Дар интернет афсонаҳои тасвирӣ ба забонҳои помириву тоҷикӣ пайдо шудаанд

Достонҳои мусаввар – афсонаҳои миллии тоҷикӣ мебошанд, ки бо овози ҳунарпешагони касбӣ баён гардида, аз ҷониби рассомони ҷавону муосир ба тасвир кашида шудаанд. Лоиҳаро ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Фирӯз Сабзалиев роҳбарӣ мекунад; ду сол қабл ӯ аудиоафсонаҳои нахустинро ба забонҳои тоҷикиву помирӣ сабт кард ва ҳоло тасмим гирифт то нишон диҳад, ки қаҳрамонони ӯ чӣ гуна ҳастанд.

Баъд аз он, ки Фирӯз Сабзалиев соли 2019 бо дастгирии Internews дастаи бузурги ҳунарпешагони касбиро ҷамъ овард ва ба забонҳои тоҷикиву помирӣ 15 аудиоафсона сабт кард, дастаи мазкур аз кишварҳои гуногуни саросари олам баҳои хуб гирифт.

– Одамон изҳори сипос мекарданд, чунки фарзандони онҳо, ки дур аз Ватан умр ба сар мебаранд ё ҳатто дар Тоҷикистон таваллуд нашудаанд, муҳтаворо (контентро) бо забони модарии худ бори нахуст мешуниданд. Чунин муҳтаво ба забони тоҷикӣ, хусусан ба забонҳои помирӣ, дар шабака тақрибан вуҷуд надорад, – нақл мекунад Фирӯз.

Муваффақияти аудиоафсонаҳо ба аъзои дастаи эҷодӣ илҳом бахшид, ки лоиҳаро идома диҳанд ва онҳо тасмим гирифтанд, ки ба озмуни грантҳо барои таҳияи муҳтавои ватании “Формати хурд. Ҷараёни зимистонӣ”, ки Internews дар охири соли 2020 эълон кард, идея пешниҳод намоянд. Ин дафъа, Фирӯз лоиҳаи “Афсонаҳои тасвирӣ”-ро пешниҳод кард, ки одамон на танҳо тавонанд қиссаҳоро бишнаванд, балки онҳоро низ бибинанд. Ин идея ба ҳайати мустақили доварон писанд омад ва дастаи эҷодии Фирӯз дар қатори ғолибон қарор гирифт.

– Дар маҷмӯъ, мо ҳашт афсонаи тасвирӣ таҳия мекунем: як афсона ба забони рӯшонӣ ва ҳамаи афсонаҳои боқимонда ба забони тоҷикӣ, вале мо лаҳҷаҳои шимолу ҷануби кишварро истифода мебарем, ки забони зиндаро таҷассум намояд. Яъне, мо аз лоиҳаи пешин ҳашт аудиоафсонаро гирифтем ва онҳоро тасвир кардем. Мо шунавандагони синни 6+-ро ба эътибор гирифтем, ҳарчанд, бешубҳа, ба забони модарии худ шунидани  муҳтаво (контент) барои калонсолон низ ҷолиб хоҳад буд, – шарҳ дод Фирӯз.

Ҳамаи афсонаҳое, ки дастаи эҷодии Фирӯз нақл мекунад – ин қиссаҳо аз маҷмӯаи “Афсонаҳои халқи тоҷик” мебошанд, ки соли 1975 нашр шудааст. Онҳо соддатарин афсонаҳое мебошанд, ки то ҳол падару модарон ба фарзандони хурдсоли худ дар Тоҷикистон нақл мекунанд. Фирӯз мегӯяд, ки аз рӯи ин афсонаҳо бо камоли майл филмҳои тасвирии комиларзиш таҳия мекард, вале як дақиқаи таҳияи чунин филм аз $500 зиёд аст, мутахассисони иловагӣ ва бисёр вақти озод лозим мешаванд.

– Ҳамаи ин ҳанӯз вуҷуд надорад, вале мо аз идомаи кори худ даст намекашем: аввал мо аудиоафсонаҳо таҳия мекардем, ҳоло афсонаҳои тасвирӣ, вале баъд ман нақша дорам, ки на танҳо филмҳои тасвириро ба навор гирам, балки, масалан, нармафзори (приложение) мобилии кӯдаконаро бо муҳтавои тоҷикиву помирӣ таҳия намоям. Тасаввур кунед, ки кӯдак онро мекушояд ва дар ҷевон сӣ афсонаву филмҳои тасвирии гуногунро пайдо менамояд, ки ҳамаашон ба забони модарӣ таҳия шудаанд, – гуфт Фирӯз.

Аудиоафсонаҳо ба забонҳои помириву тоҷикиро парер сол радиостансияи маъруфи “Ватан” дар шабакаи худ пахш кард, ҳоло гурӯҳи эҷодӣ умедвор аст, ки телевизион низ ба ин афсонаҳои тасвирӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад намуд.

– Чаро не? Маҳсули кори мо дар дастрасии озод қарор дорад ва ба андешаи ман, ғайр аз муҳтавои хориҷӣ, ки бигузор ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда бошад, телевизиони мо метавонад муҳтавои таҳияи ватаниро низ истифода барад. Мо танҳо хурсанд хоҳем шуд. Агар сухан дар бораи забонҳои помирӣ равад, ки на дар телевизион ва на дар радио роиҷ аст, ин барои ҳифзи онҳо муфид хоҳад буд, – шарҳ дод Фирӯз.

Дар омади сухан, на танҳо Фирӯз аз зарурати ҳифз кардани забонҳои помирӣ нигарон аст: ЮНЕСКО аз соли 1986 инҷониб “Атласи забонҳои ҷаҳонро, ки зери таҳдиди маҳв шудан ҳастанд” тартиб медиҳад. Дар ин “Китоби сурхи забонҳо” аз рӯи шумораи забонҳои маҳвшаванда дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҷои нахустинро ишғол менамояд. Дар кишвари мо, асосан ҳамон забонҳои помирие дар ҳоли маҳв шудан ҳастанд, ки осори хаттии худро надоранд, танҳо дар шакли шифоҳӣ истифода мешаванд, ҳарчанд беш аз ду ҳазорсола арзи ҳастӣ мекунанд. Яке аз тавсияҳои мутахассисон барои ҳифз кардани забонҳои маҳвшаванда эҷод ва паҳн кардани муҳтавои (контенти) маъруф бо истифодаи он мебошад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *