Мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ давоми беш аз як сол рӯи китоби дарсии нав доир ба саводи расонаӣ ва рақамӣ ба забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон кор карданд. Дар натиҷа, китоби дарсӣ иборат аз 17 модул ва се боб мунташир шуд, ки дар онҳо намунаҳои воқеӣ аз фазои расонаии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарфи назар аз тиражи ками китоби дарсии нав доир ба саводи расонаӣ ва рақамӣ (ҳамагӣ 50 нусха), ин нахустини интишороти китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии маҳаллӣ мебошад, ки нусхаи электронии он ба зудӣ дар Интернет барои корбарон дастрас хоҳад шуд. Нусхаи электронии он нисбат ба чопӣ васеътар хоҳад буд: барои он муаллифон бо дастгирии Интернюс модулҳои иловагиро таҳия менамоянд.
Китоби дарсӣ нашри мутобиқшуда мебошад: китоби дарсӣ дар шакли ибтидоӣ аз ҷониби мутахассисони Қазоқистон ва Украина ба забони русӣ таҳия шуда буд. Сипас, онро омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мутахассисони ВАО-и Тоҷикистон аз нав дида баромада, такмил доданд. Дар натиҷа, нусхаи 360-саҳифагӣ (нусхаи русии он аз 260 саҳифа иборат аст) бо намунаҳои воқеъӣ аз фазои расонаии Тоҷикистон ва маълумот аз манбаъҳои кушодаи дохили кишвар ба даст омад.
– Мо умедвор ҳастем, ки ба ин китоби дарсӣ баҳои сазовор дода мешавад ва коре, ки барои таҳияи он иҷро шудааст, дар назар гирифта мешавад, – гуфт Рустам Гулов, мутахассиси Интернюс дар Тоҷикистон оид ба саводи расонаӣ ва рақамӣ, ки ин лоиҳаро назорат мекард. – Дар бисёр модулҳо донишҳои муҳими консептуалӣ пешниҳод карда мешаванд, ки барои муддати тӯлонӣ мубрам хоҳанд буд. Бо вуҷуди ин, албатта, маълумоти оморӣ низ вуҷуд доранд, ки ба таҷдид ниёз хоҳанд дошт. Аммо қисми зиёди ин маълумот аз манбаъҳои боз ба даст омадаанд, аз ин рӯ, дар сурати зарурат, мумкин аст зуд ба манбаъи аслӣ муроҷиат намуда, бифаҳмед, ки чӣ тағйир ёфтааст. Истинодҳои дахлдор дар ҳар бахши китоб оварда шудаанд.
Ба гуфтаи Рустам, тираж, пеш аз ҳама, дар байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ паҳн карда мешавад, ки онҳо ба таълими саводнокии расонаӣ ба донишҷӯён робита доранд. Ҳамчунин, дар нақша гирифта шудааст, ки қисме аз китобҳои дарсӣ дар байни шарикони Интернюс паҳн карда шавад, ки лоиҳаҳо оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамиро амалӣ мекунанд.
Тибқи суханони яке аз муаллифони китоби дарсӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раъно Бобоҷониён, сарфи назар аз он, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон фанни алоҳида оид ба саводи расонаӣ ва рақамӣ вуҷуд надорад, дарсҳо дар ин мавзӯъ мумкин аст ба таркиби дигар фанҳо дохил карда шаванд.
– Ҳамааш аз омӯзгорон вобаста аст. Пас аз он ки худи омӯзгорон бо мавод шинос мешаванд, онро меомӯзанд, онҳо метавонанд саводи расонаӣ ва рақамиро ҳамчун курси махсус таълим диҳанд ё дар вақти дарсҳои иловагӣ ба ин самт машғул шаванд, ҳамааш аз дидгоҳи омӯзгорон вобаста аст, – гуфт Раъно Бобоҷониён.
Вай тавзеҳ медиҳад, ки сатҳи саводи расонаӣ ва рақамӣ дар байни донишҷӯён дар Тоҷикистон гуногун аст.
– Баҳои воқеӣ ва бетарафона додан барои ман душвор аст, аммо ба назари ман, донишҷӯёни мо дар ин соҳа ончунон паймоиши хуб надоранд. Ба таври мисол, дар донишкадаи ман – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат – на ҳамаи донишҷӯён ба Интернет дастрасии озод доранд ва барои ҳавасманд кардани онҳо ба ман лозим мешавад, ки вазифаи хонагиро ба почтаи электронӣ ирсол намоям, то ки онҳо дар он ҷо сабти ном кунанд. Дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, масалан, дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, мушкилоти дастрасӣ ба Интернет камтар мебошад ва сатҳи саводнокии расонаии донишҷӯён баландтар аст, шарҳ дод Раъно.
Китоби дарсии нав, пеш аз ҳама, барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр пешбинӣ шудааст, вале он барои ҳамаи шахсоне муфид хоҳад буд, ки ба масъалаҳои саводнокии расонаӣ таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд механизмҳои кори соҳаи ВАО-ро хубтар дарк намоянд, фаҳманд, ки чӣ гуна ин бозор кор мекунад.
– Мо мебинем, ки Вазорати маориф ва илм низ аҳамияти баланд бардоштани сатҳи саводи расонаии аҳолии Тоҷикистонро дарк мекунад ва мо умед дорем, ки метавонем дар ин соҳа ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ монем, – гуфт Рустам Гулов.
Дар ҳамин ҳол, муҳаррири масъули ин дастурамал Гулнар Асанбаева, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мушовири минтақавии Интернюс оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ буд. Муҳаррири илмӣ ва муқарриз – Валерий Иванов, доктори илмҳои филологӣ, профессор, президенти Академияи матбуоти Украина. Дар мутобиқсозӣ ва тарҷумаи нусхаи тоҷикии он Иззатманд Саломов, рӯзноманигор, коршиноси ВАО, Раъно Бобоҷониён, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Шаҳодат Соҳибназарова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Қутбиддин Мухторӣ, номзади илмҳои филологӣ, Набӣ Юсупов ва Таҳмина Ҳакимова, рӯзноманигорон, коршиносони ВАО, Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО ва дигарон иштирок намуданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.