Қабули маводҳо барои озмуни минтақавии рӯзноманигории MediaCAMP Award 2021 оғоз шуд

Агар шумо рӯзноманигор ё истеҳсолгари муҳтаво ҳастед.

Агар шумо ба таври доимӣ ва ё шартномавӣ.

дар яке аз расонаҳои мустақил ё давлатии Осиёи Марказӣ фаъолият мекунед: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.

Агар шумо лоиҳаи расонаии худро дошта бошед.

Агар шумо ягон гузориши олӣ ё ҳикояи ҷолибе навиштаед.

Ҳатман бо ин гуна маводҳои худ дар озмуни минтақавии рӯзноманигории MediaCAMP Award 2021 ширкат кунед.

Мо, тими Интернюс бо хушҳолӣ хабар медиҳем, ки қабули дархостҳо барои озмун боз шуд.

Шумо метавонед ба озмун маводҳоеро пешниҳод кунед, ки  дар ҳама шаклу жанр (бо забонҳои русӣ ва миллӣ – қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ), дар расонаҳои мустақил ё давлатии яке аз кишварҳо, аз 1 уми июни соли 2020 то 20 уми майи соли 2021 нашр шудаанд.

Хиҷолат накашед! Кори худро пешниҳод кунед. Саросема ҳам нашавед. Маводи беҳтарин ва номинатсияи мувофиқро интихоб намоед. Аммо ба таъхир ҳам нагузоред. Қабули маводҳо то соати 23:59-и 1 уми июли соли 2021 мебошад.

ТАМДИД ШУД: бо назардошти вазъи эпидемиологӣ, мо қабули дархостҳоро аз рӯйи номинатсияҳои “Замони дарк кардан” , “Замони бурд кардан”, “Замони эҷод кардан”, “Айёми ҷавонон” ва “Мавзӯъи сол. Вақти пандемия” -ро то 8 уми июли соли 2021 ва номинатсияи «Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» -ро то 31 уми июли соли равон тамдид мекунем. Дархостҳо то соати 22:59-и ҳамин рӯзҳо қабул карда мешаванд.

Пеш аз ирсол кардани дархост, ҳатман бо шартҳо хуб шинос шавед! Ин барои интихоби номинатсияи дуруст зарур мебошад. Агар шумо дар интихоби он иштибоҳ кунед, мо на дархостатонро баррасӣ ва на ба бахши дигар онро гузаронида метавонем. Дар MediaCAMP Award қоидаҳои дигар низ мавҷуданд: масалан, рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ наметавонанд дар озмун ширкат варзанд. Мо кадом расонаҳоро дар назар дорем? Ҳамаи ҷавобҳоро дар ин линк пайдо кунед.

Барои иштирок ин корҳоро иҷро кунед:

– бо шартҳои озмун шинос шавед,

– мавод ва номинатсияро интихоб кунед,

– пур кардани дархост (дар зер линки ҳар як бахш оварда шудааст),

– иҷозатнома барои истифодаи маводатон дар озмунро имзо намуда, замима кунед. Бе он, ирсоли дархост мумкин нест. Шаблони номаро аз ин ҷо боргирӣ кунед.

Номинатсияҳои маводҳое, ки ҳакамон баҳогузорӣ хоҳанд кард:

Агар шумо мехоҳед фаҳмед, ки озмун соли гузашта чӣ гуна доир гардид, ба ин линк ворид шавед ва ҳамзамон, бо ғолибони MediaCAMP Award 2019 шинос шавед. Агар шумо мехоҳед ба чизе равшанӣ андозед, пас бо нишон додани сатри мавзӯъ: “Савол дар бораи  MediaCAMP Award 2021” ба суроғаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org  ва ё шумораи +77717013838 (Telegram, WhatsApp) бинависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *