MediaCAMP Business LAB дар Тоҷикистон: расонаҳо пул коркуниро меомӯзанд

Муддати 10 рӯз як гурӯҳ мутахассисони ВАО-и тоҷик дар якҷоягӣ бо мураббиён аз Қазоқистону Русия дар бораи суботи молиявии расонаҳои худ сӯҳбат карданд ва таҳияи лоиҳаҳои махсусро омӯхтанд. Ин ҷаласаҳо ва мастер-класҳо дар доираи лоиҳаи Internews – MediaCAMP Business LAB, ки имсол тариқи онлайн баргузор гардид, сурат гирифтанд.

Яке аз ширкаткунандагони MediaCAMP Business LAB – Фаридун Хайруллозода  26 сола аст . Ӯ дувоздаҳсоли  фаъолият дар расонаҳоро дорад: аввал дар телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” ба ҳайси ровӣ, сипас муҳаррир дар бахши саҳарии телевизиони “Сафина”  ва баъдан чанд сол дар радиои “Ватан”. Фаридун баъди кор омадан ба радиои “Ватан” дарк мекунад, ки то ин дам ӯ дар ҷойгоҳи худ набудааст.

– “Он вақт ман қарор додам, ки фаъолиятамро дар телевизион пурра қатъ кунам. Чун худро дар он ҷой барои оянда надидам.  Дар радиои “Ватан” ман як барномаи мустақими панҷсоата бо забони тоҷикӣ доштам ва ба кори худ дар он ҷо ошиқ шудам. Зеро дар ин ҷо ровӣ фавран аз шунавандагон фитбек мегирад, бо шунавандагон дар робитаи наздик мешавад”, мегӯяд Фаридун.

Якуним сол пеш ӯ роҳбари радиои ҷадиди “Ҳамсадо” таъйин шуд. Ҳоло радио натанҳо дар формати FM, балки тавассути барномаи мобилии Hamsado низ кор мекунад; инчунин тими корӣ барои ресурсҳои худ дар шабакаи YouTube ва саҳифаи Instagram муҳтавои мултимедиявӣ омода мекунанд. Сарфи назар аз он, ки радио ҳамагӣ чанде пеш дар бозори ВАО қарор дорад, аллакай шарикони тиҷории худро дорад, лоиҳаҳои муваффақ амалӣ кардааст. Бо мақсади идома додани ҳамкориҳои муассир ва дарёфт кардани таблиғгарони нав, Фаридун тасмим гирифт, ки дар MediaCAMP Business LAB – и Интернюс ширкат кунад. Дар давоми Лаборатория, тренерон бо ширкаткунандагон роҳҳои ноил шудан ба устувории молиявӣ ва ҳамкорӣ бо таблиғгаронро баррасӣ карданд. Дар Тоҷикистон васоити ахбори омма, хусусан нашрияҳои интернетӣ, дар ҳамкорӣ бо тиҷорат бо машаққати зиёд маблағ ба даст меоранд ва на ҳамавақт бо он забони муштарак пайдо мекунанд. Ин бештар аз он вобаста аст, ки рӯзноманигорон дар соҳаи иқтисод ва маркетинг малакаҳои кофӣ надоранд. Ин мавзуъ низ дар MediaCAMP Business LAB гардид.

Дар Лаборатория ба ғайр аз Фаридун, нӯҳ мутахассиси дигари ВАО-и Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки бо мураббиён аз Қазоқистону Русия донистаниҳои нав омӯхтанд. Масалан, Мария Рзаева, директори лоиҳаҳои махсуси нашрияи Санкт-Петербург – “Бумага”, Евгений Кулаков, асосгузори mediatoolbox.ru, коршиноси юзабилити, таҳлилӣ, Мария Горохова, коршиноси маркетинг, PR, таблиғ ва дигарон.

– “Рости гап, ба Лаборатория 10+ хол додан мумкин аст. Ман орзуи гирифтани чунин донишҳоро мекардам. Ман аз рӯйи ихтисос иқтисодчӣ ҳастам, аммо на ҳамавақт омодаи лоиҳаи тиҷоратии ВАО-ро дарк мекардам, бештар интуитивӣ амал мекардам”, мегӯяд Фаридун.

Маҳсулоте, ки расона аз он пул кор мекунад, аз нашрия гирифтан ғайриимкон аст.

Дар байни менеҷерони ВАО, Фаридун бо маълумоти иқтисодии худ нисбат ба ин қоида истисно аст: дар ин соҳа, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ВАО-и кишварҳо аксар вақт одамони дорои муносибати эҷодӣ ташкилотҳои худро ҳамчун бизнес қабул мекунанд.

– Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон, менеҷерони ВАО, ки ба идоракунии амалиётӣ ҷалб шудаанд – дар 99,9% ҳолатҳо саводи тиҷорӣ ва малакаи тиҷорӣ надоранд, – шарҳ медиҳад Ержан Сулейменов, масъули рушди стратегӣ дар дафтари Интернюс дар шаҳри Алмаато, ки ду лабораторияи тиҷоратиро дар Алмаато ва Душанбе роҳбарӣ мекунад. – Масалан, мо вақте пурсидем, ки буҷаи лоиҳаи расонаро кӣ бояд бар ӯҳда гирад, ширкаткунандагон посух доданд, ки бо ин кор муҳосиб ё директори иҷроия сару кор гирад. Аммо ин гуна нест. Буҷае, ки муҳосиб идора мекунад, аллакай буҷаи ниҳоӣ аст. Вале буҷаи амалиётӣ мавҷуд аст, ки онро бевосита менеҷерони ВАО идора мекунанд. Ва нақшаи муҳтаворо аз нақшаи молиявӣ ҷудо кардан мумкин нест. Васоити ахбори оммаи мо аксар вақт нашрияҳо ва фарогириро баррасӣ мекунанд, аммо пулро дар назар надоранд. Дар ҳоле ки ВАО пеш аз ҳама тиҷорат аст ва рушди он муносибати соҳибкориро на танҳо аз ҷониби соҳибмулк, балки аз менеҷерони миёна низ талаб мекунад.

Ержан мегӯяд, ки лоиҳаҳои махсуси тиҷоратӣ аз лоиҳаҳои ҳуқуқи муаллифӣ фарқе надоранд, ки нашрия дар онҳо маъмулӣ кор мекунад. Ҳар гуна муҳтаво маҳсулоти тиҷорӣ мебошад, ки дорои аудитория, нишона дар бозор ва қобилияти пулкоркуниро дорад. Танҳо дар мавриди лоиҳаҳои махсуси тиҷоратӣ, дар раванди татбиқи онҳо на танҳо гурӯҳи эҷодӣ, балки шӯъбаи маркетинг низ ширкат меварзанд.

-“Оё рӯзноманигорон метавонанд, ки бо лоиҳаҳои тиҷоратӣ машғул шаванд? Ман фикр мекунам, ки на ҳама кас. Аммо рӯзноманигор бояд бифаҳмад, ки маҳсулоташ чӣ қадар қимат дорад ва самаранокии онро арзёбӣ кунад. Рӯзноманигоре, ки мехоҳад ба воя расад, бояд дониши бештар дошта бошад. Мисоли як ошхонаи тарабхона: шумо метавонед тамоми умр котлет пазед ва ба шумо чизи дигаре лозим нест. Вале агар шумо дар оянда ошпази калон шудан мехоҳед, пас дар бораи завқи истеъмолкунандагон, дар бораи технологияҳои нави истеҳсолот, дар бораи абзорҳои фурӯш ва ғайра маълумоти ҷадид бигиред”, – гуфт Ержан.

Инчунин Мария Рзаева ба иштирокчиёни Лаборатория тавсия дод, ки дар расона қисми тиҷоратиро аз қисми муҳаррирӣ ҷудо накунанд.

– “Маҳсулоте, ки шумо ба даст меоред, бояд стандартӣ, устувор, муназзам шавад. Он бояд як қисми ҳаёти нашрия ва зуҳуроти рисолати ширкати шумо гардад”, – шарҳ дод Мария дар мастер-класси худ. Дар давоми MediaCAMP Business LAB ҳамаи иштирокчиён дар якҷоягӣ бо мураббиён ба таҳияи лоиҳаҳои махсус шурӯъ карданд, ки баъдан метавонанд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ татбиқ кунанд. Иштирокчиёни Лаборатория метавонанд ғояҳои лоиҳаҳои худро ба озмуни грантӣ пешниҳод кунанд, ки Интернюс ҳафтаи оянда баргузор менамояд. Довталабони беҳтарин барои лоиҳаҳои худ маблағгузории аввалия мегиранд ва сипас метавонанд онҳоро ба корхонаҳои маҳаллӣ фурӯшанд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *