Нашрияи “Оила” силсилаи наворҳоеро омода мекунад, ки чӣ гуна тоҷикони одӣ ва маъруф нокомиро аз сар гузаронида, ба муваффақият ноил мегарданд. Ин наворҳо дар Youtube даҳҳо ҳазор тамошо мегиранд. Мардум ба нашрия занг зада, мехоҳанд то саргузашти худро ба онҳо қисса кунанд.
Қариб 20-сол аст, ки нашрияи “Оила” дар бозори ВАО-и Тоҷикистон фаъолият дорад. Аввал хонандагон ин нашрияро танҳо чун рӯзнома мешинохтанд. Вақте ки аксари ВАО-и чопии маҳаллӣ тиражро аз даст доданд ва ба куллӣ ба тариқи онлайн гузаштанд, “Оила” тарзи нашри худро тағйир доду аудиторияи нав пайдо кард. Масалан, чор сол қабл вақте ба тиражи “Оила” тағйирот ворид шуд, онҳо танҳо дар шаҳр дастрас буданд. Баъди ин тими “Оила” тасмим гирифтанд, ки ба минтақаҳо диққат диҳанд ва айни ҳол аудиторияи асосии онҳо аз деҳаву минтақаҳои кишвар ҳастанд. Аммо “Оила” шунавандагони шаҳрии худро низ тарк накард ва соли гузашта сомонаи худро таъсис дод. Инчунин саҳифаҳои худро дар кулли шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол кард.
– “Аудиторияи моҳонаи сомонаи мо тақрибан 300 ҳазор корбарро ташкил медиҳанд”, – мегӯяд роҳбари нашрияи “Оила”, Шаҳноза Ҳамдамова. -Тиражи ҳафтаинаи рӯзнома аз 25 то 28 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои кишвар дастрасӣ ба Интернет комилан нест. Аз ин рӯ, мо тавонистем рӯзномаро дар он ҷо ҳифз кунем. Ҳамзамон хонандагони шаҳрии мо аз сомонаамон истифода мекунанд.
Бо вуҷуди вижагиҳои муҳтавои “Оила” (аксар вақт ҳикояҳои ҳамарӯза мебошанд), 70% аудиторияи сомона мардон мебошанд, ки сокинони Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлобанд. Аудиторияи асосии канали YouTube корбарон аз Русия, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ ва инчунин аксаран мардон мебошанд. Навори аз ҳама сертамошо 1,3 миллион маротиба ба шумор меравад. Албатта, ин навор дар бораи Қадами Курбон аст. Ин сароянда ба таври анъанавӣ тамошои зиёд пайдо мекунад, аммо тамошобинони “Оила” аз пайравӣ кардани персонажҳои каме маъмул ва ҳатто ҳикояҳои одамони одӣ, ки аксар вақт қаҳрамони мавод мешаванд, хурсанданд.
– “Мардуми одӣ пайваста ба мо қиссаҳои худро нақл мекунанд, қаблан мактубҳои воқеӣ менавиштанд, акнун ба нашрия занг мезананд, дар интернет менависанд ва ҳатто баъзан ба шаҳр – ба нашрияи “Оила” меоянд, дар бораи худ нақл мекунанд. Мутаассифона, аксар вақт инҳо ҳикояҳои ғамангезанд, одамон дар бораи он ба мо қисса мекунанд, ки зиндагӣ барояшон вазнин аст, дар бораи одамоне қисса мекунанд, ки онҳоро хафа кардаанд, дар маҷмӯъ, ҳама қиссаҳои ғамангез аст”, мегӯяд Шаҳноза.
Рӯзноманигорони «Оила» навиштани чунин ҳикояҳоро рад намекунанд. Аммо вақте ки Интернюс дар охири соли гузашта озмуни грантӣ оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ эълон кард, тими корӣ тасмим гирифт, ки барои шунавандагони худ як силсила ҳикояҳои ҳавасманду руҳбаландкунанда омода карда, идеяи деринаи худро амалӣ намояд.
-“Яъне, мо мехостем ба мардум нишон диҳем, ки воқеан зиндагӣ дар дасти худи онҳост. Мо набояд доимо аз ҳолат шикоят кунем. Мо бояд он ҳолатро иваз кунем. Аслан вақте мо мавод омода мекунем, чунин мешавад: шунавандагон дар бораи бад будани зиндагии худ ба мо омада қисса мекунанд, мо мавод омода мекунем, баъдан шунавандагони мо маблағ, хӯрока ва ё либос ҷамъ мекунанд. Вале зиндагии ӯ ҳамчунон душвор боқӣ мемонад ва мо мехоҳем онҳоро руҳбаланд кунем, то онҳо ба худ бовар кунанд ва худашон кӯшиш кунанд, ки чизеро дар зиндагиашон тағйир кунанд”, – шарҳ медиҳад Шаҳноза.
Идеяи “Оила” ба ҳайати ҳакамони озмун писанд омад ва он дар қатори нӯҳгонаи беҳтарин ҷой гирифт. Лоиҳаро “Тулӯъ бад аз ғуруб” ном гузоштанд. Вале аз сабаби сар задани пандемия, корро дар тобистон оғоз карданд. Аввалин қаҳрамони лоиҳа вебнавис Сабринаи Назрӣ буд, ки дар бораи душвориҳояш пеш аз маъруфияташ нақл кард. Сарфи назар аз он, ки дар Тоҷикистон мардум ошкоро нақл кардани ҳикояҳои шахсиро дар бораи худ дӯст намедоранд, Сабрина дар ин қисса хеле самимӣ буд ва ин ба тамошобинон писанд омад: одамон ин қиссаро тақрибан 140 ҳазор маротиба тамошо карда, садҳо шарҳҳо гузоштанд.
Аудитория ба қисса кардани ҳикояҳои дигар шурӯъ карданд
Муҳтавои “Оила” барои истеъмолкунандаи оммавӣ пешбинӣ шудааст. Муҳарриронро аксар вақт ба аз ҳад зиёд “зард” буданашон айбдор карда, мегӯянд, ки қаҳрамонҳои онҳо тахайюлӣ мебошанд.
– Хуб аст, ки мо ба тариқи онлайн гузаштем ва исботи ҳақиқати ҳикояҳо осонтар гашт. Масалан, вақте ки мо соли гузашта ба таҳияи мавод дар сомона шурӯъ карда будем, як зан аз Панҷакент ба мо занг зад ва бо гиря гуфт, ки духтараш дар хонаи хушдоманаш фавтидааст ва хушдоманаш ҳоло дар чашмони ӯ хандида мегӯяд, ки касе ӯро ҷазо намедиҳад. Мо ин ҳикояро сабт кардем, нашр кардем ва пас аз он ба мо менавиштанд, ки ин дурӯғ аст. Мо фавран рӯзноманигорони нашрияро ба Панҷакент барои мусоҳиба бо мардуми маҳаллӣ сафарбар гардем. Дар ниҳоят, ин ҳама дуруст баромаданд, полис ба ин кор даст зад ва хушдомани духтари фавтидаро ҳатто маҳкум карданд”, мегӯяд Шаҳноза.
Дар ҳақиқат, чунин муҳтаво дар нашрияи “Оила” бисёр аст. Аммо пас аз он ки ҳайати нашрия лоиҳаи “Тулуъ баъд аз ғуруб” -ро оғоз кард, хонандагон ба хабарнигорон дигар ҳикояҳоро нақл кардан гирифтанд. Масалан, пас аз як ҳикоя дар бораи як духтари ношунаво, ки тавонист муваффақ шавад ва ба оилаи худ кӯмак кунад. Дар ин бора як сокини Ёвон ба нашрия иттилоъ дод.
– “Вай гуфт, ки солҳои пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст, аммо дилгир нагаштааст”, – мегӯяд Шаҳноза. – Аввал ба иҷораи либоси арӯсӣ шурӯъ кард ва сипас оҳиста-оҳиста дар деҳаи худ як толори арӯсӣ кушод. Ҳамакнун, мустақилона тиҷорати худро пеш мебарад. Умедворам, ки мо ин гуна ҳикояҳоро бештар нақл карда, хонандагони худро руҳбаланд хоҳем кард.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.