Даъвати ширкат дар тендер

Филиали Интернюс Нетуорк Инк. дар Тоҷикистон ҳамаи шахсони ваколатдор ва ҳуқуқиро даъват мекунад, ки дар лифофаҳои муҳршуда ё дар шакли электронӣ барои таҳвили таҷҳизот дархост пешниҳод кунанд. Ном ва таҳсилоти онҳо дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст:

№ б/тНоми техникаХусусияти таҷҳизотВоҳиди ченакМиқдор
1ФотокамераCanon EOS 5D Mark IV DSLR Camera бо объективи 24-105 мм f / 4L IIмаҷмуъ1
2Стабилизатори камера  DJI Ronin-S  маҷмуъ1
3ВидеокамераGoPro Fusionмаҷмуъ1
4Мониторҳои сабтии 5 дюймӣAtomos Ninja V 5″ 4K Recording Monitor with 1TB Sony AtomX SSDmini Kitмаҷмуъ1
5Маҷмуъи микрофонҳои бесим  Sennheiser EW 100 ENG G4 Camera-Mount Wireless Combo Microphone Systemмаҷмуъ1
6Чароғ/Маҷмуъи дурангаи дорои се чароғDracast Boltray 600 Plus LED Bi-Color 3-Light Kit with Soft Padded Caseмаҷмуъ1
7Дурахш барои камераCanon Speedlite 600EX II-RT –8маҷмуъ1
8Компютер барои таҳрири маводи аудиоиву видеоӣНоутбук барои таҳрири видео, акс ва тарроҳии графикӣмаҷмуъ1
9Объектими фотокамера  Canon EF 70-200mm f / 2.8L IS III USMдона1
10Фони панорамӣChroma Key Backgroundмаҷмуъ1
11АксессуарҳоФлеш-корти Canon, штатив, филтрҳо, равшанӣ, батареяи лити Canon, рюкзакҳомаҷмуъӣ 
12НоутбукLenovo ThinkPad E14 14-дюймӣ ноутбук барои тиҷорат Full HD IPS 1920 x 1080, Intel Core i5/i7, 256 ГБ SSD, 8 ГБ ОЗУ, 64-версияи Win 10 Proдона6

Ҳангоми гузаронидани тендер бояд ҳуҷҷатҳо ва маълумоти мазкур пешниҳод карда шаванд:

1.Номае, ки аз маълумоти зерин иборат аст:

  • Арзиши умумии пешниҳод (бо сомонӣ);
  • Вақти таҳвил;
  • Муҳлати кафолати мол;
  • Эътибори нархҳои пешниҳодшуда;
  • Шартҳо, шакл ва тартиби пардохт;
  • Ҷои таҳвили мол.

2.Пешниҳоди тиҷоратӣ, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

  • Ном ва тафсилоти муфассали молҳо бо нишон додани арзиши он бо забони тоҷикӣ (сомонӣ);
  • Нархи мол, бо назардошти расонидани он ба манзил;
  • Кишвар ва ширкати истеҳсолкунандаи мол.

3. Тавсияҳои ташкилотҳое, ки бо онҳо дар бораи таҳвили мол ва таҷҳизоти монанд шартнома бастаанд.

4. Маълумотнома аз идораи андоз дар бораи надоштани қарз.

5. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми таъминкунандаи эҳтимолиро тасдиқ мекунанд (нусхаи патент, шаҳодатнома, РМА, реквизитҳои бонкӣ ва ғайра).

6. Суроға, рақами тамос, суроғаи электронии ширкат ва ID Skype, ки барои ширкат дархост фиристодааст.

Муҳлати таҳвил: аз 18-20 рӯз пас аз бастани шартнома.

Диққат! Нодуруст пур кардан ва ё набудани ягон ҳуҷҷати зарурӣ боиси аз раванди баррасӣ баровардани як таъминкунандаи эҳтимолӣ мегардад.

Муҳлати охирини қабули дархостҳо то соати 12:00-и 20-уми январи соли 2021 мебошад. Пешниҳодҳои тиҷорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар шакли электронӣ (дар формати PDF) ба суроғаи электронии дар зер овардашуда фиристед. Ҳамзамон, пешниҳоди тиҷоратӣ бояд бо калидвожае ҳифз карда шавад, ки иштирокчии тендер дар вақти кушодани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба аъзои комиссияи тендер хабар диҳад. Пешниҳодҳои тиҷоратӣ дар лифофаҳои муҳршуда ба суроғаи зерин фиристода шаванд: шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 19, ошёнаи 2 (нишона – бемористони Сино). Дар сарлавҳаи нома бояд “Тендер барои таҳвили таҷҳизот” нишон дода шавад.

Суроғаҳои электронӣ барои қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: tj-info@internews.org

Диққат! Кушодашавии чорабинии пешниҳодҳо ба тендер соати 15:00 -и 21-уми январи соли 2021, ба таври онлайн тавассути Skype сурат мегирад. Таъминкунандагони эҳтимолӣ барои ширкат дар кушодашавии чорабинии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавассути Skype даъват карда мешаванд.

Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқи қабули ҳама гуна пешниҳоди тендерӣ ва инчунин дар вақти дилхоҳи пеш аз бастани шартнома рад карданро дорад. Ҳамзамон масъулияти дар назди Ширкаткунандагони тендер, ки ба ӯ зарар расонида метавонад, надорад. Ҳамчунин ӯҳдадории огоҳ кардани онҳо ва фаҳмонидани сабабҳои чунин амалҳоро надорад.

Leave a Reply