Дар Тоҷикистон китоби дарсиеро муҳокима карданд, ки Интернюс онро оид ба саводнокии расонаиву рақамӣ омода кардааст

Китоби дарсӣ оид ба саводнокии расонаи, ки аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Украина таҳия шудааст, 30-юми май аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳҳо ва мутахассисони ВАО дар реҷаи онлайн муҳокима карда шуд. Дар мулоқот нусхаи мутобиқшудаи тоҷикии китоби дарсӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар муддати як сол мутахассисони Интернюс бо ҳамкасбони худ аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Украина як китоби дарсӣ оид ба ВАО ва саводнокии рақамиро барои муаллимони донишгоҳҳо таҳия намуданд, ки   бо мусоидати он ба донишҷӯён дарс хоҳанд гузашт. Ба ҳайси муҳаррири масъули китоби дарсӣ Гулнар Асанбаева, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мушовири минтақавии Интернюс оид ба саводнокии расонаӣ баромад кард. Муҳаррири илмӣ ва мунаққиди китоб Валерий Иванов, доктори илмҳои филология, профессор, президенти Академияи матбуоти Украина буд. Дар маҷмӯъ даҳҳо мутахассисон дар таҳияи ин китоби дарсӣ кор карданд.

Гулнар Асанбаева

– Ин китоби дарсӣ  дар асл бо забони русӣ таҳия шуда буд, аммо баъдан ба забони тоҷикӣ тарҷума ва мутобиқ гардонида а шуд. Дар мутобиқсозӣ ва тарҷумаи ин китоб мутахассисони маъруфи мо дар соҳаи ВАО, амсоли Иззатманд Саломов, Раъно Бобоҷонова, Шаҳодат Соҳибназарова, Кутбиддин Мухторӣ, Наби Юсупов, Таҳмина Ҳакимова ва Ранҷет Ятимов ширкат варзиданд. Фасли мавзуъҳои гендерӣ (ҷинсиятҳо)аз ҷониби Раъно Бобоҷонова аз сифр таҳия карда шудааст. Вай дар ин мавзӯъ кори илмӣ дошт ва тамоми таҷрибаашро ба китоби дарсии мо интиқол дод, -мегӯяд Рустам Гулов, масъули барномаҳо дар соҳаи саводнокии расонаӣ ва рақамии Internews дар Тоҷикистон.

Дастури нав оид ба саводнокии расонаӣ аз  се фасл иборат аст:

  • Қаринаи и иҷтимоию сиёсии рушди саводнокии расонаӣ дар Тоҷикистон,
  • Нақши фикри интиқодӣ дар арзёбӣ ва ташхиси иттилоот: усулҳо ва фанновариҳои истеҳсоли  матолиб дар расонаҳо.
  • Меъёрҳои ахлоқӣ. Роҳу равишҳои таълими саводнокии расонаӣ.

Ҳар  бахш дар худ якчанд бахшҳои мавзӯиро дар бар мегирад ва  дар  ин китоби дарсӣ ҳамагӣ ҳабдаҳто ҳастанд. Дутои охир ба  равишҳои таълими саводнокии расонаӣ ва рақамӣ бахшида шудаанд.

Пас аз мутобиқгардонӣ  китоби дарсӣ барои баррасӣ ба омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод карда шуд. Тибқи натиҷаи таҳлил, рӯзи шанбе, 30 май, дар платформаи Zoom конфронс баргузор шуд, ки дар он коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро ба муаллифони китоб  доданд. Масалан, рӯзноманигор, мутахассис оид ба саводнокии расонаӣ Тимур Тимерханов  модули 3- «Медиа ҳамчун бизнес»-ро  таҳқиқ кардааст.           

– Модули хуб  аст -баррасии ВАО,  ҳиссаи онҳо дар бозори соҳа, рақамҳои мушаххас мавҷуданд; ,   расонаҳо дар ҷумҳурӣ чӣ гуна кор мекунад, хеле хуб тасвир карда шудааст . Рӯйхати мушкилоти соҳаи ВАО  – хеле зиёд аст, нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки вазъро хуб бубинем, -гуфт Тимерханов.

Вай қайд кард, ки  ба рӯйхати мушкилот бояд  вобастагии ВАО-ро аз рекламадиҳандагон низ илова кард. Дар шароите, ки манбаи ягонаи даромад барои ВАО реклама аст, дар сурати кам шудани ҳаҷми он,  муҳтаво бадтар  вашумораи мухотабон камтар мешавад ва самаранокӣ коҳиш меёбад. Илова бар ин, дар як қисми модул, ки расонаҳои маъруфтаринро дар миёни мухотабони  тоҷик баррасӣ мекунад, Тимерханов пешниҳод кард, ки илова бар телевизион, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқот оид ба  истифодаи мардум аз ВАО манбаи асосии иттилоот дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад, – ба манбаҳои интернетӣ низ диққат дода шавад. Масалан, ба сомонаҳо, блогнависон, инфлюенсерҳо (таъсирдорон) ва гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

– Баъзе гурӯҳҳо дар қисмати маҳаллии шабакаҳои иҷтимоӣ сатҳи баланди таъсиргузорӣ ба мухотабон  доранд, шояд ин хусусияти хоси мо бошад. Бояд ба ин гурӯҳҳо таваҷҷӯҳ кард ва онҳоро  ҳамчун манбаи муҳими иттилоот барои мухотабон инъикос кард, ки аксар вақт паҳнкунандаи  хабарҳои дуруғин (фейкҳо)  ҳам ҳастанд, – гуфт Тимерханов.

Илова ба расонаҳои маъруф ё рӯйхати мушкилот дар ВАО-и тоҷик, дар ин модул инчунин  дар бораи чӣ гуна расонаҳо дар ҷумҳурӣ сохта мешаванд, маълумот ҷой дода шудааст. Муаллифони нусхаи мутобиқшуда роҳбари ширкати расонаҳои “Оила” Шариф Ҳамдамовро манбаи асосӣ барои ин маълумот интихоб карданд, ки  ӯ аз таҷрибааш дар бораи ташкили ширкати худ мубодилаи назар кардааст. Тимерханов маслиҳат дод, ки ба ин бахш  таърихи таъсиси ширкати расонаҳои «Азия Плюс» низ илова карда шавад.

Аз Тоҷикистон мисолҳои бештар лозим аст

Иштирокчиёни конфронс дар бораи мушкилоти татбиқ кардани китоби таълимӣ сухан гуфтанд, зеро донишҷӯёни донишгоҳҳои маҳаллӣ малакаҳои техникии суст доранд. Масалан, аксари донишҷӯён почтаи электронӣ надоранд ва ҳангоми андешидани чораҳои карантинӣ вақте лозим омад, ки почта кушоянд, онҳо мустақилонаи почта кушодан, натавонистанд .

– Ман дар Донишкадаи санъат ва дар ДСРТ дарс мегӯям ва ман ба он  дучор шудам, ки ин донишгоҳҳо сатҳи иҷтимоии тамоман гуногун доранд – мисли замину осмон. Агар дар ДСРТ қариб ҳеҷ гуна мушкилот набошад – донишҷӯён аз интернет истифода мебаранд ва малакаҳои техникӣ доранд, пас дар Донишкадаи санъат ҳама чиз тамоман фарқ мекунад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки татбиқ кардани китоби дарсӣ, мутаассифона, душвор хоҳад буд. Мо лозим меояд, ки хеле кӯшиш кунем, – гуфт яке аз муаллифони китоби дарсӣ- Раъно Бобоҷонова.

Ғайр аз ин, иштирокчиёни конфронс аз сатҳи пасти саводнокии расонаӣ дар Тоҷикистон гуфтанд.

– Масалан, аз рӯи тадқиқотҳои мо, 86% ҳама пурсидашудагон ба саволи “Кадом сомонаҳоро муътамад номидан мумкин аст?” ҷавоб доданд, ки “намедонам”, 6% “Facebook” гуфтанд, 4% “Instagram”, 4% пурсидашудагон манбаи  бэътимоди иттилоот Гуглро номидаанд, – ба иштирокчиён нақл кард Рустам Гулов.

Гулорохон Тӯраева, омӯзгор аз вилояти Суғд, иштирокчии MediaCAMP-Эдьютон 2020, инчунин дар бораи сатҳи пасти саводнокии расонаӣ қайд кард.

– Ман барои доираи васеъ омузишҳоҳо оид ба саводнокии расонаӣ мегузаронам. Аввалин тренингро бо занон- фаъолон баргузор кардам ва маълум шуд, ки ҳатто истилоҳи  дасткорӣ («манипулятсия») барои онҳо қариб ки номафҳум буд, – гуфт Тураева.

MediaCAMP Эдьютон-2020

Барои ҷалб кардани диққат ба китоби таълимӣ, коршиносон истифодаи усулҳои интерактивӣ ва овардани  мисолҳои зиёдро аз  худи Тоҷикистон пешниҳод карданд.

– Масъалаҳои  иттилооти амдан дуруғин (дезинформатсия), таҳрифи иттилоот ва далелсанҷӣ дар дастур хеле хуб баррасӣ шудаанд. Ҳангоми истифодаи намунаҳо, аз таҷрибаи лоиҳаҳои далелсанҷии ватанӣ истифода кадан хеле муфид мешуд, то ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиши модул баланд бардошта, доғ будан масъалаҳои  баррасишударо нишон диҳад, – гуфт Илҳом Ҷамолин, омӯзгор аз вилояти Суғд.

Шаҳодат Соҳибназарова, рӯзноманигор ва омӯзгор аз Душанбе низ бо гуфтаҳои ӯ розӣ аст.

– Модули №11- «Қолабҳои нави муҳтавои раоснаӣ. Таъсири Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хабарҳо» ба ман хеле маъқул шуд, ҳама масъалаҳои ахлоқӣ ва масъалаҳои амниятӣ возеҳ тавзеҳ дода шудаанд. Аммо чӣ гуна метавон модулро такмил дод? Агар мо ба забони тоҷикӣ тарҷума кунем, ба мо намунаҳо аз Тоҷикистон лозим мешаванд, – гуфт ӯ.

Дар мавриди усулҳои интерактивӣ, ба гуфти муаллим Кутбиддин Мухторӣ, онҳо бояд дар рафти омӯзиши фикри интиқодӣ, ҳамчун як ҷузъи муҳими саводнокии расонаӣ истифода шаванд.

– Чунин усулҳоро аз оғози модул ҳангоми шинос кардани иштирокчиён бо мавзӯъ истифода бурдан лозим аст, то онҳоро аз назари рӯҳӣ ва равонӣ барои омӯзиши мавзӯъ омода созем – гуфт ӯ.

Муаллифони китоби дарсии нав ваъда медиҳанд, ки ҳамаи ин ва дигар тавсияҳоро ба инобат гирифта, китобро такмил дода, бори дигар барои муҳокима пешниҳод хоҳанд кард. Китоб танҳо пас аз ба инобат гирифтани тамоми хусусиятҳо ва ниёзҳои аудиторияи Тоҷикистон ба чоп омода хоҳад шуд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply