Интернюс барои иштирок дар Business LAB озмун эълон мекунад

Интернюс барои иштироки расонаҳои Тоҷикистон дар Business LAB, ки аз 11 уми май то 25 уми июни соли 2021 онлайн баргузор мешавад, озмун эълон мекунад.

Агар шумо дар Business LAB ширкат варзед, пас аз он метавонед :

  • Маҳорати мудирияти стратегии расонаатонро беҳтар кунед;
  • Рӯйкарди маҳсул барои тавлид ва фурӯши муҳтаворо аз худ кунед;
  • Шарикони воқеии тиҷоратиро ба даст оваред;
  • Пешниҳодҳои омодаро барои онҳо таҳия кунед;
  • Таҳлили расона ва мушовара барои рушди онро гиред.

Хатмкунандагони Business LAB инчунин дар озмуни махсуси грантӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори молиявӣ ва идоракунӣ иштирок хоҳанд кард.

Барномаи лаборатория маърӯзаҳо, машваратҳои амаливу инфиродӣ, ва корҳои «саҳрои» -ро дар бар мегирад. Коршиносони маъруфи расонаӣ ва намояндагони тиҷорати миллӣ ба ҳайси сухангӯён ширкат хоҳанд кард.

Барои иштирок тимҳои расонаии Тоҷикистон даъват карда мешаванд, ки фаъолияташон ба диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ, роҳандозии муҳтавои нав ва даромадории он, тағйироти дарозмуддат дар идоракунии таҳририя равона карда шудаанд.

Ин тим бояд ду роҳбари масъули истеҳсоли муҳтаво ва даромадориро дар бар гирад. Гурӯҳҳои ба Лаборатория даъватшуда бояд иштироки пурраро дар барнома таъмин кунанд. Афзалият ба тимҳое дода мешавад, ки барои тағйирёбӣ саъй карда, метавонанд динамикаи баланди онро таъмин кунанд.

Лаборатория дар ду самти расонаь фаъолият мекунад: яке барои мухотабони калонсол ва дигаре барои ҷавон.

1) УМУМӢ: расонае, ки дар дилхоҳ формат,  барои аудиторияи бузургсол кор мекунад;

2) АКСЕЛЕРАТОРИ ҶАВОНОН: расонаҳои ҷавоне, ки бо таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва таблиғ дар ин аудитория фаъолият доранд.

Дархостро ба ин линк гузашта, то 14 уми апрели соли 2021 пур кунед.

  • 14-30 уми апрел рӯйхати мухтасар омода карда мешавад.
  • 5 – уми май иштирокчиёни Business LAB эълон карда мешаванд.
  • Тахминан 10 – 15 уми май Business LAB ба кор шурӯъ мекунад.

Омӯзиш бо забони русӣ сурат мегирад ва дар ҳолати зарурӣ тарҷума ба забонҳои миллӣ таъмин карда мешавад.

Оид ба ҳамаи саволҳо ба суроғаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *