Ғолибони озмуни грантии MediaCAMP Business LAB дар Тоҷикистон муайян шуданд

Панҷ лоиҳаи ВАО ғолибони озмуни грантӣ дар доираи MediaCAMP Business LAB гардиданд. Довталабони беҳтарин барои лоиҳаҳои худ маблағгузории аввалия мегиранд ва баъдан метавонанд онҳоро ба корхонаҳои маҳаллӣ фурӯшанд.

Озмуни грантӣ бо чорабинии ниҳоии MediaCAMP Business LAB, ки дар охири моҳи сентябр тариқи онлайн баргузор шуд, ба поён расид. Дар маҷмуъ, дар Лаборатория даҳ мутахассиси ВАО ширкат варзиданд. Дар давоми MediaCAMP Business LAB, иштирокчиён якҷоя бо мураббиён аз Қазоқистону Русия ба таҳияи лоиҳаҳои махсуси расонаӣ шурӯъ карданд. Иштирокчиёни Лаборатория ғояҳои худро ба озмуни грантӣ пешниҳод карданд, ки дар давоми он аъзои ҳакамони мустақил беҳтаринҳоро интихоб карданд.

Ғолибони озмун гардиданд:

  • Маҳпора Киромова, рушду пешбурди YouTube-канали «180 градусов», силсилаи мусоҳибаҳои наворӣ ва ҳикояҳои таҳлилӣ;
  • Хусрав Улмасов, “Тирози Ҷавонӣ”, ташкилоти телевизионии онлайн;
  • Михаил Петрушков, лоиҳаи расонаии тиббӣ таҳти унвони “Пизишк”;
  • Фаридун Хайруллозода, радиои «Ҳамсадо», лоиҳаи «Хит подростков»;
  • Матеош Нарзи и Фирдавс Муҳаммадиев, лоиҳаи «Таджикизация», лоиҳаи расонаӣ оид ба сайёҳӣ.

Ҳамаи лоиҳаҳои ВАО маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Баъдан, муаллифон метавонанд татбиқи лоиҳаҳои худро дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ идома диҳанд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *