Тендер барои пешниҳоди таҷҳизот (Таҷдидшуда)

Филиали Интернюс Нетуорк Инк. дар Тоҷикистон ҳамаи шахсони ҳавасманд ва ҳуқуқиро даъват мекунад, ки дар лифофаҳои мӯҳршуда ё дар шакли электронӣ барои гирифтани таҷҳизот дархост пешниҳод кунанд. Ном ва маълумоти бештар дар бораи таҷҳизот дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст:

Номи таҷҳизотХусусиятВоҳиди ченакШумора
1Камераи рақамии беоинаи Sony Alpha a7R IV  Камераи рақамии беоинаи Sony Alpha a7R IV бо объективи 24-105 мм + 128GB UHS-II SDXCмаҷмӯъ1
2Корти ҳофизаКортие, ки 128GB хофиза дорад,  Professional 1667x UHS-II SDXC 4K UHD барои камераи Sony Alpha a7R IVдона2
3Аккумулятори лити-ионнӣ аккумулятор барои Sony Alpha a7R IVАккумулятори лити-ионни аккумулятор NP-FZ100, 7,2 В ҷараёни мустақим, 2280 мАч барои Sony Alpha a7R IVмаҷмӯъ2
4Объективи Sony FE 70-200mmОбъективи Sony FE 70-200mm f / 2.8 GM OSS андозаи филтр 77 мм (аз пеш) барои Sony Alpha a7R IVмаҷмӯъ1
5Дурахш барои камераи Sony Alpha a7R IVМаҷмуъи дурахши лити-ионнии дурахши Godox VING V860IIS TTL барои камераи Sony Alpha a7R IVмаҷмӯъ1
6Ҷувздон барои камераҶувздони ҳимоякунанда (рюкзак) барои камера  маҷмӯъ1
7Микрофонҳои бесимСистемаи омехтаи бесими микрофон Sennheiser EW 100 ENG G4 бо васлкунандаи камера (A: от 516 до 558 МГц)маҷмӯъ1
8Стабилизатор барои камераDJI Ronin-S 3-Axis Handheld Gimbal Stabilizer бо 2 то аккумулятори лити- ионнимаҷмӯъ1
9Экшн-камераМаҷмуъи экшн-камерҳои GoPro HERO8 (дастгоҳи дугонаи қуввадиҳанда + 2 аккумуляторамаҷмӯъ1
10Штатив (сепоя)Штативи профессионалии алюмини бо паҳнкунандаи заминӣмаҷмӯъ1
11Фони панорамаиФони панорамии Lastolite (13 ‘, Chroma Key Green)маҷмӯъ1
12Асбоби равшанкунандаМаҷмуъи дурангаи аз се чароғ Dracast BoltRay 600 Plus бо болопӯши маҳинмаҷмӯъ1
13СофтбоксSoftbox барои BoltRay 600 Plusмаҷмӯъ1
14Монитор барои камераМонитори 5-дюймаи 4K- Atomos Ninja V бо маҷмуъи хурди Angelbird AtomX SSD ба 1 ТБмаҷмӯъ1
16ДиктофонДиктофони Zoom H8 + корти SanDisk Extreme PRO SDXC UHS-I 64 ГБмаҷмӯъ1
17ПринтерПринтери калони бисёрхусусияти  Xerox WorkCentre барои  дафтарҳо (чоп кардан, нусхабардорӣ, бознигорӣ, чопкунии дутарафаи автоматӣ) бо Wi-Fiмаҷмӯъ1
18НоутбукНоутбуки Lenovo ThinkPad E14 14-дюйма барои тиҷорат Full HD IPS 1920 x 1080, Intel Core i5/i7, 256 ГБ SSD, 8 ГБ ОЗУ, 64 Win 10 Proмаҷмӯъ2
19Ноутбук барои бозиҳо барои танзим, таҳрири видео ва тарроҳии графикӣ  Intel Core i7, 512 ГБ SSD, 32/16 ГБ ОЗУ, видеокартаи 16/32  версияи 64 Win 10 Proмаҷмӯъ1

Ҳангоми гузаронидани тендер бояд ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зерин пешниҳод карда шаванд:


1. Мактубе, ки дорои маълумоти зерин аст:

а) арзиши умумии пешниҳод (бо сомонӣ); б) вақти таҳвили он; в) мӯҳлати кафолати мол; г) мӯҳлати амали нархҳои пешниҳодшуда; д) Шартҳову шакл ва тартиби пардохт; е) ҷои таҳвили мол.

2. Пешниҳоди тиҷоратие, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) ном ва хусусияти муфассали мол бо нишон додани арзиш бо сомонӣ;

б) нархи умумии мол бо назардошти расонидани он ба манзили муайян;

в) кишвари истеҳсолкунанда ва ширкати истеҳсолкунандаи мол.

3. Тавсияҳои ташкилотҳое, ки бо онҳо дар бораи таҳвили мол ва таҷҳизоти шабеҳ шартнома бастед.

4. Маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи надоштани қарз.

5. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми таъминкунандаи эҳтимолиро тасдиқ мекунанд (нусхаи патент, шаҳодатнома, РМА, реквизитҳои бонкӣ ва ғайра).

6. Суроға, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ва ID Skype ширкат, ки барои иштирок дар тендер муроҷиат кардааст.

Мӯҳлати таҳвил: аз 18 то 20 рӯз пас аз бастани шартнома.

Диққат! Нодуруст пур кардани дархост ва ё набудани ягон ҳуҷҷати зарурӣ боиси аз раванди баррасӣ баровардани таъминкунандаи эҳтимолӣ мегардад.

Мӯҳлати охири қабули дархостҳо то соати 12:00 и 31 уми марти соли 2021 ТАМДИД ШУД! Пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар шакли электронӣ (формати PDF) ба суроғаи почтаи электронии дар поён овардашуда фиристед. Ҳамзамон, пешниҳоди тиҷоратӣ бояд бо калидвожа (парол) муҳофизат карда шавад, ки довталаб онро бояд ҳангоми кушода шудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба аъзои комиссияи тендерӣ бигӯяд.Пешниҳодҳои тиҷоратиро дар лифофаҳои мӯҳршуда ба суроғаи зерин фиристед: Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 19, ошёнаи 2 (рӯ ба рӯи  бемористони Сино). Дар сарлавҳаи нома ҳатман сатри “Тендер барои таҳвили таҷҳизот”- ро нишон диҳед.

Барои қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба суроғаи электронии tj-info@internews.org тамос бигиред.

Диққат! Муаррифии пешниҳодҳо барои тендер дар шакли онлайн, тавассути Skype соати 15:00 и 2 уми апрели соли 2021 баргузор мегардад. Таъминкунандагони эҳтимолӣ барои муаррифии ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавассути Skype даъват карда мешаванд.

Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқи қабули ҳама гуна пешниҳоди тендерӣ ва инчунин дар вақти дилхоҳ пеш аз бастани шартнома рад кардани онҳоро дорад. Ҳамзамон дар назди ширкаткунандагони тендер, ки метавонанд аз ин зарар бинанд ҳич  масъулияте надорад. Ҳамчунин ӯҳдадор нест, ки ба довталаб сабабҳои рад кардани пешниҳодашро фаҳмонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *