӯхтани системаи маориф ва қонунгузори оиди омода кардани рӯзноманигорони оянда, ва  баргузор кардани мулоқот бо комиссарҳо, мушовирон ва ваколатдорон дар бахши иттилоот, ҳамчунин бо анҷуманҳо ва ниҳодҳоии касбии расонаӣ
  • ИЮЛ 2019: Пешниҳод кардани ҳисоботи барномавию молиявӣ доир ба сафари омӯзишӣ.

Дархостро чӣ гуна бояд дод?

Шакли дархости лоиҳавӣ ва буҷаи лоиҳаро, лутфан дар ин пайванд (ссылка) бибиниед. 

Дархости лоиҳавӣ ва буҷаи он бояд ба суроғаи kz-info@internews.org то соати 24.00  10 феврали соли 2019 ба вақти Остона фиристода шавад. Дар сатри “Мавзуи паём”, лутфан  “Роҳандозии сафари омӯзишӣ ”-ро ёдовар шавед. Андозаи умумии паём бо шумули тамоми замимаҳо набояд аз 12 мегобойт бештар бошад. 

Internews дархостҳоро баррасӣ ва тасмимашро на дертар аз 15 январи соли 2019 мегирад.  Дар мавриди тасмими ҳосилшуда ҳамаи дархостагрон  тавассути почтаи электронӣ на дертар аз 25 январи соли 2019 хабардор карда мешаванд.  То гирифтани тасмим мулоқоти коршиносони Internews бо ҳар кадоме аз дархостгарон барои муҳокимаи дархостҳо баргузор карда мешавад.

 Дар с зарурат Internews ҳуқуқ дорад аз дархостгар ҳар гуна маълумоти иловаги марбут ба иштирок дар ин озмунро  талаб кунад. Ба  дархостҳо тақриз дода намешавад ва ҳамчунин баргардонида намешаванд.  

Дар мавриди ҳар масъалаи дигар, лутфан бо телефони +7 (727) 355 95 85 ва ё почтаи электронии kz-info@internews.org тамос бигиред.

Ин лоиҳа дар доираи  барномаи расонаии  Осиёии Марказии MediaCAMP бо пуштибонии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.

Муфассалтар дар мавриди барномаи MediaCAMP лутфан, дар ин ҷо бихонед.

Маълумоти бештар дар бораи созмон: Internews: дар дунё, Internews дар Қазоқистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *