Дар Тоҷикистон барои нахустин бор чанд ҷавони маъюби равонӣ кори расмӣ пайдо карданд. Акнун онҳо ба кори дӯстдоштаашон машғул шуда, барои оянда нақшаҳои калон тартиб медиҳанд. Ин имкони таъмин кардани ҷои кор ба шарофати кори муштараки ташкилоти ҷамъиятии «ИРОДА» ва расонаҳо имконпазир гардид.
Мо дар ин бора нақл мекунем, ки онҳо чӣ гуна ба ин ҳадаф расиданд.
Стаси бистсола дар тӯли чанд моҳ тарзи тайёр кардани ҳот-дог ва ҳатто гамбургерро ёд гирифт. Модари ӯ – Наталя Сергеевна мегӯяд, ки онҳо якҷоя дастури ошпазиро (рецепт) омӯхтаанд. Стас аз ҷои кор варақаҳои дастури ошпазиро меовард, ки дар онҳо ба таври муфассал шарҳ дода шуда буд, ки ҳот-дог аз чӣ иборат аст ва бегоҳиҳо ҳамаи маводҳои хӯрокиро (ингредиентҳоро) ба ёд мегирифт.
– Стас сабзавот тайёр мекунад, онҳоро мебурад; ба ӯ кори ранда кардани панирро медиҳанд. Худи ӯ ҳоло метавонад ҳот-догҳоро пур кунад. Чанде пеш бо ифтихор мегуфт, ки худаш гамбургерро тайёр кардааст, — нақл кард Наталя Сергеевна.
Вай мегӯяд, ки ба далели мушкилоти нутқ ва инчунин ба хотири он, ки хондану навиштанро он қадар хуб наметавонад, Стас натавонист ба коллеҷ дохил шавад. Мо хостем, ки ӯ бозпас ба мактаб баргардад, то беҳуда дар хона нанишинад ва дар ботини худ фурӯ наравад, аммо ин ҳам имконнопазир буд. Сипас модараш Стасро ба созмони «ИРОДА» овард. Ин созмон бо одамони дорои хусусиятҳои рӯҳӣ кор мекунад ва аз он ҷо ӯ барои коромӯзӣ ба қаҳвахонаи машҳури шаҳри Душанбе – “Hotdogger” муаррифӣ шуд.
-Стас ҳамеша мехост ошпаз шавад, аммо бо касе мувофиқа кардан дар бораи кор хеле душвор аст. Онҳо аз фарзандони мо метарсанд, одамон намедонанд, ки онҳо ба чӣ қодиранд, ман аз онҳо хафа намешавам. Аммо дар қаҳвахоани “Hotdogger” бо ӯ муносибати хуб доранд, он ҷо ба писарам писанд аст. Ман хеле миннатдорам, Худо кунад, ки ҳамеша ҳамкорӣ бошад. Зеро ӯ хоҳиши зиёд дошт, ки кор кунад ва музд гирад, — гуфт модари Стас.
Раҳбари “ИРОДА” Лола Насриддинова тавзеҳ медиҳад, ки то ба наздикӣ афроди дорои ихтилоли спектри аутизм ё синдроми Даун расман наметавонистанд кор пайдо кунанд. Ҳоло дар марказ чанд нафар чунин одами хушбахт ҳастанд. Ва агар то ҳол Стас танҳо таҷрибаомӯзӣ дошта бошад, масалан, Маҳлиё расман дар “Сиёма Молл” ба кор даромад, Шаҳром бошад, дар ширкати поккории «Тотал Сервис» кор мекунад.
Ҳамаи онҳо дар доираи лоиҳаи «Менторҳо» (Наставники), ки ташкилоти «ИРОДА» бо дастгирии Internews амалӣ кардааст, ҷои кор ё таҷрибаомӯзӣ пайдо карданд. Дар ин лоиҳа сокинони муваффақи шаҳри Душанбе ба ҷавонони дорои нуқсони равонӣ кӯмак мекунанд, ки малакаҳои муфид пайдо кунанд. Ин марҳилаи сеюми лоиҳа мебошад. Он соли 2020 оғоз шуда, дар солҳои 2021 ва 2022 идома ёфт. Ду соли аввал «ИРОДА» бо нашрияи ҷавонони «Лиму Медиа» ҳамкорӣ дошт ва сипас мустақилона лоиҳаро ба уҳда гирифт.
– Лоиҳаи кунунии мо аз ду қисм иборат буд: қисми аввал компоненти якум – ин истеҳсоли муҳтаво аст, дуюм – ташкили вохӯриҳои кӯдакон ва менторҳо. Ду соли аввал дар таҳияи муҳтаво журналистҳо ба мо кумак карданд. Имсол тасмим гирифтем, ки худамон кор кунем ва мутахассисонро ҷалб кунем. Масъала дар сари он аст, ки дар оянда мо бисёр мехоҳем, ки созмони мо намояндаи расонаии худро дошта бошад, котиби матбуотие дошта бошад, ки “ИРОДА”-ро аз дарун хуб шиносад ва тавонад дар бораи мо ба мухотабон нақл кунад, – гуфт Лола.
Лоиҳаи «Менторҳо» (Наставники) аз ибтидои кораш хеле машҳур шуд ва масалан, соли гузашта ду созмони дигар ба пуштибонии он ҳамроҳ шуданд: Хазинаи Бисе ба ташкилоти «ИРОДА» дар навсозии вебсайт ва хазинаи Era fund барои ҷалби мураббиёни махсуси шуғл ёрӣ расонид, ки онҳо баччаҳои дорои хусусиятҳои рӯҳиро дар вақти кор ҳамроҳӣ карда, ба онҳо кумак мекунанд, ки ба шароити берунӣ мутобиқ шаванд.
Маҳлиё чӣ гуна кор пайдо кард?
Истеҳсоли муҳтаво дар чаҳорчӯби лоиҳаи «ИРОДА» таҳти унвони «Менторҳо» (Наставники) бо наворҳои таблиғотӣ оғоз шуд, ки дар он ӯ сокинони муваффақи Душанберо барои менторӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷои кор даъват кардааст. Дар яке аз ин наворҳо Нодира Эргашева, мудири кулли “Сиёма Молл” иштирок кардааст. Аз рӯи сюжет ӯ бо Маҳлиё дар сари миз дар фуд-корт (ошхона) вомехӯрад. Маҳлиё ҳамчун пешхидмат ба Нодира хидмат мерасонад.
-Мо чунин вазифа надоштем, ки Маҳлиёро дар “Сиёма молл” бо кор таъмин кунем, аммо худи Нодира пешниҳод кард. Албатта мо розӣ шудем, ин муваффақияти хеле калон аст! – гуфт Лола.
Маҳлиё аз тирамоҳ сар карда, ҳар рӯз се соат ба кор рафта, маош мегирифт ва бо гурӯҳи кормандон дӯст шуд. Нодира Эргашева мегӯяд, ки Маҳлиё ӯро бо омодагии худ барои ёрӣ расонидан ва мустақилона анҷом додани ҳамаи корҳо шефтаи худ кардааст.
– Ӯ нерӯи ҷазбкунандаи (аураи) хеле равшан дорад, бинобар ин, вақте фаҳмидам, ки Маҳлиё дар ҷустуҷӯи кор аст, ӯро ба маркази худ даъват кардам. Мо ба ӯ пешниҳод кардем, ки дар гардероб кор кунад, вале мавсими кор набуд ва тасмим гирифтем, ки Маҳлиёро як муддат барои кор ба кори поккорӣ фиристем. Дар ин ҷо байни ҳамкорон дӯстони зиёде пайдо кард ва вақте ки гардероб кушода шуд, дигар ӯ нахост дар он ҷо кор кунад ва дар кори поккорӣ боқӣ монд, – гуфт Нодира.
Коргари нав бо ҳамаи гурӯҳи кормандон муносибатҳои хеле гарм пайдо кардааст, ки берун аз кор ҳам онро давом медиҳад. Маҳлиё шумораи телефони ҳамаи ҳамкоронашро медонад, пайваста ба ҳамдигар занг мезананд. Илова бар ин, Нодира пай бурд, ки бо омадани Маҳлиё фазо дар гурӯҳи кормандон равшантар шуд ва кормандон нисбат ба ҳамдигар меҳрубонтар шуданд.
— Албатта, ман метавонистам ба корти бонкии ӯ як миқдор маблағ ҷудо карда, бо ҳамин роҳ ба ӯ ёрӣ расонам, вале ман мефаҳмам, ки ин ёрии ман Маҳлиёро дар зиндагӣ хушбахт намекунад. Барои дар ҷомеа будан ӯ бояд иҷтимоӣ шавад ва мо бояд дар ин кор ба ӯ ёрӣ расонем, – шарҳ дод Нодира.
Лола Насриддинова гуфт, ки ҳоло фаъолияти менторӣ (мураббигарӣ) дар ду самт – эҷодкорӣ ва таъмини ҷои кор пеш меравад. Дар байни менторҳои «ИРОДА» навозандагон, ҳунарапешаҳо, раққосон, рассомон, варзишкорон, заргарҳо, мутахассисони СММ, ошпазҳо ҳастанд. Ғайр аз ин, ба лоиҳаи “Менторҳо” бизнес ҳам ба таври фаъол ҷалб мешавад.
– Ҳоло моро Sait Efendi, Café Mouse, Hotdogger, питзапазии “Лаҳза”, фурӯшгоҳи «Ашан», Coca Cola дастгирӣ мекунанд. Созмонҳое, ки таҷрибаи байналмилалӣ доранд, бештар аз ин ташаббус истиқбол мекунанд, онҳо садоқати бештар ва муносибати бозтар доранд. Вале мо умедвор ҳастем, ки бо мурури замон ба ин лоиҳа соҳибкорони маҳаллӣ низ лоиҳа ҷалб мешаванд, – гуфт Лола.
Ҳоло дар сомонаи «ИРОДА» шумо метавонед ҳамаи иттилоотро дар бораи менторон ва шахсони таҳти сарпарастии онҳо пайдо кунед ва инчунин барои иштирок дар ин лоиҳа муроҷиат намоед ва бо баччаҳо шинос шавед. Он одамон ё созмонҳое, ки аллакай ин таҷрибаро касб кардаанд, мегӯянд, ки ин кор ба онҳо кӯмак кард, ки тамоми ҳаёти худро аз нав дида бароянд ва бешубҳа на танҳо ба дигарон, балки ба худашон ҳам меҳрубонтар шаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.