Дар Тоҷикистон ғолибони озмуни истеҳсоли муҳтаво дар доираи лоиҳаи REVIVE муайян шуданд

Дар охири моҳи сентябр Internews дар доираи лоиҳаи REVIVE озмун барои истеҳсоли муҳтавои босифатро эълон карда буд, ки ба сокинони маҳаллӣ барои беҳтар дарк кардани рўйдодҳои дар дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон рухдода кўмак расонанд ва ҳамчунин арзёбӣ кунанд, ки ин равандҳо дар маҷмӯъ ба ҷомеа ва бахусус ҳаёти онҳо чӣ гуна таъсир мерасонанд.

Дар маҷмуъ, барои иштирок дар озмун Internews аз Тоҷикистон 19 дархост дарёфт кардааст. Пас аз интихоби фаннӣ,  ки мутобиќати талаботи озмунро тафтиш мекард, барои арзёбии лоиҳаҳо комиссияҳои саросарӣ, ки ба ҳайати он коршиносони мустаќили ВАО ва коршиносони Internews шомил буданд, шуруъ карданд.  Аз рўйи натиҷаҳои питчинг ғолибони ду лоиҳа аз Тоҷикистон (грант 50 000 евро):

Ҳолдинги расонаҳои  «Азия-Плюс» бо лоиҳаи «Дастрасӣ дар бораи муҳим». Он ток-шоуҳо, баррасиҳо, таҳлилҳо ва гузоришҳо дар бораи мавзуҳо ва рўйдодҳои муҳими Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ташкилоти расонавии  «Хома» як силсила ток-шоуҳо,  поткастҳо ва маводҳои мултимедиявиро дар бораи саводнокии расонаӣ, ҳуќуќҳои раќамӣ ва дигар мавзуҳои муҳими иҷтимоӣ эҷод мекунад.

Шарикони интихобшуда бояд пешниҳодоти худро бо назардошти натоиҷи муќаддамотии омўзиши минтаќавӣ оид ба истеъмоли расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳоӣ кунанд. Пас аз он ғолибон дар соли 2023 бо дастгирии тренерҳо ва муррабиёни лоиҳа лоиҳаҳои худро амалӣ мекунанд.

Озмуни грантӣ барои истеҳсоли муҳтаво дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо) гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *