Internews ва шарикон мактаби репортажи махсусро ифтитоҳ мекунанд

Мо аз журналистони навкори телевизион ва видеосозони мустақил даъват мекунем, ки дар «Мактаби репортажи махсус» иштирок намоянд.

Репортажи махсус – як жанр барои журналистони кунҷков, далер ва баландпарвоз аст, ки омодаанд, пурра дар мавзӯъ фурӯ раванд, аллакай дар ин формат каме таҷриба доранд ва барои эҷоди бренди шахсӣ пухта расидаанд. Донишҷӯёни курс ҳам қисми назариявии масъаларо меомӯзанд ва ҳам дар қисми амалӣ иштирок мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои тренинг иштироккунандагон видеорепортажи (гузориши видеоии) худро эҷод мекунанд, ки барои пахш дар мавҷ омода хоҳанд буд. Журналистон ва таҳиягарони видео метавонанд барои иштирок дар мактаби мо муроҷиат кунанд, ки мавзӯи мушаххаси худ ва баъзе нақшаҳоро дар бораи он пешниҳод мекунанд – дар машғулиятҳо онҳо метавонанд репортажи худро пурра такмил намоянд ё ҳадди аққал пурра дарк кунанд, ки чӣ гуна ин корро карда метавонанд.

Ба корҳои беҳтарин стипендия дода мешавад.

Поёни муҳлати дархост: соати 18:00 (бо вақти Душанбе) 23 майи соли 2022. Бо шахсоне, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, суҳбати инфиродӣ гузаронида мешавад.

Дар барномаи Мактаб ду марҳилаи кор ба нақша гирифта шудааст:

1) Омӯзиши пуршиддат бо тренерҳои байналмилалӣ дар реҷаи офлайн.

2) Дастгирии ментор барои таҳия кардани репортажи шумо дар формати гибридӣ (офлайн ва онлайн).

Дар тренинг касбиёни навкор аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ширкат варзанд. Талаботи ҳатмӣ барои довталабон чунин аст:

1. Доштани маҳорати ибтидоии наворбардорӣ ва истеҳсоли видео.

2. Идеяҳои такмилшуда барои репортажи махсуси оянда (5 мавзӯъ).

Мактаб дар Алмаато 30 май ва дар Душанбе 6 июн оғоз мешавад. Омӯзиши оффлайн бо забони русӣ гузаронида мешавад, давраи менторӣ бо забонҳои миллӣ мебошад.

Дар тренинг касбиёни навкор аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ширкат намоянд. Доштани маҳоратҳои ибтидоии наворбардорӣ ва истеҳсоли видео, таҷҳизоти шахсии худ ва идеяи репортажи оянда ҳатмӣ аст.

Лутфан таваҷҷуҳ намоед: барои кори муассир ба шумо ноутбук ва барнома барои монтаж лозим мешавад.

Барои иштироккунандагон аз Ӯзбекистон доштани шиносномаи хориҷӣ барои сафар ҳатмӣ аст. Internews дар таҳия ва гирифтани шиноснома иштирок намекунад. Доштани шиноснома дар вақти интихоби иштироккунанда шарти ҳатмӣ барои иштирок дар тренинги офлайнӣ мебошад.

Дархостҳо мумкин аст ба таври инфиродӣ ва дар ҳайати даста пешниҳод карда шаванд.

Сармураббӣ Денис Бевз, (Русия).

Барои иштирок, лутфан дархостро пур кунед, аз ин нишонӣ истифода намоед. “Мактаби репортажи махсус” бо ибтикори Internews ташкил шуда, дар ҳамкорӣ бо дастаи Be Globe (Қазоқистон), Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” (Тоҷикистон), Лола Исломова (Ӯзбекистон) гузаронида мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *