Озмуни онлайнии резиденсия: дастгирии машваративу роҳнамоии шахсӣ барои расонаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон (Тамдид шуд)

Интернюс дар доираи лоиҳаи MediaCAMP озмуни онлайнии резиденсияро барои  расонаҳои интернетӣ ва телевизионҳои Тоҷикистону Қазоқистон эълон мекунад. Ғолибони озмун машварати инфиродӣ ва роҳнамоии коршиносро мегиранд.

Онлайн резиденсия чӣ зарурият дорад?

Рӯзноманигорон, муҳаррирон, менеҷерони фурӯши шумо дар тренингу омӯзишҳо ширкат меварзанд, аммо шумо фикр мекунед, ки дониши ба онҳо додашуда аксар вақт умумӣ аст ва ба тими шумо муносибати шахсӣ лозим аст, ки нозукиҳои вазъияти шуморо ба назар гирад. Аз ин рӯ, мо резиденсияи онлайниро ташкил мекунем. Мураббиёни омӯзиш маҳз бо мушкилиҳои шумо сару кор мегиранд.

Кадом намуди кӯмаки машваратиро дархост кардан мумкин?

 Доираи мавзӯъҳо барои машварат васеъ мебошад. Ягона шарт – мавзӯъ бояд ба кори расонаҳо дахл дошта бошад. Барои мисол:

Оид ба мудирият (менеҷмент):

– Чӣ гуна метавон кори утоқи хабар (News room) ва шӯъбаи тиҷоратро самаранок кард ва чӣ гуна онҳоро ба кори муштарак бояд ҳавасманд кард?

– Рушди кадрҳо: кормандони расонаҳои муосир бояд аз ӯҳдаи кадом корҳо бароянд? Чӣ гуна кормандонро ҳавасманд гардонида, дар назди онҳо вазифагузорӣ кард?

– Ташкилотҳои расонаӣ ба кадом ҳуҷҷатҳои дохилӣ ниёз доранд? Он ҳуҷҷатҳоро чӣ гуна навиштан мумкин ва тарзи кор бо онҳо кадом аст?

– Банақшагирӣ: кӯтоҳмуддат, миёнамуддат, стратегӣ. Нақшагирӣ чӣ тавр анҷом дода мешавад ва кадом ҳуҷҷату абзорҳо барои анҷоми ин кор мавҷуданд?

– Чӣ гуна бренди қавӣ эҷод карда, вафодории мухотабинро ба даст овардан мумкин аст?

Оид ба маблағ:

– Чӣ гуна маҳсулоти таблиғотӣ эҷод кардан мумкин, ки фармоишгар онро харидан  хоҳад?

– Чигуна бо як таблиғдиҳанда рафтор кардан лозим аст, то вай ба назди шумо омада, муддати дароз ҳамкорӣ бикунад?

– Чӣ гуна фоидаро дуруст ҳисоб кардан, пешниҳодҳои тиҷоратӣ навиштан мумкин аст?

– Маблағ дар куҷост: таблиғ, мухотабин ва дигар?

Оид ба рӯзноманигорӣ:

– Чӣ тавр бояд мавзӯъро интихоб кард, ки он дар хотири хонанда нақш бибандад?

– Чӣ гуна бояд матлаб навишт, то ки хонанда онро то ба охир бихонад? Чӣ гуна бояд қисса кард, ки шунаванда онро гӯш кунад?

– Формат чист ва чӣ гуна бо он кор кардан лозим аст? Форматҳо чӣ фоида доранд?

– банақшагирӣ ва тафаккури чандплатформаӣ

Дар озмун ки ширкат карда метавонад?

Расонаҳои интернетӣ ва телевизионҳои Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ташкилотҳои расонаии ин кишварҳо, ки дар таркибашон якчанд расона аст, метавонанд барои ширкат дархост ирсол кунанд. Вале риояи чанд шарт муҳим аст. Мо мунтазири дархостҳои расонаҳои зерин ҳастем:

– ғайридавлатӣ

– ба қайд гирифташуда

– ангезаи омӯхтан, тағйир додан, рушд кардан ва аз ҳолати роҳат баромаданро доранд

Резиденсияи онлайнӣ чигуна кор мекунад?

Коршинос дархости расонаиро арзёбӣ мекунад. Агар лозим ояд мувофиқи ин ҳадаф, ӯ нақшаву мавзӯъҳои машваратҳо, омӯзишҳо, мастер-классҳо ҳам барои тамоми тим, ҳам барои аъзои алоҳидаи онро таҳия мекунад.

Роҳнамоҳо бо расонаҳо тӯли 1-2 моҳ, ҳафтае якчанд соат кор хоҳанд кард. Пас аз ба охир расидани резиденсияи онлайнӣ, ӯ корҳои анҷомшударо баҳогузорӣ намуда, тавсияҳо медиҳад.

Боз чиро донистан муҳим аст?

Ба шумо лозим аст, ки ғоя / мушкилот / вазифае, ки барои он маслиҳат меҷӯед, ба таври возеҳ таҳия ва инчунин асоснок созед, ки чаро онро худи ҳозир ҳал кардан муҳим аст.

Забоне, ки расонаҳо дар он кор мекунанд, омили муайянкунандаи ширкат дар озмун нест. Аммо тиме, ки дар раванди таълим иштирок мекунад, бояд забони русиро балад бошад.

Расонаҳои минтақавӣ бартарият доранд.

Аз рӯйи натиҷаҳои озмун, 15-20 нашрия интихоб карда мешаванд.

Мо ҳар як коршиносро доир ба вазифаҳои расонаҳо интихоб мекунем. Мутахассисони мо аз Аврупо, ИДМ, Осиёи Марказӣ мебошанд.

Чӣ гуна ширкат кардан мумкин аст?

Шумо бояд дархости ширкатро то 12 март пур кунед. Муддати қабули дархостҳо то ба охир расидани рӯзи 19 март тамдид карда шуд. Линки дархост дар ин ҷо.

Муҳлатҳои охирин

Дархостҳои шуморо то 10-уми март интизорем.

Ғолибони озмун то 20-уми март муайян карда мешаванд. Барои гузаронидани мусоҳибаи кӯтоҳ бо ҳар як ғолиби озмун корманди Интернюс тамос мегирад. Мутахассисон моҳи апрел ба кор шурӯъ мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *