Филиали Интернюс Нетуорк Инк. дар Тоҷикистон ҳамаи шахсони ҳавасманд ва ҳуқуқиро даъват мекунад, ки дар лифофаҳои мӯҳршуда ё дар шакли электронӣ барои гирифтани таҷҳизот дархост пешниҳод кунанд. Ном ва маълумоти бештар дар бораи таҷҳизот дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст:
№ | Номи таҷҳизот | Хусусият | Воҳиди ченак | Шумора |
1 | Камераи рақамии беоинаи Sony Alpha a7R IV | Камераи рақамии беоинаи Sony Alpha a7R IV бо объективи 24-105 мм + 128GB UHS-II SDXC | маҷмӯъ | 1 |
2 | Корти ҳофиза | Кортие, ки 128GB хофиза дорад, Professional 1667x UHS-II SDXC 4K UHD барои камераи Sony Alpha a7R IV | дона | 2 |
3 | Аккумулятори лити-ионнӣ аккумулятор барои Sony Alpha a7R IV | Аккумулятори лити-ионни аккумулятор NP-FZ100, 7,2 В ҷараёни мустақим, 2280 мАч барои Sony Alpha a7R IV | маҷмӯъ | 2 |
4 | Объективи Sony FE 70-200mm | Объективи Sony FE 70-200mm f / 2.8 GM OSS андозаи филтр 77 мм (аз пеш) барои Sony Alpha a7R IV | маҷмӯъ | 1 |
5 | Дурахш барои камераи Sony Alpha a7R IV | Маҷмуъи дурахши лити-ионнии дурахши Godox VING V860IIS TTL барои камераи Sony Alpha a7R IV | маҷмӯъ | 1 |
6 | Ҷувздон барои камера | Ҷувздони ҳимоякунанда (рюкзак) барои камера | маҷмӯъ | 1 |
7 | Микрофонҳои бесим | Системаи омехтаи бесими микрофон Sennheiser EW 100 ENG G4 бо васлкунандаи камера (A: от 516 до 558 МГц) | маҷмӯъ | 1 |
8 | Стабилизатор барои камера | DJI Ronin-S 3-Axis Handheld Gimbal Stabilizer бо 2 то аккумулятори лити- ионни | маҷмӯъ | 1 |
9 | Экшн-камера | Маҷмуъи экшн-камерҳои GoPro HERO8 (дастгоҳи дугонаи қуввадиҳанда + 2 аккумулятора | маҷмӯъ | 1 |
10 | Штатив (сепоя) | Штативи профессионалии алюмини бо паҳнкунандаи заминӣ | маҷмӯъ | 1 |
11 | Фони панорамаи | Фони панорамии Lastolite (13 ‘, Chroma Key Green) | маҷмӯъ | 1 |
12 | Асбоби равшанкунанда | Маҷмуъи дурангаи аз се чароғ Dracast BoltRay 600 Plus бо болопӯши маҳин | маҷмӯъ | 1 |
13 | Софтбокс | Softbox барои BoltRay 600 Plus | маҷмӯъ | 1 |
14 | Монитор барои камера | Монитори 5-дюймаи 4K- Atomos Ninja V бо маҷмуъи хурди Angelbird AtomX SSD ба 1 ТБ | маҷмӯъ | 1 |
16 | Диктофон | Диктофони Zoom H8 + корти SanDisk Extreme PRO SDXC UHS-I 64 ГБ | маҷмӯъ | 1 |
17 | Принтер | Принтери калони бисёрхусусияти Xerox WorkCentre барои дафтарҳо (чоп кардан, нусхабардорӣ, бознигорӣ, чопкунии дутарафаи автоматӣ) бо Wi-Fi | маҷмӯъ | 1 |
18 | Ноутбук | Ноутбуки Lenovo ThinkPad E14 14-дюйма барои тиҷорат Full HD IPS 1920 x 1080, Intel Core i5/i7, 256 ГБ SSD, 8 ГБ ОЗУ, 64 Win 10 Pro | маҷмӯъ | 2 |
19 | Ноутбук барои бозиҳо барои танзим, таҳрири видео ва тарроҳии графикӣ | Intel Core i7, 512 ГБ SSD, 32/16 ГБ ОЗУ, видеокартаи 16/32 версияи 64 Win 10 Pro | маҷмӯъ | 1 |
Ҳангоми гузаронидани тендер бояд ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зерин пешниҳод карда шаванд:
1. Мактубе, ки дорои маълумоти зерин аст:
а) арзиши умумии пешниҳод (бо сомонӣ); б) вақти таҳвили он; в) мӯҳлати кафолати мол; г) мӯҳлати амали нархҳои пешниҳодшуда; д) Шартҳову шакл ва тартиби пардохт; е) ҷои таҳвили мол.
2. Пешниҳоди тиҷоратие, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:
а) ном ва хусусияти муфассали мол бо нишон додани арзиш бо сомонӣ;
б) нархи умумии мол бо назардошти расонидани он ба манзили муайян;
в) кишвари истеҳсолкунанда ва ширкати истеҳсолкунандаи мол.
3. Тавсияҳои ташкилотҳое, ки бо онҳо дар бораи таҳвили мол ва таҷҳизоти шабеҳ шартнома бастед.
4. Маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи надоштани қарз.
5. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми таъминкунандаи эҳтимолиро тасдиқ мекунанд (нусхаи патент, шаҳодатнома, РМА, реквизитҳои бонкӣ ва ғайра).
6. Суроға, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ва ID Skype ширкат, ки барои иштирок дар тендер муроҷиат кардааст.
Мӯҳлати таҳвил: аз 18 то 20 рӯз пас аз бастани шартнома.
Диққат! Нодуруст пур кардани дархост ва ё набудани ягон ҳуҷҷати зарурӣ боиси аз раванди баррасӣ баровардани таъминкунандаи эҳтимолӣ мегардад.
Мӯҳлати охири қабули дархостҳо то соати 12:00 и 31 уми марти соли 2021 ТАМДИД ШУД! Пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар шакли электронӣ (формати PDF) ба суроғаи почтаи электронии дар поён овардашуда фиристед. Ҳамзамон, пешниҳоди тиҷоратӣ бояд бо калидвожа (парол) муҳофизат карда шавад, ки довталаб онро бояд ҳангоми кушода шудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба аъзои комиссияи тендерӣ бигӯяд.Пешниҳодҳои тиҷоратиро дар лифофаҳои мӯҳршуда ба суроғаи зерин фиристед: Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 19, ошёнаи 2 (рӯ ба рӯи бемористони Сино). Дар сарлавҳаи нома ҳатман сатри “Тендер барои таҳвили таҷҳизот”- ро нишон диҳед.
Барои қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба суроғаи электронии tj-info@internews.org тамос бигиред.
Диққат! Муаррифии пешниҳодҳо барои тендер дар шакли онлайн, тавассути Skype соати 15:00 и 2 уми апрели соли 2021 баргузор мегардад. Таъминкунандагони эҳтимолӣ барои муаррифии ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавассути Skype даъват карда мешаванд.
Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқи қабули ҳама гуна пешниҳоди тендерӣ ва инчунин дар вақти дилхоҳ пеш аз бастани шартнома рад кардани онҳоро дорад. Ҳамзамон дар назди ширкаткунандагони тендер, ки метавонанд аз ин зарар бинанд ҳич масъулияте надорад. Ҳамчунин ӯҳдадор нест, ки ба довталаб сабабҳои рад кардани пешниҳодашро фаҳмонад.