Қабули иштироккунандагон ба онлайн-коргоҳ 2022 барои мунаққидони расонаӣ аз Осиёи Марказӣ кушода шуд (ТАМДИД ГАРДИД)

Моҳҳои май-июни соли 2022 Internews барои мутахассисони расонаӣ, филологҳо ва фарҳангшиносон, ки мехоҳанд самти нақди расонаиро аз худ кунанд ва дар ин формат барои вебсайти «Новый репортёр» ва дигар лоиҳаҳои интернетии Internews мавод нависанд, Онлайн-коргоҳ баргузор мекунад. Иштироккунандагон дар асоси озмун аз рӯйи саволномаи пуркардашуда интихоб мешаванд.

Афзалият ба муаллифоне дода мешавад, ки бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ кор мекунанд ва ҳамзамон забони русиро дар сатҳе медонанд, ки ба онҳо имкон медиҳад омӯзгоронро бифаҳманд. Барои бастани шартномаҳо шумо бояд мақоми соҳибкори инфиродии ба қайд гирифташударо дошта бошед.

Нақди расонаӣ – ин баҳо додан ба корҳои рӯзноманигорон, коргардонҳо ва умуман эҷодкорон мебошад. Мо нақди расонаиро на ба хотири қонеъ кардани андешаҳои баландпарвозонаи худамон, балки барои беҳтар ва рақобатпазиртар шудани рӯзноманигорӣ ва мустанадсозӣ (ва на танҳо инҳо) дар Осиёи Марказӣ анҷом медиҳем.

Internews дар сайти «Новый репортёр» «Нақди расонаӣ»-ро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ инкишоф медиҳад. Лутфан, пеш аз пур кардани дархостҳо ба мисолҳои маводҳо нигоҳ кунед. Мо на танҳо иштироккунандагони коргоҳ, балки ҳамфикронеро меҷӯем, ки баъдтар муаллиф ва муҳаррири бахши «Нақди расонаӣ» мешаванд ва барои он мунтазам мавод омода мекунанд.

Онлайн-коргоҳ тренингҳо, омӯзиши мустақилонаи маводҳо ва кори инфиродӣ бо менторҳои Internewsро пешбинӣ мекунад. Дар моҳҳои май-июни соли 2022 ҳамагӣ нуҳ машғулият дар назар гирифта шудааст (ҷадвали дақиқ дертар пешниҳод хоҳад шуд).

Агар шумо дар давоми коргоҳ барои мо (як ё якчанд)  мавод нависед, ҷоиза хоҳед гирифт.

Агар шумо мехоҳед, ки дар Онлайн-коргоҳ иштирок кунед, лутфан, ин дархостро то 6 майи соли 2022 пур кунед то соати 22:59 ба вақти Душанбе аст.

ТАМДИД ГАРДИД: то 9 май соли 2022, соати 23:00 ба вақти Душанбе аст

Барои иштирок, шумо бояд дастрасии устувор ба интернет ва компютер дошта бошед, ки битавонед барои машғулиятҳои онлайн истифода баред. Шаҳодатнома дар бораи иштирок дар дарсҳои коргоҳ дода мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *