Комиссияи мустақили интихобкунандаи озмуни идеяҳо барои тавлиди муҳтавои ватанӣ аз ҷониби Internews Tajikistan ҳашт ғолибро муайян кард. Дар маҷмӯъ, ба озмун 81 лоиҳа пешниҳод шуданд.
Озмуни идеяҳо барои таҳия кардани муҳтавои ватании “Формати хурд. Ҷараёни тобистонӣ”-ро Internews Tajikistan моҳи марти соли 2021 эълон карда буд. Каналҳои телевизионӣ, воситаҳои ахбори онлайнӣ, продакшн-студияҳо, таҳиякунандагони (продюсерҳои) мустақил, муаллифон ва блогерҳо ба иштирок даъват шуда буданд. Дар маҷмӯъ, 81 лоиҳа пешниҳод шуданд. Озмун аз чаҳор марҳила иборат буд: пешниҳоди идеяҳо, интихоби пешакӣ – техникӣ (барои мутобиқат бо шартҳои озмун), питчинг-сессия –муаррифии идеяҳо дар шакли онлайн ва такмили ниҳоии лоиҳаҳо (тартибдиҳии буҷет ва пешниҳоди санадҳои ҳуқуқӣ). Ғолибони озмунро ҳайати мустақили доварон интихоб кард, ки аз коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ иборат буданд. Ҳашт идея аз беҳтаринҳо эътироф шуданд:
СҒД «Навсоз» филми мустанад дар бораи зане, ки 30 сол дар Тоҷикистон бе шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунад;
СҒД «Хуршед», силсилаи видео-қиссаҳо дар бораи анъанаҳои сокинони Помир;
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистӣ», филми мустанад дар бораи шаҳраки як замоне пӯшидаву махфӣ дар шимоли Тоҷикистон – Истиқлол (собиқ Табошар);
Ташкилоти ҷамъиятии «Имрон», намоишномаҳои театрӣ дар форматҳои онлайн ва офлайн дар бораи ҳаёти заноне, ки дорои мақоми мусбати ВНМО ҳастанд;
Соҳибкори инфиродӣ «Манучеҳр Рӯзиев», филми мустанад дар бораи меҳнати кӯдакон;
ҶДММ «Реклама ва идеяҳо», видео-қиссаҳо ва комиксҳо дар бораи заноне, ки танҳо масъалаҳои ҷиддиро ҳал мекунанд;
Ташкилоти ҷамъиятии «Баробарии гендерӣ барои рушди фарогир», мултфилмҳо ва намоиши онлайнии аксҳо дар бораи тафаккури шахшуда (стереотипҳо) нисбат ба занон;
Соҳибкори инфиродӣ «Исмоил Наузари-Зибаи», филми кӯтоҳметраж дар бораи касбҳои барои занони Тоҷикистон ношоиста.
Ғайр аз ин, дар ин озмун стипендияҳо пешбинӣ шудаанд: мавзӯъи рӯзноманигор Маликаи Сафарзода, ки ба муҳоҷирати дохилии занон бахшида шудааст, идеяи беҳтарин эътироф шуд.
Озмуни Internews Tajikistan «Формати хурд. Ҷараёни тобистонӣ» ҳамин сол дуввумин маротиба аст, ки баргузор мешавад: озмуни нахустин «Формати хурд. Ҷараёни зимистонӣ» баҳори соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Он вақт 101 идея барои озмун пешниҳод шуд, ки даҳтояш ғолиб омаданд. Муаллифони баъзе лоиҳаҳо аллакай ба татбиқи онҳо шурӯъ карданд:
Филми мустанади «Мардони раққос», Лолисанам Улуғова;
Қиссаҳои хатмкардагони интернатҳо, Zira Media;
Қиссаҳои сокинони куҳансоли Душанбе, медиаширкати «Вечёрка»;
Мусоҳибаи Афсона Акобиршоева;
Лоиҳаи «Нерӯи Зан», медиагурӯҳи «Азия-Плюс».
Озмунҳои ояндаи грантҳо барои тавлиди муҳтавои (контенти) ватании «Формати бузург» ва «Формати хурд» охири соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.