ТАМДИД ШУД: «Дар Осиё истеҳсол шудааст!» — таҳти чунин шиор фестивали севуми MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Internews дарҳои фестивали MediaCAMP-ро барои рӯзноманигорон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон боз мекунад.

Бо ҳама забонҳои минтақа мо дар бораи он, ки мардуми ҳар як ҷумҳуриро ба ташвиш меорад, сӯҳбат мекунем. Фестивали мо ба ҳикояҳои муҳим дар бораи мардум ва рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, ки рӯзноманигорон ва блогерҳо дар ин лаҳзаи душвор ба ҳозирин нақл карданд.

MediaCAMP Fest рӯзҳои 10-12 сентябр дар формати оффлайн дар шаҳрҳои Алмаато, Душанбе ва Бишкек баргузор гашта, ҳамчунин дар шакли онлайн ҳам пахш мешавад.

ТАМДИД ШУД: бинобар вазъи номусоиди эпидемиологӣ дар минтақа, MediaCAMP Fest рӯзҳои 10-12 уми сентябр, дар формати онлайн (Zoom) доир мегардад. Ҳамзамон ҷашнвора дар YouTube ва Facebook ба таври мустақим пахш мешавад.

Сабти ном дар ин линк кушода буда, то 1 сентябри 2021 фаъол аст.

MediaCAMP Fest чист?

Ин ҷашни ҳарсолаи рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ аст, ки мо дар он тавлиди лоиҳаҳои нави медиа, муваффақиятҳои ҳамкасбони худро ҷашн мегирем ва беҳтарин асарҳо ва муаллифони онҳоро қадр мекунем. Дар ин ҷо мо бо дӯстони дерина вомехӯрем ва дӯстони нав пайдо мекунем; Соли сеюм аст, ки ҷашнвора ба платформа табдил ёфтааст, ки дар он мо метавонем дастовардҳо ва мушкилоти худро муҳокима карда, табодули таҷриба намуда, дурнаморҳоро баррасӣ кунем. Internews аз соли 2019 ба ин тараф MediaCAMP Fest баргузор мекунад. Дар сайти фестивал метавон барнома ва сабти презентатсияҳои коршиносонро дар солҳои гузашта тамошо кард.

Дар барнома чист?

Коршиносони беҳтарин аз панҷ ҷумҳурии минтақа дар бораи тамоюлҳо дар расонаҳои Осиёи Марказӣ нақл мекунанд; ҳамкорони хориҷии онҳо табодули таҷриба дар соҳаи журналистикаи ҷаҳонӣ мекунанд. Иштироккунандагони фестивал муҳтаворо (контентро) ба забонҳои миллии минтақа баррасӣ карда ҳамроҳ роҳи ҳалли вазифаҳоеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки имрӯз дар назди рӯзноманигорон ва блогерҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон қарор мегиранд. Мо ба ҳамдигар дар бораи қаҳрамонҳои Осиёи Марказӣ нақл мекунем, ки соли гузашта моро ба ҳайрат оварданд ва илҳом бахшиданд ва чолишҳоеро ба ёд меорем, ки ВАО дар панҷ ҷумҳурӣ бояд онҳоро ҳал кунанд.

Мо маҳоратҳои муосири эҷоди муҳтаворо омӯзиш медиҳем ва дар бораи он нақл мекунем, ки чӣ гуна бо аудитория бояд кор кард ва онро ба равандҳои худ ҷалб намуд. Мо дар бораи саводи расонаӣ ва рақамӣ гап мезанем ва филми мустанади Осиёи Марказиро нишон медиҳем, ки муаллифони онҳо ҳамкорони мо – журналистҳо ҳастанд.  

Ва ниҳоят мо беҳтарин лоиҳаҳои расонаии минтақаро муаррифӣ мекунем ва ба муаллифон барои саҳм ва рушди журналистика дар Осиёи Марказӣ ҷоиза медиҳем.

Барнома ҳаррӯза аз соати 10 то 18 баргузор мешавад. Пахши онлайни онро метавон дар Facebook, Youtube тамошо кард. Инчунин сабтҳоро пас аз фестивал ҳам метавонед дарёфт кунед. Иштироккунандагони сабтиномшуда имкон пайдо мекунанд, ки тарҷумаи ҳамзамони (синхронии) машғулиятҳои лексиониро ба забонҳои миллӣ гӯш кунанд.

Агар шумо дар шаҳрҳо ё кишварҳои дигар зиндагӣ мекунед ва аз мо даъватномаи шахсӣ нагирифтед, – мо мутаассифона, наметавонем хароҷоти сафар ва иқомати шуморо пардохт намоем ва шуморо барои иштирок дар шакли онлайн даъват мекунем; барои ин лозим аст, ки дар сайти фестивал сабти ном кунед.

Агар шумо савол дошта бошед, лутфан ба мо нависед: kz-info@internews.org

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *