Онлайн театр ва тарҷума ба забони имову ишора: чӣ гуна дар минтақаҳои Тоҷикистон аввалин фестивалҳо оид ба саводнокии расонаӣ баргузор шуданд

Фестивалҳо оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ дар моҳи май дар ду минтақаи Тоҷикистон – вилояти Суғд ва ВМКБ баргузор гардиданд. Гарчанде ҳар ду чорабинӣ дар шакли онлайн сурат гирифтанд, ташкилкунандагони он  тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки иштироккунандагони аз чорабиниҳои маҷозӣ (виртуалӣ) хасташуда, дар кори фестивалҳо фаъолона ширкат варзанд.

Гулорохон Тӯраева, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ғояи саводи расонаиро дар вилояти Суғд тарвиҷ мекунад, мегӯяд, вақте ӯ тасмим гирифт, ки дар озмуни грантҳои аз ҷониби Интернюс барои баргузор намудани фестивалҳои онлайн оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон дар охири соли гузашта эълон шуда иштирок намояд, вай умеди кам дошт, ки то баҳори соли 2021 вазъият тағйир меёбад ва  ӯ нахустин чорабинии худро дар ин миқёс ба шакли офлайн баргузор кунад. Вай ва ҳамкораш аз Хоруғ – Афсона Мамадаёзова дар озмун ғолиб омаданд, вале ба зудӣ маълум шуд, ки фестивалҳо ҳанӯз ҳам ба хотири мулоҳизаҳои бехатарӣ бояд ба шакли “фосилавӣ” баргузор карда шаванд.

Ҳарду фестивал дар тӯли се рӯз гузаштанд.Ташкилкунандагон аз чанд манотиқи Хуҷанд ва Хоруғ ба эфир баромаданд; мушвиқони идеявии саводи расонаӣ ва рақамӣ – Илҳом Ҷамолиён, Ҷамшед Маъруфов, Шаҳодат Саибназарова, Даря Христолюбова, Раъно Бобоҷониён ва дигарон ба унвони суханрон дар чорабиниҳо иштирок намуданд.

– Мо, албатта, дар тӯли тамоми давраи пандемия бисёр тренингҳоро тариқи онлайн баргузор намудем, вале фестивали онлайн оид ба саводнокии расонаӣ барои ман нахустин чорабинӣ дар чунин миқёс шуд ва ман барои ин таҷриба бисёр миннатдор ҳастам, – эътироф мекунад Гулорохон.

Гулорохон Тураева, Facebook

Бо ин вуҷуд, ҷашнвора дар Хуҷанд бедуни  ҷаласаҳои офлайн набуд: қисме аз  суханронон дар панҷ макони вилояти Суғд гирд омада, аз онҷо ба воситаи ZOOM бо иштирокчиёни ин маърака тамос гирифтанд. Барои гуногунсозии барнома, дастаи Гулорохон Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодомро ҷалб намуд. Гурӯҳи эҷодии он дар Тоҷикистон ягона санъаткороне буданд, ки дар давраи пандемия фаъолона ба шакли онлайн кор кард. Махсус барои фестивал, онҳо як намоиши хурдро дар мавзӯъи саводнокии расонаӣ ва рақамӣ омода карданд ва онро ба шакли маъмул дар ҳузури тақрибан дусад нафар тамошобин бозӣ карданд.

– Сухангӯён дар панҷ макон ҷамъ омаданд – Хонаи саводнокии расонаӣ, ки мо онро чанде пеш дар ду академияи “Рушд”, дар лабораторияи инноватсионии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат ва дар филиали Донишгоҳи политехникӣ ифтитоҳ кардем. Дар тӯли ҳар се рӯзи фестивал ин ҷо 15-20 нафар ҷамъ меомаданд ва илова бар ин, 60-80 нафар мунтазам тариқи ZOOM иштирок варзиданд. Ғайр аз ин, мо ҳамчунин дар Facebook пахш доштем, мегӯяд Гулорохон.

Вижагии дигари фестивали Хуҷанд онлайн тарҷума ба забони имову ишора буд.

– Ман борҳо мушоҳида кардаам, ки одамони дорои нуқсонҳои шунавоӣ дар Хуҷанд маҳоратҳои олии кор бо смартфон, дар Интернет доранд ва барои ман муҳим ба назар расид, ки принсипҳои саводнокии расонаӣ ба онҳо расонида шавад. Тарҷумон бо кори фестивал аз Душанбе пайваст шуд; 13 иштироккунанда аз тарҷумаи ӯ истифода намуданд ва онҳо тамоми се рӯзи фестивал бо мо буданд, мегӯяд Гулорохон.

Баргузоркунандагони ҷашнвораи онлайн дар Хоруғ низ ба асолат фикр карданд. Ба унвони мисол Афсона Мамадаёзова ва дастаи ӯ тасмим гирифтанд, ки барои онлайн-аудитория (мухотабон) рақси помириро нишон диҳанд.

Афсона Мамадаёзова, Internews

– Мо хостем, ки иштироккунандагон, бигузор дар режими онлайн ҳам бошад, фазои идро эҳсос кунанд, мо хостем диққати аудиторияро ҷалб кунем, то ки барои онҳо шавқовар бошад, мегӯяд Афсона.

Ба гуфтаи вай, фестивали саводи расонаӣ ва рақамӣ бори аввал дар Хоруғ баргузор мешавад ва ин чорабинӣ дар чанд соли охир нахустин маъракаи расонаӣ дар ВМКБ буд.

– Мо низ фестивалро дар режими омехта гузаронидем – қисме аз иштироккунандагон ва сухангӯён дар толори маҷлисии Маркази Исмоилия қарор доштанд. Фазои он имкон медод, ки дар байни ширкаткунандагон фосила риоя шавад. Қисми дигар танҳо ба шакли онлайн иштирок намуданд, мегӯяд Афсона.

Дар Хоруғ, фестивал монанди фестивали Хуҷанд он қадар серодам набуд (аз 30 то 50 нафар), аммо қисми назарраси одамон, ки тариқи ZOOM иштирок намуданд, бори аввал истилоҳи “саводи расонаӣ ва рақамӣ”-ро шуниданд.

“Одамон ҳайрон буданд, ки саводи расонаӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо ҳузур дораду барояшон бисёр лозим аст. Онҳо фикр мекарданд, ки ин як чизи дур аст, ки ҳаргиз ба онҳо лозим нахоҳад шуд, – шарҳ дод Афсона.

Дар мавриди мушкилот зимни баргузории фестивалҳо инро зикр кардан лозим аст,ки  албатта онҳо чӣ дар Хуҷанд ва чӣ дар Хоруғ вуҷуд доштанд.

– Дафъаи оянда ман ба таҳияи рӯйхати иштироккунандагон 2-3 ҳафта пеш аз оғози чорабинии онлайн шурӯъ мекунам, – гуфт Гулорохон. – Ман кӯшиш мекунам шахсан боварӣ ҳосил намоям, ки ҳар кадоми онҳо ба Интернет, дастгоҳ барои алоқа дастрасӣ доранд ва онҳо медонанд, ки чӣ гуна бо платформаҳои монанди ZOOM кор кунанд. Сарфи назар аз он ки мо барои ҳамаи иштироккунандагони худ Интернет харидем, онҳое буданд, ки мутаассифона, натавонистанд ба конфронс пайваст шаванд.

Афсона низ бо мушкилоти техникӣ рӯ ба рӯ шуд.

– Аз ҷониби мо иштибоҳҳо буданд, масалан, мушкили садо вуҷуд дошт. Ман таҷрибаи гузаронидани чунин чорабиниҳои онлайн надоштам ва лозим шуд, ки ҳама чизро биомӯзам. Мо аз мутахассисони идораи Интернюс дар Душанбе, ки моро ҳангоми гузаронидани фестивал дастгирӣ карданд, сипосгузор ҳастем, – гуфт Афсона.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *