Соҳибкорон дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадаанд. Барои аксарияти онҳо дар бораи мушкилоти худ ба рӯзноманигорон нақл кардан душвор аст, вале ҳамчунин соҳибкороне ҳастанд, ки омодаанд таҷрибаи касбнамудаи худро мубодила намоянд. Рӯзноманигорони канали хурди мустақили телевизионии “7 Ситора“ дар вилояти Суғд моҳи сеюм аст, ки бо ин соҳибкорон муошират мекунанд.
Баҳори соли гузашта, ба сабаби пандемия, роҳҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон баста шуданд. Аз анадешидани чунин чораҳо сокинон ба душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд ва занбӯриасалпарварон дар вилояти Суғд дар остонаи як фоҷиа қарор гирифтанд. Гап сари он аст, ки оилаҳои занбӯри онҳо дар кӯҳҳо дар байни растаниҳое бидуни назорат монданд, ки он замон аллакай аз гул фаромада буданд. Онҳо маҷбур буданд, ки занбӯрҳоро ба ҷойҳои дигар интиқол диҳанд, вале ба сабаби баста будани роҳҳо натавонистанд ин корро анҷом диҳанд. Тамоми хоҷагияшон дар хатари нобудшавӣ қарор дошт. Соҳибкорон дар Тоҷикистон (ва берун аз он) чунин фоҷиаҳоро аз соли гузашта инҷониб эҳсос мекунанд.
– Дар вилояти Суғд соҳибкорон зиёданд ва мо аз ибтидои пандемия дидем, ки бизнес вақтҳои душворро аз сар мегузаронад. Ҳамчун рӯзноманигорон, мо бояд дар бораи ин суҳбат мекардем, мегӯяд Уғулой Раҷабова, рӯзноманигори канали телевизионии “7 Ситора”.
Бо идеяи бахшидани қиссаҳои худ ба бизнеси зарардида, Уғулой ба озмуни грантҳо оид ба эҷоди муҳтавои (контенти) ватанӣ омад, ки онро Интернюс дар ибтидои соли гузашта оғоз кард ва Уғулой дар байни ғолибони озмун қарор гирифт.
– Дуруст аст, ҳангоми питчинг-машғулият, вақте ки мо лоиҳаҳои худро муаррифӣ кардем, ҳайати ҳакамон аз ман пурсиданд, ки оё ман боварӣ дорам, ки тоҷирон дар мавзӯъҳои мураккаб самимона суҳбат хоҳанд кард. Ман коршиносонро бовар кунонидам, ки метавонам иттилоотро дар ин замина пайдо намоям ва ваъдаамро иҷро кардам, вале ин кори осон набуд, мегӯяд Уғулой.
“Ба ҳар қаҳрамон бояд фаҳмонида шавад, ки мо рӯзноманигорони тиҷоратӣ нестем”
Формате, ки рӯзноманигор дар бораи тоҷирон нақл мекунад, репортажҳои махсус мебошад. Мутобиқи лоиҳа, даста 12 нашр таҳия мекунад ва ҳар нашр 10 дақиқа тӯл мекашад. Ғайр аз ин, кормандони телевизион контенти худро барои шабакаҳои иҷтимоӣ “дубора ҷойгир” мекунанд – онҳо аз нусхаҳои телевизионӣ видеоҳои кӯтоҳ омода мекунанд ва дар Интернет тамошои хубро ба даст меоранд. Дар маҷмӯъ, аллакай шаш қисса дар эфир ва шабакаҳои иҷтимоии “7 Ситора” пахш карда шуданд. Омода кардани ҳар гузориш вобаста ба мураккабии он аз чанд рӯз то ду ҳафта тӯл мекашад.
– Баъзан нашрҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Ба таври мисол, мо ба наздикӣ бо як соҳибкоре мувофиқа намудем. Вай дар соҳаи кишоварзӣ кор мекард ва дар вилоят 60 филиал дошт, ки ба сабаби буҳрон ҳама баста шуданд. Ӯ мехост дар бораи ин мушкил нақл кунад, аммо мулоқоти мо чанд маротиба ба таъхир гузошта шуд. Тавре, ки мо баъд фаҳмидем ӯ дар беморхона хоб будаст, нақл мекунад Уғулой.
Бештари қаҳрамонҳо тамоман ба тамос бо ВАО розӣ намешаванд, зеро метарсанд, ки аз сабаби суҳбати ошкор дар бораи душвориҳо мумкин аст бо мансабдорони давлатӣ ё дигар намояндагони бозор мушкилот ба вуҷуд оянд. Баъзан соҳибкорон аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон даст мекашанд, зеро намехоҳанд ба онҳо маблағ пардохт намоянд.
– Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳолатҳое мешаванд, ки рӯзноманигорон дар бораи мушкилоти посухдиҳандагони худ нақл менамоянд ва барои ин пул талаб мекунанд. Ман бояд ба ҳар қаҳрамон фаҳмонам, ки мо рӯзноманигорони тиҷоратӣ нестем, мо пул намегирем ва барои мо танҳо мусоҳиба лозим аст, мегӯяд Уғулой.
Бо ин ҳол, соҳибкороне ҳастанд, ки худашон ба кормандони телевизион муроҷиат мекунанд. Ҳамин тавр, пас аз нашрҳо дар бораи бизнеси зарардидаи бахши меҳмонхона ва сайёҳӣ, косибони маҳаллӣ, ки низ соли гузашта зарари калон дидаанд, ба редаксия омаданд.
– Ба ҳар ҳол, мо дар гузоришҳои махсуси худ на танҳо дар бораи мушкилот мегуем, балки дар бораи роҳҳои ҳали онҳо, ки тоҷирони суғдии мо пайдо кардаанд низ нақл мекунем ва шояд ин маслиҳатҳо ба дигар тоҷирон кӯмак кунанд, идома медиҳад Уғулой. – Масалан, як истеҳсолкунандаи мебел соли гузашта ба истеҳсоли кабинаҳои дезинфексионӣ гузашт ва тавонист аз буҳрон наҷот ёбад. Занбӯриасалпарварони мо низ дар ниҳоят ба оилаҳои занбӯри худ расиданд ва занбӯрҳоро наҷот доданд. Мо дар бораи ҳамаи ин гап мезанем.
Ба гуфтаи Уғулой, рӯзноманигорон тавассути гузоришҳои худ мехоҳанд дар бораи ҳолати воқеъии кор ҳар чӣ бештар иттилоот ҷамъоварӣ намоянд, то барои одамоне, ки дар бозор кор мекунанд, қабул кардани қарорҳои муҳим барои худи онҳо ва барои бизнесашон осонтар бошад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.