Шабакаи телевизионии вилояти Суғд “CM1” дар якҷоягӣ бо нӯҳ шабакаи телевизионии мустақили дигар лоиҳаи таҷдидгардидаи “Набзи зиндагӣ” -ро ба роҳ андохт. Ин як барномаи телевизиониест, ки дар он рӯзноманигорон зимни сӯҳбат бо қаҳрамонону коршиносон якҷоя як мавзӯъи актуалиро баррасӣ мекунанд. Ин барнома аз ҷониби рӯзноманигорони вилояти Суғд, Хатлон,шаҳри Турсунзода омода мешавад.
“Набзи зиндагӣ” як лоиҳаест, бо собиқаи бузург. Ин лоиҳа дар ибтидои солҳои 2000-ум ба шакли хулосаи ахбор аз минтақаҳои кишвар роҳандозӣ шуда буд, ки дар омода сохтани он чанд шабакаи телевизионӣ кор мекарданд. Тирамоҳи соли гузашта Интернюс дар Тоҷикистон озмуни грантиро барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати калон” эълон кард. Баъдан роҳбарони шабакаи телевизионии “CM1” қарор доданд, ки ҳамин лоиҳаро дубора барқарор кунанд ва ҳамин тавр миёни ғолибони озмун қарор гирифтанд. Онҳо ҳамкорони худро аз телевизионҳои дигар ба лоиҳа даъват карданд: ТВ “Мавҷи Озод” аз Восеъ, ТВ “Регар”, “Қӯрғонтеппа”, ТВ “Исфара”, “Мастчоҳ”, “Ғӯлакандоз” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, “ТВ5” аз Конибодом ва ТВ “Азия” аз Хуҷанд. Онҳо дар паёмрасонҳо чатҳои корӣ кушода, дар он мавзӯъҳоро муҳокима карда, баъд аз он барномаҳоро таҳия мекунанд.
– Дар ибтидои солҳои 2000-ум мо тақрибан бо чунин таркиб кор мекардем, ҳоло шогирдонамон ин лоиҳаро идома медиҳанд. Мо кори пешинаро бо равишҳои нав пеш гирифтем. Ҳама бо шодмонӣ қабул карданд, зеро чанд муддат шуд, ки якҷоя кори бузург накардем, – мегӯяд Илҳом Ҳошимов, сармуҳаррири CM1.
Дар ҳамон чатҳо бо рӯзноманигорони тоҷик мураббии онҳо – рӯзноманигори рус, хабарнигори нашрияи “Сибир.Реалии” Денис Бевз кор мекунад. Ӯ ба Илҳом дар таҳияи барнома кӯмак карда, барои ҳар як қисм тавсияҳо медиҳад.
– Ин формат он қадар душвор нест. Ман бачаҳои телевизионҳои минтақавии Тоҷикистонро хуб мешиносам, онҳо метавонанд корҳои мураккабтареро кунанд. Вале вазифаи ин лоиҳа дигар аст. Мо ҳама аз телевизиони пешазинтернетӣ баромадем. Ҳоло бошад ҳама чиз тағйир ёфтааст, барои телевизион низ инчунин. Ҳоло муҳим аст, ки аудиторияро ҷалб карда тавонӣ. Барои ин, ба шумо лозим аст, ки форматҳои гуногунро санҷида муайян кунед, ки чӣ чизе мавриди писанди аудитория қарор мегирад. Истифодаи дастурамали омодаи каси дигар натиҷа нахоҳад дод, бояд ба дунболи муҳтавои худӣ бошем, мисли он чизе, ки мо бо ҳамкорони худ дар ин лоиҳа мекунем, – мегӯяд Денис Бевз.
Илова бар ин, рӯзноманигор чунин меандешад, ки ба шарофати “Набзи зиндагӣ” рӯзноманигорон дар ҳолати барои худ ғайритабиӣ қарор гирифтанд – онҳо таҷрибаи каси дигарро касб мекунанд, бо кори ҳамкасбонашон ошноӣ пайдо мекунанд, чизҳои наверо меомӯзанд ва ин барои рушди малакаҳои касбии кормандон хеле муфид аст.
Тими корӣ аллакай ду барномаи телевизионӣ омода кардааст: дар барномаи аввал рӯзноманигорон мавзӯъи тиҷорати интернетӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар барномаи дуюм дар атрофи ваксина сӯҳбат оростанд. Дар маҷмӯъ, муаллифон омода сохтани 20 барномаро ба нақша гирифтанд. Сари ҳар як нашри барнома ба навбат кор мекунанд. Масалан, барномаи аввалро каналҳои “Регар” ва “Ғӯлакандоз”, дуввумашро “Азия”, “Мавҷи Озод” ва “ТВ5” таҳия кардаанд. Барномаҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва дар шабакаи иҷтимоии YouTube нашр мегарданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.