«Тоҷикистон ба дода-энтузиастҳо ниёз дорад»: чӣ гуна расонаҳо рӯйдодҳоро бо рақамҳо нақл хоҳанд кард

Рӯйдодҳои муҳим дар бораи он ки чаро google забони тоҷикиро хуб намедонад ва ё дар бораи он ки кадом меъёрҳоро мактабҳои Тоҷикистон нодида мегиранд – рӯзноманигорони чанд нашрия бо забони рақамҳо нақл хоҳанд кард. Онҳо ин ва бисёр мавзуъҳои дигарро ҳамроҳ бо тренерҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар ҷараёни омӯзиши думарҳилаӣ доир ба журналистикаи додаҳо, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» бо дастгирии Internews гузаронида шуд, таҳия карданд.

Мо дар бораи он суҳбат мекунем, ки маълумотро барои журналистикаи додаҳо аз куҷо гирифтан мумкин аст ва чӣ гуна ин форматро дар Тоҷикистон метавон инкишоф дод.

Соли гузашта нашрияи «Азия-Плюс» шуъбаи додаҳои худро ташкил намуд. Дар он чанд нафар кор мекунанд, ки умедворанд ин форматро дар Тоҷикистон инкишоф диҳанд ва бо дастгирии Internews дар моҳи январи соли 2023 Мактаби думарҳилаии дата-сторителлингро (қиссаҳо бар асоси додаҳо) таъсис доданд, ки дар он 15 рӯзноманигор аз нашрияҳои маҳаллӣ ширкат доштанд. Дар қисми аввал тренерҳои маҳаллӣ ба иштироккунандагон донишҳои ибтидоии журналистикаи додаҳоро доданд, дар қисми дуюм коршиносони байналмилалӣ як барномаи пешрафтаи омӯзишӣ гузаронида, дар рафти он тарзи дарёфти додаҳоро дар Тоҷикистон омӯхтанд.

– Додаҳо вуҷуд доранд. Шояд ба даст овардани онҳо осон набошад, аммо онҳо ҳастанд, – мегӯяд Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишии Internews. – Чизи асосӣ донистани чӣ тавр кор кардан бо онҳост. Ва тренер/менторҳои мо ба рӯзноманигорони тоҷик тарзи истифодаи оқилона ва дурусти сарчашмаҳоро омӯзиш доданд. Онҳо инчунин қобилияти дар рақамҳо дидани рӯйдодҳоро ташаккул доданд. Бисёриҳо ин корро наметавонанд.

Яке аз тренерҳо даъватшуда Алексей Смагин – журналисти додаҳо ва таҳлилгари гурӯҳи таҳқиқотии Яндекс буд. Ӯ маслиҳат медиҳад, ки додаҳоро дар сомонаҳои созмонҳои байналмилалӣ ё дар чунин сомонаҳои ғайриоддӣ, ба монанди сомонаи эълонҳо ҷамъоварӣ кунанд.

– Пойгоҳи эълонҳо – фазоест, ки шумо метавонед бифаҳмед, ки кадом намуди мошинҳоро дар Тоҷикистон мехоҳанд фурӯшанд, шумо метавонед нархҳо ва ба чӣ вобаста будани онҳоро бифаҳмед,  метавонед бинед, ки кадом курсҳои омӯзишӣ маъмуланд, шумо метавонед бидонед, ки кадом тамоюлҳо дар бозори амволи ғайриманқул вуҷуд доранд. Ва ҳамчунин як махзани парвози ҳавопаймоҳо вуҷуд дорад, ки дар ин ҷо метавон дид, ки дар солҳои гуногун самтҳои парвоз аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёбанд, – мегӯяд ӯ.

Тренери дигар Рустам Гулов, мутахассиси визуализатсияи (дидорисозии) додаҳо низ истифода аз сомонаҳои ниҳодҳои байналмилалиро тавсия медиҳад, аммо дар истифодаи онҳо мушкилотеро мебинад:

– Додаҳои муайян вуҷуд доранд, аммо дар ин маврид масъалае ба миён меояд: ҳоло соли 2023 аст ва дар сомонаҳо додаҳо аз аввали соли 2021 аст. Мутаассифона, барои рӯзноманигорон шояд онҳо дигар воқеӣ набошанд. Дар мавриди иттилооти дохилӣ, мутаассифона, давлат ба табодули иттилоот бо расонаҳо шавқманд нест, аз сӯйи дигар, бинобар сиёсати андоз, ширкатҳои хусусӣ низ таваҷҷуҳ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, рушди журналистикаи додаҳо набояд танҳо ба расонаҳо дахл кунад:

– Ба мо як ҳаракати шаҳрвандӣ лозим аст, ки дар бораи то чӣ андоза муҳим будани гузаштан ба додаҳои боз суҳбат кунад. Дар он ҷое, ки журналистикаи додаҳо инкишоф меёбад, фаъолон барои қонунҳо лоббигарӣ мекунанд, порталҳои иттилооти боз мекушоянд ва дар он ҷо иттилооти коркардшударо ҷойгир мекунанд, то рӯзноманигорон дар маводи худ аз он истифода баранд. Онҳо мефаҳмонанд, ки шаффофият ва ошкор будани иттилоот метавонад ҷомеаро ба сӯи рушд ҳаракат диҳад. Тоҷикистон ба чунин дода-энтузиастҳо ниёз дорад.

Пас аз ду бахши тренинг, рӯзноманигорон мавзуъҳоеро омода карданд, ки онҳо метавонанд маводи иттилоотии худро таҳия кунанд ва дар Хакатон ширкат варзанд. Менторҳо мавзуъҳои беҳтаринро интихоб намуданд ва ба муаллифон дар таҳияи он кумак хоҳанд кард. Дар маҷмуъ 13 дода-мавод нашр хоҳад шуд.

– Ман кайҳо дар бораи журналистикаи додаҳо фикр мекардам, қисман кӯшиш кардам, ки ба он даст занам, аммо ба ин мавзуъ амиқ ворид нашудам, – мегӯяд ширкаткунандаи тренинг Элина Ким. – Медонам, ки дар паси додаҳо имрӯзу оянда аст, ҳар қадар бештар омӯзӣ, шавқовартар хоҳад шуд. Он чизе, ки маро ҷалб мекунад, ин аст, ки журналистикаи додаҳо объективӣ ва боэътимод аст. Дар Хакатон ман мавзӯи ташноби мактабҳоро пешниҳод кардам. Гап дар сари он аст, ки ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон як лоиҳаи бузурги WASH (таъминоти об, санитария ва гигиена)-ро амалӣ карда истодааст, онҳо дар бораи шароити мактабҳо маълумоти зиёд ҷамъоварӣ кардаанд ва ман мехоҳам дар ин бора як дода-рӯйдодро нақл кунам.

Ба ғайр аз ин, иштироккунандагони тренинг пешниҳод карданд, ки дар бораи чаро google забони тоҷикиро намедонад, дар тӯли сад сол дар Тоҷикистон ҳаво чӣ гуна тағйир ёфтааст, оё дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ воқеан коҳиш меёбад ва ғайра нақл кунанд. Дар омади гап, баъзе дода-маводҳо то ҳоло чоп шудаанд. Масалан, рӯзноманигорон дар бораи чӣ содир кардани Тоҷикистон, муқоисаи нарх ва суръати интернет дар Осиёи Марказӣ, дар бораи сифати ҳаво дар Душанбеву Хуҷанд нақл карданд. Ҳамаи ин рӯйдодҳоро рӯзноманигорон танҳо бо забони рақамҳо баён намудаанд.

Ба эътиқоди Маҳпора Киромова, дар шароити кунунии бозори расонаҳои Тоҷикистон ин аз ҳар вақти дигар  муҳимтар аст:

– Журналистикаи додаҳо – журналистикаи исботкунанда буда, сирфан ба  рақамҳои расмӣ асос ёфтааст. Дар он ҳам «ман»-и журналистӣ, андеша ва таҳлили коршиносон, ҳам эҳсос ва изҳорот вуҷуд надоранд. Дар он хонанда фақат бо додаҳои расмӣ ва тасдиқшуда танҳо мемонад, ки худи онҳо рӯйдодҳоро ба ӯ хоҳанд гуфт. Аз ин гуна мавод шикоят камтар мешавад ва рӯзноманигорро ба ғаразнокӣ дар ин гуна корҳо муттаҳам кардан қариб ғайриимкон аст. Охирин хеле муҳим аст.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *