Чанде пеш нишастҳои хабарии анъанавие, ки ҳар нимсола вазорату сохторҳои гуногуни кишвар баргузор мекунанд, ба поён расиданд, аммо ба мисли солҳои қабл рӯзноманигорон ҳамоно аз сифат ва тарзи доир шудани ин нишастҳо норозӣ монданд.
Барои баррасии масъалаи мазкур Азия Плюс дар ҳамдастӣ бо дафтари Интернюс дар Тоҷикистон вохӯриеро бо иштироки хабарнигорону коршиносони расонаӣ баргузор кард, ки дар он дар баробари зикри камбудиҳои ҷойдошта барои беҳтар кардани сифати нишастҳои хабарӣ пешниҳодҳо ҳам ироа шуданд.
Нуктаҳои муҳими ин вохӯриро ин ҷо меорем:
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ, мутаассифона, нишастҳои хабарӣ имрӯзҳо як шакли ҳисоботиро доранд ва аксари мансабдорон кӯшиш мекунанд, ки дар рафти он ба қисмати саволу ҷавоб вақти кам ҷудо кунанд.
– Тасаввур кунед, ки барои як нишасти хабарӣ ҳамагӣ 1 ё 1,5 соат ҷудо шудааст ва 80% ин вақт барои дона ба дона хондани пресс-релизе, ки бе ин ҳам дар дасти мо, рӯзноманигорон, ҳаст, сарф мешавад. Ҳамагӣ 10-15 дақиқаи охир имкон медиҳанд, ки мо суол диҳем, аммо ин хеле кам аст. Чунин эҳсос пайдо мешавад, ки гӯиё ин нишастҳо барои мансабдорон ҳам як дарди сар аст ва онҳо ин фармони президентро иҷборан иҷро мекунанд.
Хабарнигори “РИА Новости” дар Тоҷикистон Лидия Исамова мегӯяд, ки ӯро ҳамзамон як мушкили дигар нигарон мекунад – вақте арқому далелҳои ҷолиб дар рафти нишастҳо пешниҳод мешаванд, дарҳол мансабдорон зикр мекунанд, ки “ин танҳо барои маълумоти шумост, барои нашр не”.
– То ин ки сарчашмаи иттилоот аз даст наравад ва муносибатҳои мо бо онҳо вайрон нашавад мо ҳам аз нашр даст мекашем ва ин арқоми ҷолибро барои матлабҳои дигар дар оянда ҳамчун бэкграунд истифода мебарем, ки ин ҳам, албатта, дуруст нест. Яъне ҳар чизе, ки гуфта шуд, аслан бояд нашраш ҳам иҷозат дошта бошад, аммо на ҳамавақт кор чунин сурат мегирад, – бо таассуф зикр кард Лидия Исамова.
Хабарнигорон бар он боваранд, ки нуктаҳои зикршудро метавон як навъ монеъагузорӣ ҳам номид, чун дар натиҷаи чунин рафтори масъулин инъикоси саривақтӣ ва пурмӯҳтаво ғайриимкон мешавад.
Ба қатори монеъаҳои техникӣ, ба гуфтаи Лидия Исамова, метавон ҳамчунин тағйири макони баргузории нишастҳои хабариро низ ворид кард.
– Қаблан, агар ёдатон бошад, аксари пресс-конференсияҳо дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Иттилоот ва муошират баргузор мешуданд, ки хеле кори рӯзноманигоронро осон мекард. Ҳоло ҳар як сохтор нишасти хабариашро дар бинои худ мегузаронад ва журналистон рӯзашон бо ин, ки аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр даванд, мегузарад.
Дар ин росто роҳбари МТЖТ Хуршед Атовулло илова кард, ки бар замми ин аксари нишастҳои муҳим дар як рӯз ва як соат мегузаранд, ки кори рӯзноманигоронро даҳчанд душвор мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки нашрияҳои ВАО-и кишвар ҳамеша шикоят аз норасоии кадрҳо мекунанд.
– Як редаксияи хурде, ки ҳамагӣ 2-3 журналист дорад, дар ин ҳолат ба кадоме аз нишастҳо даваду чӣ тавр босамар кори худро анҷом диҳад? Ба назари ман, масъулин ҳар монеъаи имконпазирро истифода мебаранд, ки фармони президенти кишвар оид ба баргузории нишастҳои хабарӣ ва гузоришдиҳии сохторҳо дар назди ҷомеъа ба дурустӣ риоят нашавад, – таъкид кард Хуршеди Атовулло.
Шаҳноз Комилзода, ки хабарнигори “Ирон Интернейшнл” дар Тоҷикистон аст, на танҳо аз сифати нишастҳои хабарӣ дар кишвар, балки аз кам будани онҳо дар маҷмӯъ розӣ нест.
– Охир магар дар кишвари мо танҳо ҳар ним сол воқеъа рух медиҳад? Вақте ҳодисаҳое, ба мисли, масалан, низоъ ва даргириҳо дар марз мешаванд, мо ниёз ба брифингҳои оҷилӣ ҳам дорем. Аммо масъулин чунин одатро надоранд ва ба ҳар суолу дархости мо мегӯянд, ки муфассалтар дар рафти пресс-конференсияи нимсола маълумот пешниҳод мешавад. Ба назарам, мафҳуми нишастҳои хабарии нимсоларо онҳо каме нодуруст мефаҳманд. Яъне аз як ҷиҳат ин, ки президенти кишвар чунин як фармонро оид ба баргузории нишастҳои ҳатмии нимсола баровардааст, хуб аст, аммо дар сурати коргирии нодуруст аз он, бад аст, – мегӯяд ӯ.
Хабарнигори BBC – форсӣ дар Тоҷикистон Суҳроби Зиё бо гуфтаҳои Шаҳноз Комилзода розӣ шуда, илова кард, ки ӯ ҳамчун журналисти телевизион бештар аз надоштани тасвири ин ё он масъулин танқисӣ мекашад ва, мутаассифона, барои ӯ нишастҳои ҳатмии нимсола ягона ҷойи наворгирии масъулин мебошад.
– Аз ин рӯ, пешниҳоди баргузории брифингҳои моҳона ва ё оҷилиро дар мавзуъоти муҳим дастгирӣ мекунам.
Дар интиҳои суҳбат рӯзноманигорон рӯйихати як қатор пешниҳодҳоро барои беҳтар ва пурсамар кардани нишастҳои хабарӣ тартиб доданд, то созмонҳову иттиҳодияҳои журналистии кишвар онро дубора баррасӣ карда, ба самъи масъулин ва дастгоҳи президенти кишвар расонанд.
– Ҳамаи пешниҳодҳову гуфтаҳо ба назар гирифта мешаванд, вале ислоҳу татбиқашон як кори тӯлонӣ аст, ки на фақат фурсат, балки якдиливу дастҷамъии хабарнигорон, котибони матбуотӣ, намояндагони мақомоту вазоратхонаҳоро мехоҳад, – таъкид кард котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон ва модератори вохӯрӣ Абдумалик Қодиров.
Бояд гуфт, чунин вохӯриҳои мавзӯиро Азия-Плюс бо дастгирии Internews дар давоми шаш моҳ баргузор мекунад, ки дар рафти он ҳар моҳ ду маротиба мушкилоти журналистика ва рӯзноманигорони кишвар аз ҳар зовия баррасӣ хоҳанд шуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.