Идомаи қабули дархостҳо барои иштирок дар STORYCRAFT2023

Қабули дархостҳо барои иштирок дар лабараторияи минтақавии инноватсионии STORYCRAFT2023 идома дорад. Озмун дар доираи лоиҳаи минтақавии «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) эълон шудааст.

Дар он дастаҳои байналмилалӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон метавонанд ширкат кунанд (як даста = камаш ду кишвар).

Агар шумо хоҳед, ки иштирок кунед, аммо шарики дигар аз кишвари дигар надоред, метавонед шарики худро дар инҷо пайдо кунед.

Дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбон, шумо метавонед лоиҳаеро дар ҳама гуна мавзуъҳои доғи марбут ба кишварҳои худ эҷод кунед. Муҳим он аст, ки лоиҳаи шумо ба шунавандагони шумо барои беҳтар фаҳмидани рўйдодҳои ҷорӣ, интиқод ба иттилоот ва таблиғи ғояҳои муҳтавои баландсифат ва боэътимод кўмак намояд. Internews инчунин тасаввуроти шуморо дар жанрҳо, шаклҳо ва форматҳо маҳдуд намекунад. Сарфи назар аз он, ки забони кории лаборатория русӣ аст, мундариҷаи офаридашуда метавонад бо ҳама забонҳои маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Дар асоси натиҷаҳои озмун, мо ҳашт лоиҳаи ҷолибтарин, рўзмарра ва мувофиқро интихоб мекунем ва дастаҳоро барои иштирок дар озмоишгоҳи чоррўзаи инноватсионии StoryCraft2023 даъват мекунем. Бо дастгирии мураббиён ва созмондиҳандагон, дастаҳо имкон пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳоро коркард намоянд ва барои татбиқи  идеяҳои худ то 20 000 евро грант ба даст оранд.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо барои ширкат – 10-уми ноябр, соати 23:59 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Муфассал дар бораи шартҳои озмун метавонед инҷо маълумот гиред.

Лабораторияи минтақавии инноватсия: STORYCRAFT2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Интернюс бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *