Internews дар Тоҷикистон барои интихоби муҳаррири китоби дарсӣ оид ба саводнокии расонаӣ озмун эълон менамояд

Чиро бояд таҳрир кард?

“Китоби дарсӣ барои омузгорони мактабҳои олии Қазоқистон”, ки аз ҷониби гуруҳи байналмилалии муаллифон навишта шудааст ва ба забони тоҷкӣ тарҷума ва бо мисолҳо аз таҷрибаи ВАО-и ватанӣ пурра гардонида шудааст.

Вазифаҳои муҳаррир иборатанд аз:

  • Тасҳеҳи матн мутобиқ ба меъёрҳои сарфу наҳв, навиштор ва услуби забони ҳозираи тоҷик;
  • Ягонасозии услуб ва ибораҳо, ки дар модулҳои гуногун истифода шудаанд;
  • Тартиб додани луғати истилоҳоте, ки дар модулҳои гуногун истифода шудаанд – дар алоҳидагӣ барои ҳар модул.

Талабот ба номзад:

  • Забони русиро хуб ва тоҷикиро дар сатҳи аъло донистан. Донишҳои базавии забони англисӣ дар шумори бартариятҳост;
  • Бо вазъи муҳити расонаӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ошно будан;
  • Таҷрибаи кори муҳаррирӣ доштан;
  • Таҷрибаи ҳамкориҳо бо лоиҳаҳое, ки бо расонаҳо ва саводнокии расонаӣ алоқамандӣ доранд.

Раванди интихоб

Барои таъмини шаффофият ва адолат раванди интихоб аз чанд марҳила иборат хоҳад буд:

  • Пур кардани дархости онлайнӣ;
  • Иҷро намудани вазифаи тестӣ;
  • Интихоби номзад аз ҷониби аъзои шурои коршиносон.

Дархостро метавон бо ин пайванд то санаи 15 июни соли 2020 пур кард. Вазифаҳои тестӣ танҳо ба номзадҳое ирсол мешаванд, ки аз интихоби марҳилаи якум гузаштаанд

“Китоби дарсӣ барои омузгорони мактабҳои олии Қазоқистон” аз ҷониби Интернюс дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба иттилоот” бо кумаки молии Агенти ИМА оид ба рушди байналмилаллӣ дар соли 2019 таҳия шудааст. Китоб аз 17 модули таълимӣ иборат ааст, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи расонаҳо ва саводнокии иттилоотӣ бахшида шудаанд. Модулҳо иттилооти назариявиро фаро мегиранд ва намунаҳо аз таҷрибаи ВАО-и Қазоқистон ва Тоҷикистон гирифта шудааанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *