Омӯзиши донишҳои СИР дар якҷоягӣ бо ҳуқуқ ва SMM

Хонаи СИР дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи “СИР: Ҳуқуқ ва SMM” доир кард. Ҳамоҳангсозии ин лоиҳаро Гулорохон Тӯраева, менеҷери Хонаи СИР дар шаҳри Хуҷанд, омӯзгори забони англисӣ, сафири СИР дар Осиёи Марказӣ бар уҳда дошт. Дар ҷараёни ин лоиҳа  2 омӯзиш: “СИР ва Ҳуқуқ” ва “SMM (бозорёбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ)” баргузор шуд. Ин омӯзишҳо қариб 50 иштирокчиро ба ҳам оварданд, ки зиёде аз онҳо ҷавонон буданд. Ширкатдорон донишҳои СИР-ро тариқи SMM ва масъалаҳои ҳуқуқӣ омӯхтанд.  Ҳатто мураббиёни омӯзишҳо низ коршиносони болаёқати ҷавон буданд. Пас аз курсҳои омӯзишӣ ширкаткунандагон донишҳои худро дар амал истифода бурда истодаанд.

Гулорохон Тӯраева, коршиноси соҳаи СИР аст ва муҳаббату хоҳиши омӯхтани ин донишҳоро ҳангоми омӯзиши забони англисӣ шурӯъ кардааст. Ӯ на танҳо худаш ин донишҳоро меомӯзад, балки ба шогирдони худ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ меомӯзонад. Ҳамзамон яке аз иштирокчиёни фаъоли Эдютон, семинари инноватсионии донишҳои СИР буда, ғолибиятро низ дар ин семинар ба даст овардааст. Вақте соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд Хонаи СИР ташкил шуд, ӯ яке аз ҳаммуаллифони ин лоиҳа ба ҳисоб мерафт.

Гулорохон Тӯраева

“Дар чаҳорчӯбаи Хонаи СИР бисёр чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардиданд. Таҷриба нишон дод, ки сессияҳо ва тренингҳои алоҳида доир ба мавзуъҳои гуногуни СИР натиҷаи нисбатан хуб доданд, аммо мо тасмим гирифтем донишҳои СИР-ро ба ҳуқуқ ва SMM рабт дода, омӯзишҳо баргузор намоем”-мегӯяд Гулорохон Тӯраева, муаллифи лоиҳаи “СИР: Ҳуқуқ ва SMM”.

Инчунин Гулорохон қайд мекунад, ки якчанд омилҳо сабаб шуданд, ки маҳз ҳуқуқ ва SMM-ро ба СИР рабт дода, ин мавзуъҳоро дар муҳтавои СИР баррасӣ кунанд. Интернет бисёр имкониятро барои рушд кардан фароҳам овард. Бо баробари ин имконият, масъулияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ набояд кам бошад. Ҳангоми пеш бурдани муҳтавои худ, тиҷорат ва умуман  ҳузур дар фазои маҷозӣ, корбари шабакаи иҷтимоӣ набояд аз  ҷанбаҳои ҳуқуқӣ сарфи назар кунад. Барномаи омӯзишӣ доир ба СММ-ро ба хотири пайдо ва баланд бардоштани малакаи эҷоди муҳтаво мувофиқ бо алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоии гуногун ба роҳ монданд. Зеро мутахассиси SMM-ро зарур аст, ки пеш аз ҳама дониши расонаии хуб дошта бошад.

Ширкаткунандагони омӯзиш

Дар умум, дар ҷараёни омӯзишҳои “СИР: Ҳуқуқ ва SMM” наздики 50 нафар иштирок карданд. Ташкилкунандагони ин омӯзиш ба интихоби иштирокчиён хеле ҷиддӣ назар карданд.

“Аудиторияи мо бештар аз ҷавонон иборат буд. Ҳангоми паҳн кардани эълони оғози курсҳо мо як банди махсус илова кардем, ки дар он довталабон сабаби иштирокашонро дақиқ менависанд. Он касонеро, ки пеши худ мақсади ҷиддӣ ва омодагии иҷрои супоришҳоро гузошта буданд, ба омӯзиш даъват кардем”, – гуфт Гулорохон.

Ниссо Маҳмудова

Ба ҳайси мураббиёни курсҳо низ коршиносони ҷавону болаёқат ҷалб карда шуданд. Яке аз он коршиносон Нисо Маҳмудова, муаллифи лоиҳаи Status, мутахассиси SMM ва PR, веб-дизайнер аз шаҳри Хуҷанд мебошад, ки доир ба мавзӯи пешбурди муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаласа доир карда, аз таҷрибаи худ нақл кард.

“Барои омӯзиш довталабон хеле зиёд буданд. Барои он ки SMM яке аз касбҳои зарурӣ дар бозори расонаии на танҳо мо, балки ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳама ширкаткунандагон фаъол буданд ва зиёд савол медоданд. Мехостанд ҳарчи бештар омӯзанд ва ҳарчи бештар донишҳояшонро дар амал татбиқ кунанд”, мегӯяд Нисо Маҳмудова, яке аз мураббиёни курси омӯзишии SMM.

Моҳрӯ Қурбонова

Ба гуфтаи Гулорохон курсҳо тамом шуданд, вале ширкаткунандагони омӯзиш донишҳои худро дар амал истифода бурда истодаанд. Инро аз рӯйи маводҳое, ки иштирокдорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, дидан мумкин аст. Яке аз ширкаткунандагони омӯзиш Моҳрӯ Қурбонова, рӯзноманигор, сухангӯйи “Суғдсинамо” буд.

“Донишҳое, ки ман ҳангоми омӯзиш гирифтам, дар кори ҳаррӯзаам истифода мебарам. Дар минтақаҳои вилояти Суғд чунин омӯзиш камшумор аст. Ба чунин омӯзиш зиёд ниёз доштем. Ташаккур барои ташкилкунандагон”.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *