74 муаллиф аз рӯи панҷ номинатсия ва 20 аксбардор, карикатурист ва рассом дар категорияи «Замон аз намои наздик» ба финали озмуни MediaCAMP Award 2022 дарОсиёи Марказӣ роҳ ёфтанд. Онҳоро комиссияҳои миллӣ интихоб карданд, ки дар ҳайати он рӯзноманигорон ва коршиносони расонаии шинохта шомил буданд.
Дар маҷмуъ имсол созмондиҳандагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 821 дархост дарёфт карданд.
Ҳамаи ин финалистҳои озмун акнун байни ҳам рақобат мекунанд – корҳои онҳо барои арзёбӣ ба ҳайати доварони минтақавӣ пешниҳод карда мешаванд, ки номашон то эълони натиҷаҳо махфӣ боқӣ мемонад, то аз фишори эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад. Ба хотири бехатарии муаллифон аз Ӯзбекистон ва Туркманистон созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки номи финалистҳои озмунро нашр накунанд, балки шахсан бо онҳо дар тамос шаванд. Мо аз шумо даъват менамоем, ки бо финалистҳо аз кишварҳои дигар шинос шавед.
Қазоқистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Екатерина Волкова бо таҳқиқ барои ProTenge.kz дар бораи он ки чӣ гуна Сафорати Қазоқистон дар Финландия барои кормандони худ кӯшкҳои гаронбаҳоро ба иҷора гирифтааст;
- Олжас Әбдіхалық бо мавод дар бораи сленгҳои «”Easy!”, “Crush!”, “Bro!”: Қазіргі жастар қандай слэнг— сөздерді жиі қолданады?», ки дар канали телевизионии «Казахстан» пахш шуд;
- Руслан Жубаныш ва Құндыз Мәжит бо маводи видеоии «“Абай жолын” әр қазақ оқуы тиіс пе?» дар YouTube-канали Beimalim.
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Евгения Сазонова бо маводи «Радикализатсия ва зиндон ҳамчун донишгоҳ. Он чизе ки моро бо насли NEET таҳдид мекунад” барои портали Baigenews.kz;
- Мадина Аешева бо гузориши видеоӣ аз Вилояти Қазоқистони Шимолӣ “Қазоқҳои эронӣ, забони русӣ, муҳоҷирон” барои Orda.kz;
- Думан Терликбаев бо таҳқиқ барои Factcheck.kz оид ба дастрас будани бонкҳои Қазоқистон барои одамони дорои маъюбият таҳти унвони «“Өз көзімізбен”: қазақстандық банктер мүгедектерге қаншалықты ыңғайлы?».
Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»
- Назгул Абжекенова бо рӯйдод дар бораи “Чӣ гуна як опери собиқ аз по маҳрум шуд, фаршҳоро мешуст ва қаҳрамон шуд” барои Caravan.kz;
- Алина Ерофеева бо лонгрид барои Manshuq.com «Саргузашти Олга»;
- Тлек Бақтыгереев бо фильми ҳуҷҷатӣ дар бораи фарзандхонӣ «Ҳаёти нав: саргузашти ғайриоддии оилаи Дворескийҳо».
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Лаура Копжасарова ва мусоҳибаи ӯ бо коргардони машҳур Сергей Дворсев «Мехоҳам ҳаётро дар шакли пурра нишон диҳам» барои «Панорамаи Шымкент»;
- Айгерим Фазыл бо мавод барои Tengrinews «Дар дашти Костанай як хоҷагии нодир вуҷуд дорад. Бисёриҳо орзу мекунанд, ки дар он ҷо кор кунанд»;
- Оксана Акулова (Габитова) бо мавод аз силсилаи маводҳо дар бораи рушди трансплантология дар Қазоқистон “Рӯйхати интизорӣ“, ки дар Vlast.kz нашр шудааст.
Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»
- Кирилл Каргаполов ва рӯйдод-саргузашти «Куртка аз хун тар шуда буд»: Чӣ тавр шаҳрванди алмаатоӣ шахсони ҳалокшуда ва захмиёнро аз майдон берун меовард» барои The Village Казахстан;
- Диана Ҷумагулова бо рӯйдод-саргузашти «Дӯстон аз Россия гуфтанд, ки мо худамонро бомбаборон мекунем’: Занони украинӣ дар Қазоқистон» барои The Village Казахстан;
- Мейрман Лес бо мулоҳизаҳо дар мавзӯи «Ресей Украинаға басып кіргені үшін жазалана ма?», ки дар Baribar.kz нашр шудааст.
Қирғизистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Анастасия Лисогорова бо таҳқиқи Kloop.kg дар бораи дастрас будани доруҳои мухаддир дар дорухона;
- Чолпонбек Сабырбеков ва Чынаргуль Жумабекова бо таҳлили додаҳо таҳти унвони «Баъди табдили қудрат озодии баён ҳар чӣ камтар мешавад» барои PolitKlinika;
- Александр Александров, Александра Титова ва Зара Садыгалиева бо рӯйдод-саргузашти Жанара, яке аз дастпарварони хонаи бачагон, ки орзуи актриса шуданро дорад, то модарашро пайдо кунад.
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Алӣ Токтакунов ва таҳқиқи ӯ ба забони қирғизӣ «600% үстөк. Кыргызды карызга батырган Сомо»;
- Савия Хасанова ва Мундузбек Калыков, ки дар мавзӯи «Ин зан дар он ҷо чиро гум кардааст? Таҳқиқоти Kloopa дар бораи нобаробарӣ дар ҳукумати Қирғизистон»;
- Анастасия Бенгард аз 24.kg чунин савол гузоштааст «Доғи нафтӣ дар Иссиқкӯл: даҳ соли гуфтугӯ, кай ҳал мекунем?».
Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»
- Дилде Шатанова ва Алымбек Кенешов ба тамошобинони Kloop.kg рӯйдод-саргузашти «Үч дөңгөлөктүү велосипед менен мектепке барган Бекболдун окуясы» нақл карданд;
- Кайрат Замирбеков, Айдай Токоева, Александр Александров ва Дилде Шатанова рӯйдод-саргузашти дигареро пешкаш мекунанд, ки дар Kloop.kg «Гемофилия менен ооруган Аскат атыр самын дүкөнүн ачты» нашр шудааст;
- Ассел Сооронбоева ва Kaktus.media дар бораи рӯйдод-саргузашти Айҷамали гирифтори ВНМО нақл карданд, ки шавҳар карда, духтари солим ба дунё овардааст.
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Айзирек Иманалиева ва рӯйдод-саргузашт дар бораи соҳибкори экологӣ Таалайбек Асейинов барои Kloop.kg;
- Анастасия Лысогорова, Мундузбек Калыков, Айдай Токоева ва Александр Александров бо рӯйдод-саргузашт дар бораи як сокини деҳа, ки мошинашро фурӯхта, қарз гирифта, корхонаи коркарди партовро ба роҳ меандозад;
- Алибек Ажибеков ва рӯйдод-саргузашт барои «Энеден калган өнөр киреше булагына айланды».
Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»
- Алӣ Токтакунов бо мақолаи «Иғво ва дурӯғ. Кӣ талош мекунад қирғизҳо ва қазоқҳоро бо ҳамдигар ба муноқиша андозад?»;
- Айдай Токоева ва Анастасия Лисогорова дар саҳифаҳои Kloop.kg дар бораи табибе аз Қирғизистон нақл карданд, ки ба гурезаҳои украинӣ кӯмак мекунад;
- Гулмира Маканбай кызы мавзӯи «Вазъият дар сарҳад. Кӣ ва чӣ тавр хонаҳои харобшударо дар Бодканд барқарор мекунад»-ро таҳлил намуд ва дар ин бора ба хонандагони 24.kg нақл кард.
Тоҷикистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Тоирзода Ҷомӣ бо маводи «Зинда бош, Шӯроб! Чӣ гуна як шаҳрванди ҷавони тоҷик шаҳри худ ва зиндагии сокинони онро дигар мекунад» барои Your.tj;
- Нина Петрушкова бо маводи «Маоши камтар, таҳсили камтар, баробарии камтар» барои Nuqta.info;
- Файзуллохон Обидов бо як рӯйдод-саргузашт бо забони тоҷикӣ дар бораи ҷавоне, ки ба муҳити зист ғамхорӣ мекунад «Дар Хуҷанд ҷавони 17 сола барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ қуттиҳои маҳсуси партов гузоштаст» for Your.tj.
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Масъуд Воҳидов бо навори видеоӣ дар бораи тағйирёбии иқлим «Тағйирёбии иқлим»;
- • Зулфия Голубева бо материали «Холигоҳи қонунӣ барои педофилҳо. Чаро исбот кардани таҷовуз ба номуси кӯдакон дар Тоҷикистон мушкил аст» барои Your.tj;
- • Мазҳаб Ҷумъа барои AsiaPlus бо мавзӯи «Чаро баъзе дастуру қарорҳои Рустами Эмомалӣ иҷро намешаванд?».
Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»
- Нодираи Собирзод бо саргузашти зане, ки дар истгоҳи хизматрасонии техникии «Маликаи вулканизатсия. Чӣ тавр усто Сайрамхон чархи мошинҳоро таъмир мекунад» барои Your.tj;
- Алия Ҳамидуллина ва рӯйдод-саргузаште таҳти унвони «Орзуҳо сарфи назар аз ташхис: дар Хуҷанд модар писарашро бо синдроми Даун зан дод» барои AsiaPlus;
- Шодмон Кенҷаев ва мавод барои Your.tj «Шабнам тасаввур намекунад, ки агар бе маъюбӣ ба дунё меомад, тақдираш чӣ гуна мешуд».
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Нодираи Собирзод ва рӯйдод-саргузашти Парвизи Орзуқул бо номи «AdAstra-и Парвиз. Чӣ гуна як ҷавони тоҷик ба ситораҳо таваҷҷуҳ пайдо мекунад ва экскурсияҳои астрономӣ баргузор мекунад» барои Your.tj;
- Карина Олимова бо мавзӯи фатҳи табиат «Ман барои мардум кор намекунам, вале иҷрои амалҳоро дӯст медорам». Шаҳрванди тоҷик, ки Эверестро фатҳ кардааст, чӣ гуна зиндагӣ мекунад?» барои Your.tj;
- Шодмон Кенҷаев ва рӯйдод-саргузашти дигар барои Your.tj «Устоди ҳунари нақши рӯи оҳан. Чӣ тавр Раҳмон Сотиев гербҳои филизии Тоҷикистонро месозад».
Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»
- Нодираи Собирзод бо маводи «Ман акнун наметавонам ба оилаам пул фиристам». Рӯйдод-саргузаштҳои муҳоҷирони тоҷик дар бораи он ки амалиёти низомии Русия дар Украина ба онҳо чӣ гуна таъсир расонид» барои Your.tj;
- Алия Ҳамидуллина ва мавод барои AsiaPlus «Ин даҳшатноктарин чизе буд, ки ман аз сар гузаронидам». Рӯйдод-саргузашти тоҷиконе, ки аз Украина фирор кардаанд».
Номинатсияи «Замон аз намои наздик»
Асарҳо дар номинатсияи махсуси «Замон аз намои наздик» то 31 июл қабул карда шуданд. Ба монанди соли гузашта ба ин номинатсия на танҳо суратҳо, балки карикатураҳо, коллажҳо ва ороишҳо (иллюстратсияҳо) низ пешниҳод кардан мумкин аст. Асарҳое, ки ба «Замон аз намои наздик» пешниҳод шуда буданд, инчунин аз интихоби техникӣ – мувофиқ будан ба талаботи фаннӣ ва дигар талаботи озмун гузаштанд. Вале дар ин номинатсия мухотабон (аудитория) ғолибро интихоб мекунанд – маҳз муаллифи асаре ғолиб хоҳад шуд, ки бештар лайк мегирад. Тариқи ин пайванд то 30 сентябри соли 2022 метавонед барои ғолиб овоз диҳед.
Навгонии имсола дар он аст, ки ба ҷуз ғолиби асосӣ дар ин бахш шояд як ғолиби дигар низ бошад. Барои ин мо аз ҳайати доварони минтақавии MediaCAMP Award хоҳиш мекунем, ки ба маводҳои номинатсияи «Замон аз намои наздик» низ шинос шаванд – ба салоҳдиди онҳо мумкин аст ҷоизаи махсус дода шавад.
Ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо 10 октябр дар маросиме эълон ва мукофотонида мешаванд, ки ба фестивали MediaCAMP Fest 2022 хотима мебахшад.
Ҳамоҳангсозони озмун ғолибони озмунро табрик мекунанд ва аллакай бо онҳо тамос мегиранд, то онҳоро ба сифати иштироккунандагони махсуси фестивал даъват намоянд. Онҳое, ки ба финал роҳ наёфтанд, Internews барои вақти ҷудокардаашон ва маводҳои хуб миннатдорӣ баён мекунад.
“Ҳар сол интихоб мушкилтар мешавад” – мегӯянд ҳамоҳангсозони MediaCAMP Award. – На танҳо миқдори асарҳои ба озмун пешниходшаванда, балки сифати онҳо ҳам афзоиш меёбад. Муаллифон дар форматҳои тамоман гуногун кор мекунанд, бинобар ин аъзоёни ҳайати доварон ҳангоми интихоби ғолибон на танҳо ба мавзуъҳои ҷолибу муҳим бояд таваҷҷуҳ кунанд, балки сабки маводҳо, сифати визуализатсия ва тарзи пешниҳоди онҳоро муқоиса кунанд. Соли оянда мо умедворем, ки боз дар байни иштироккунандагон онҳоеро бубинем, ки ин бор ба шорт-лист (рӯйхати кӯтоҳ) дохил нашуданд. Ҳатман ба озмуни навбатӣ дархост пешниҳод намоед. Эҳтимолияти зиёд вуҷуд дорад, ки шумо яке аз довталабон барои пирӯзӣ хоҳед шуд!».
31 августи соли 2022 Манана Асламазян — яке аз маъруфтарин коршиносони расонаӣ дар ҷаҳон, барандаи ду ҷоизаи ТЭФИ, аз ҷумла барои саҳми шахсиаш дар рушди телевизиони Русия, коршиноси Internews оид ба рушди стратегӣ, раиси беназири ҳайати доварони минтақавии MediaCAMP Award, дар Ереван ба таври фоҷиабор ҳалок шуд, ки асосан ба шарофати ӯ озмуни мазкур ба он шакле табдил ёфт, ки расонаҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ онро мешиносанд ва дӯст медоранд.
Дастаи Internews барои ёдбуди ин ҳамкор тасмим гирифт ҷоизаи Манана Асламазянро таъсис диҳад. Ин ҷоиза дар маросими ҷоизасупории Award 2022 тақдим мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи ҷоиза ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Рӯйхати ғолибони MediaCAMP Award 2021-ро дар ин ҷо, 2020 – дар ин ҷо ва озмуни 2019 – ро дар ин ҷо дидан мумкин аст.
Озмуни мазкур бо кӯмаки молии мардуми Амрико, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, гузаронида шудааст. Internews барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.