Аввалин Мактаби журналистикаи илмӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд

18-уми январ, аввалин Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд ва чорабинии онлайнӣ то 29-уми январ идома хоҳад ёфт. Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ  дар минтақа бори аввал аст, ки дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP бо забонҳои русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор мешавад. Иштирокчиёни Мактаб тақрибан 100 кас – рӯзноманигорон, муҳаррирон, вебнависон, таблиғгарони илм ва олимоне мебошанд, ки мехоҳанд дар бораи илм ба таври соддаву дастрас қисса кунанд.

“Инфодемия”, ки дар атрофи пандемияи коронавирус ба миён омад, нишон дод, ки аҳамияти иттилооти боэътимод, ҳақиқӣ ва баландсифат зиёд аст. Мактаб ба рӯзноманигорон, вебнависон ва таблиғгарони илм имконият фароҳам меорад, ки чунин маълумотро дастрас кунанд”, — мегӯяд Марат Бигалиев, Роҳбари минтақавии Internews ва барномаи осиёмарказии MediaCAMP.

Тӯли ду ҳафта барои ширкаткунандагон малакаҳои нави амалӣ тариқи лексияҳо, ҷаласаҳои интерактивӣ, санҷишҳо ва семинарҳо гузаронида мешаванд, ки ба онҳо дар соҳаи журналистикаи илмӣ ва тиббӣ кӯмак расонанд.

Гӯяндаҳои Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ Николай Воронин – хабарнигори илмии BBC, Даря Саркисян – муҳаррири расонаи интернетии “Медуза”, Иля Колмановский – таблиғгари илм (ҳамаашон намояндаи Русия) мебошанд.

Қазоқистонро биотехнолог Дамел Мектепбаева, доктори илми тибби Донишгоҳи Назарбоев, Ботагоз Каукенова таблиғгари илмӣ, Айжан Мадихоҷаева сармуҳаррири портали «Перемена.медиа», Есей Жеңисулӣ муҳаррири лоиҳаи “100 китоби нав” – и Бюрои миллии тарҷумонӣ намояндагӣ мекунанд.

Аз Тоҷикистон собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, олим, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Лочвар” Абдулназар Абдулназаров иштирок доранд.

Аз Ӯзбекистон Рустам Ашуров – олим, Элдар Асанов – филолог, рӯзноманигор, муаллифи Telegram-канали “Асанов формати” ширкат доранд.

Рӯзи аввали мактаб аз ҷаласаи Иля Колмановский, олими рус, номзади илмҳои биологӣ, рӯзноманигори илмӣ, муҳаррир оғоз шуд. Таблиғгари илм дар ҷаласаи худ мавзуъҳои мураккабро аз биология, генетика, антропология ва тиб бо забони соддаву фаҳмо шарҳ медиҳад. Барои ширкаткунандагони Мактаб ӯ дар бораи “Чӣ гуна дар ҷаҳони имрӯза илм рушд мекунад” қисса кард ва фаҳмонд, ки имрӯз журналисти илмӣ бояд чиро донад.

Иля Колмановский Донишгоҳи давлатии Маскавро бо ихтисоси зоолог хатм кардааст.  Аммо худро олим ва коршинос намешуморад. Зеро заминаи илмиаш ба ӯ кӯмак мекунад, ки мутахассисони касбиро фарқ кунад. Иля на ба ҷомеаи илмӣ, балки ба хонандагони худ содиқ аст – вай “чашму гӯшҳои аудиторияи худ” аст.

Спикер қайд мекунад, ки илми муосир бо забони англисӣ нақл карда мешавад. Хусусияти дигар он аст, ки ҳар сол мураккабии илм меафзояд: “Ҳар сол навиштан дар бораи илм мушкилтар мешаваду аҳамияти иҷтимоии ахбори илмӣ низ сол то сол меафзояд.”

Ба ғайр аз дарсҳо ва рӯнамоиҳои интерактивӣ, ба ширкаткунандагони Мактаб сабтҳои маводи муфид, рӯйхатҳои назоратӣ, ёддоштҳо, нашрияҳо дода мешаванд, ки онҳо низ бояд омӯхта шаванд. Инчунин вазифаи хонагӣ ва тестҳо пешниҳод карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *