Дувоздаҳ рӯзноманигори нашрияҳои давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон пас аз омӯзиши рӯзноманигории иқтисодӣ маводҳои худро дар ин мавзуъ таҳия менамоянд. Менторони онҳо – рӯзноманигорони таҷрибадор нақл мекунанд, ки дар рафти кор онҳо мумкин аст бо чӣ мушкилоте рӯбарӯ шаванд.
Дар тренинги журналистикаи иқтисодӣ, ки дар яке аз минтақаҳои фароғатии дараи Ромит баргузор шуд, менторон ба иштироккунандагон нишон доданд, ки зиндагии ҳаррӯзаи онҳо чӣ гуна бо иқтисодиёт пайванд аст.
– Аксари вақт одамон иқтисод ва макроиқтисоди ҷаҳониро омехта мекунанд ва ба онҳо бояд фаҳмонд, ки иқтисод зиндагии ҳаррӯзаи мост, на қимати нафт, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – тарзи зиндагии мост ва ин мавзуъҳо барои мардуми одӣ метавонанд хеле ҷолиб бошанд, агар ба таври дуруст ифшо карда шаванд, — мегӯяд яке аз тренерон, рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев.
Иштироккунандагони давраи омӯзишии журналистикаи иқтисодӣ дар тӯли панҷ рӯз ҳамроҳ бо Пайрав ва ҳамтои ӯ Назаралӣ Пирназаров дар бораи чӣ тавр ошкор кардани ин гуна мавзуъҳо, интихоби онҳо ва муҳимтар аз ҳама, аз куҷо пайдо кардани иттилоот барои омода кардани маводро баррасӣ карданд. Ин тренингро ширкати медиавии «Вечерка» бо дастгирии Internews ташкил кард. Баҳори имсол Гулнора Амиршоева, роҳбари ширкати «Вечерка», дар омӯзиш барои тренерон, ки аз ҷониби Internews баргузор гардид, иштирок намуда, дар ҷараёни машғулиятҳои амалӣ барномаи омӯзиши журналистикаи иқтисодиро такмил намуд. Бо ин барнома Гулнора дар озмуни грантҳои Internews барои гузаронидани тренингҳо барои рӯзноманигорон ширкат варзида, дар қатори ғолибон қарор гирифт.
– Дар тренинги мо 12 нафар иштирок мекунанд, ки инҳо рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва давлатӣ мебошанд. Дар барнома сессияҳо ва корҳои зиёди амалӣ пешбинӣ шудааст, – мегӯяд Гулнора Амиршоева.
Дар тӯли тренинг ба манбаъҳои иттилооте, ки рӯзноманигорони Тоҷикистон ба он ниёз доранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
– Дастрасии расонаҳо ба иттилоот маҳдуд аст. Масалан, қаблан метавонистам аз ҳар мудири шуъбаи вазорат иттилоот гирам, ҳоло ҳамаашон рӯзноманигорро ба хадамоти матбуоти худ мефиристанд. Хадамоти матбуот ҷавобро дар муддати аз ду ҳафта то ду моҳ омода мекунанд, яъне ҷавобҳо вақте меоянд, ки дигар лозим нестанд. Илова бар ин на ҳама ҷавоб медиҳанд: аз 10 дархост, дар беҳтарин ҳолат ба сетоаш ҷавоб мегирем, – мегӯяд Пайрав.
Сарфи назар аз ин душвориҳо, тренерҳо ба иштироккунандагон чӣ гуна истифода кардан аз манбаъҳои алтернативии иттилоотро фаҳмонданд.
– Аввалан, ин ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Онҳо бо расонаҳо ҳамеша да тамос ҳастанд ва ба дархостҳо зуд посух медиҳанд. Сониян, шумо метавонед дар Интернет пойгоҳҳои додаҳои гуногунро пайдо кунед, ки онҳо ҳам барои омода кардани мавод кумак мекунанд, – мегӯяд Пайрав.
Илова бар манобеъи иттилооте, ки тренерҳо номбар кардаанд, Александра Каримова, мутахассис доир ба саводи расонаии Интернюс дар Тоҷикистон ба иштироккунандагон як пойгоҳи додаҳои озодро пешниҳод намуд, ки дар доираи лоиҳаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ», ки дар доираи барномаи “Идоракунии муфид барои рушди иқтисодӣ” (EGED), ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо ACTED маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст. Дар ин ҷо пойгоҳи додаҳоро дидан мумкин аст.
– Пойгоҳи додаҳои озод – ин махзани мутамаркази додаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар ин ҷо шумо метавонед иттилоотро ҳам аз мақомоти давлатӣ ва ҳам аз созмонҳои байналмилалӣ дарёфт кунед. Бастаҳои додаҳо ба се забон дастрасанд: тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ. Платформа барои рӯзноманигорон, таҳлилгарони соҳа, муҳаққиқон ва донишҷӯён муфид хоҳад буд. Ва хеле хуб аст, ки пойгоҳро такмил додан мумкин аст. Аз ин рӯ, агар шумо дар пойгоҳи додаҳои мавҷуда додаҳоеро пайдо накарда бошед ва шумо онҳоро доред, метавонед онҳоро дар бахши “Илова ба пойгоҳи додаҳо” мубодила кунед, – гуфт Александра.
«Рафтан ба театр ҳам иқтисод аст»
Дар рафти баргузории тренинг иштироккунандагон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, ки дар як гурӯҳ Пайрав ва дар гурӯҳи дуюм Назаралӣ ментор буданд. Назаралӣ бо чунин чизе дучор шуд, ки шунавандагон мавзуъҳои иқтисодиро аз аудиторияи худ дур мешуморанд.
— Ба иштироккунандагон фаҳмонидам, ки иқтисодиёт аз ҷумла ба театр рафтан ва тарифҳои хизматрасонӣ ва болоравии нархҳо ҳам мебошад. Баъд иштирокдорон гуфтанд, ки дар бораи омӯзгорон навиштаанд ва намедонистанд, ки ин мавзуъ ҳам ба иқтисод марбут аст. Гумон карданд, ки дар бораи мавзӯи «иҷтимоӣ» менависанд. Иштироккунандагон зарфияти зиёд доштанд, танҳо ба мо лозим буд, ки онҳоро роҳнамоӣ кунем”, – мегӯяд Назаралӣ.
Ҳарду тренер эътироф мекунанд, ки дар бозори расонаии Тоҷикистон рӯзноманигорони иқтисодӣ намерасанд, аммо аудитория ба чунин мавзуъҳо талабот дорад ва ширкаткунандагон метавонанд онро қонеъ кунанд.
– Дар рафти тренинг чизҳои нав бисёр буданд, албатта, мо ҳама рӯзноманигорони таҷрибадорем, аммо, масалан, ман ҳеҷ гоҳ бо иқтисод сару кор надоштаам, ҳатто бо мафҳумҳои асосии журналистикаи иқтисодӣ ошно набудам ва тренерҳо ба ман кӯмак карданд, ки ҳамаи ин чизҳоро фаҳмам. Онҳо таҷрибаи худро бо мо мубодила карданд, дар бораи тамоюлҳои журналистикаи иқтисодӣ суҳбат карданд, фаҳмонданд, ки иттилоотро барои омода кардани мавод чӣ гуна ва аз куҷо пайдо кардан мумкин аст, – мегӯяд Лутфия Эшонқулова, рӯзноманигори нашрияи «Народная газета».
Лутфия мегӯяд, ки сарфи назар аз он ки ӯ дар як нашрияи ҳукуматӣ кор мекунад, вай низ бо камбуди иттилоот рӯбарӯ мешавад, аммо умедвор аст, ки метавонад аз роҳнамоиҳои тренерон истифода кунад.
— Мо аз беҳтарин рӯзноманигорони иқтисодии Тоҷикистон омӯзиш мегирем, умедворам, ки бо кумаки онҳо маводҳои худамонро таҳия мекунем. Масалан, ман барои худ мавзуъеро интихоб кардам – мушкилоти марбут ба партовҳои пластикӣ -, ки ин ҳам як бахши иқтисод аст, – мегӯяд Карина Олимова, рӯзноманигори Your.tj.
Рӯзноманигорон дар ҷараёни тренинг мавзуъи маводҳои худро интихоб карданд, акнун ҳар як иштироккунанда бояд ҳаддиақал як маводро дар мавзӯи иқтисодӣ дар шаклҳои гуногун омода намояд. Иштироккунандагон рӯи муҳтавои худ ҳамроҳ бо менторҳо кор мекунанд ва баъд аз он ҳама маводҳо дар нашрияҳое, ки рӯзноманигорон онҳоро намояндагӣ мекунанд, нашр хоҳанд шуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.