Дар маҷмуъ барои иштирок дар озмун 28 дархост ворид гардид, ки аз онҳо аъзои ҳакамон ҳашт лоиҳаи ғолиб ва ду лоиҳаи эҳтиётиро муайян карданд. Ҳамаи онҳо моҳи январи соли 2023 барои ширкат дар озмоишгоҳи навовари минтақавии StoryCraft2023 ба Алмаато меоянд.
Шарти асосӣ, ки ин озмунро аз дигар имкониятҳои Internews фарқ мегузорад, ин аст, ки даста бояд байни кишварҳо бошад ва лоиҳаеро оид ба мушкилоти умумӣ барои ҳадди аққал ду кишвар пешниҳод кунад. Дар давоми чор рӯз иштирокчиёни озмоишгоҳ зери роҳбарии тренерҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ намунаҳои лоиҳаҳои худро ба итмом мерасонанд ва сипас бо дастгирии истеҳсолкунандагони махсусдаъватшуда ба татбиқи онҳо шуруъ мекунанд.
Лоиҳаҳои ниҳоӣ бояд ба сокинони маҳаллӣ кӯмак намоянд, то рўйдодҳои дар ҳоли вуқуъ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳонро беҳтар дарк кунанд ва ҳамчунин арзёбӣ кунанд ки ин равандҳо дар маҷмӯъ ба ҷомеа ва бахусус ҳаёти онҳо чӣ гуна таъсир мерасонанд.
Рӯйхати дастаҳои ғолиб:
Бунёди ҷамъиятии «Байконур Эко Мониторинг» (Қазоқистон – Қирғизистон -Ӯзбекистон) дар доираи лоиҳаи «Нигоҳи мустақил» филми ҳуҷҷатӣ ва силсила маводҳо дар бораи таъсири таблиғот ба ҳаёти сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ омода мекунад.
Ширкати телевизионӣ ва радиоии «Т Медиа групп» (Қирғизистон – Ӯзбекистон) дар шабакаҳои иҷтимоӣ силсила видеоподкастҳо, аксҳо ва маводҳоро таҳия мекунад, ки дар ниҳоят ба силсила инста-сериал муттаҳид мешаванд.
Соҳибкори инфиродӣ Айнур Коскина (Қазоқистон – Узбекистон) бо лоиҳаи “Корвони Қрим” – филми ҳуҷҷатӣ дар бораи тоторҳои Қрим, ки пас аз эълони сафарбаркунии қисман дар Русия дар робита ба амалиёти низомии неруҳои мусаллаҳи Русия дар Украина аз Қрим фирор кардаанд.
Бунёди ҷамъиятии “Дастгирии ташаббусҳои таълимӣ“ (Қирғизистон – Қазоқистон-Ӯзбекистон) дар чаҳорчӯби лоиҳаи COMICS.ASIA силсила комиксҳои кӯтоҳи онлайниро дар мавзӯъҳои ииҷтимоии муҳимро барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод мекунад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи рӯзноманигорони ҷавони шаҳри Семипалатинск» (Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон – Ӯзбекистон) барои лоиҳаи «Риштаҳо» тадқиқоти ҳамаҷониба анҷом медиҳад, ки барои дарёфти сабабу оқибатҳои мушкилоти глобалӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Ҳар як маводи нашршуда дар асоси натиҷаҳои кор дар қолаби лонгрид бо таваҷҷӯҳ ба дата журналистика пешниҳод карда мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор» (Тоҷикистон – Қирғизистон – Узбекистон) барои лоиҳаи «Дар меҳмонии «Ҳамсояҳо» сайъ хоҳад кард, ки мавзӯи издивоҷҳои байни миллатҳо дар манотиқи наздимарзии се кишварро дарк карда, дар ин мавзӯъ пажӯҳиш гузаронад ва матолиби чандрасонаӣ нашр кунад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Имкон» (Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон – Узбекистон) дар чаҳорчӯби лоиҳа филми мустанади интерактивӣ эҷод хоҳад кард, ки дар он якҷоя бо коршиносон мефаҳманд, ки чаро муноқишаҳо дар Осиёи Марказӣ бештар шудааст.
ҶДММ “МедиаСторис” (Қирғизистон – Қазоқистон) дар чаҳорчӯби лоиҳаи BunkerProject филми кӯтоҳеро дар бораи заноне ба навор мегирад, ки хабарҳоро танҳо аз телевизион дарёфт мекунанд. Тамошобин дар якҷоягӣ бо қаҳрамонони филм зарурати ошкор кардани тақаллубҳо ва дасткориҳоро дарк хоҳад кард
Рӯйхати дастаҳо иэҳтиётӣ:
ҶДММ «ДааназатОрдо», (Қирғизистон – Ӯзбекистон), лоиҳаи «Чек арадаги кошуналар» бо ҳикояҳои чандрасонаӣ дар бораи ҳаёти қирғизҳои этникӣ ва узбекҳои сокини вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон.
ОФ «Бунёди рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маорифи «КОМУНИТИПЛЮС» (Қазоқистон — Тоҷикистон — Ўзбекистон) дар лоиҳаи «Нуҳ» нуҳ портрети гуногуни ҷавонони муосирро дар қолаби филми мустанад пешкаш мекунад.
Пас аз анҷоми озмоиш дастаҳои ғолиб барои амалигардонии лоиҳаҳои худ дар ҳаҷми то 20 000 евро грант мегиранд. Ҳамаи онҳо бояд дархостҳои худро бо назардошти натоиҷи муқаддамотии таҳқиқоти минтақавӣ оид ба истифодабарандагони расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом диҳанд. Агар бо ягон сабаб ғолибон ин корро карда натавонанд, маблағгузорӣ ба дастаи эҳтиётӣ мегузарад.
Озмоишгоҳи навовари минтақавии STORYCRAFT2023 дар чаҳорчўби лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) аз ҷониби Интернюс бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.