Масъалаи издивоҷ хешутаборӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде ҷиддӣ аст, ки соли 2016 дар ҷумҳурӣ қонуни махсус қабул карда шуд, ки чунин издивоҷҳоро манъ мекунад. Бо вуҷуди ин, дар байни сокинони кишвар тӯйҳо байни холабачаю холадухтарҳо ҳоло ҳам идома доранд. Актёрони театри мобилӣ, дар бораи он ки ин ҳолатҳо ба чӣ оварда мерасонанд, нақл мекунанд.
Қисса чунин аст: хусур ва хушдоман дар қабулгоҳи беморхона нишастаанд ва мунтазири хабари нав аз ҷониби сунҳорашон ҳастанд. Писари онҳо низ ҳаст, ки барои занаш дар хавотир аст. Дере нагузашта ҳамшира бо хабари хуш ба берун мебарояд: писар таваллуд шуд, аммо илова карда мегӯяд, ки мехоҳад бо падари навзод сӯҳбат кунад. Пас аз сӯҳбат мард ба гиря кардан оғоз мекунад ва ба падару модараш мегӯяд, ки кӯдак бо маъюбият таваллуд шудааст; ва ҳама ба гиря медароянд. Ва хушдоманаш гирякунон мегуяд, ки ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки набояд издивоҷи хешу табори наздик барпо шавад, аммо ӯ ба ин суханон гуш накард. Қисса бо ҳамин ба поён мерасад.
Ҳамаи ин драмаро дар назди мардум дар Шаҳритус нӯҳ ҳунарпешаи ҷавони ғайрикасбӣ -ҳайати театри мобилии ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби волонтёрҳо”, моҳирона бозӣ мекунанд;дар Ин лоиҳа ғолиби озмуни Интернюс Тоҷикистон оид ба ҷалби аудитория гардид, ки соли гузашта эълон шуда буд. Ҳоло онҳо ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар мекунанд, саҳнаи мазкурро нишон медиҳанд ва шарикони расонаии онҳо аз шӯъбаи минтақавии телевизиони “Сафина” сюжетҳо ба навор мегиранд ва онҳоро барои пахш омода мекунанд. Роҳбари созмони «Мактаби волонтёрҳо» Салим Бобоназаров тавзеҳ медиҳад, ки бо вуҷуди манъи издивоҷҳои хешутаборӣ дар вилояти Хатлон, алалхусус дар ноҳияҳои дурдаст, чунин издивоҷҳоҳо то ҳол сурат мегиранд ва чун қоида, онҳоро волидон маҷбур мекунанд.
– Ҳама навхонадоронро пеш аз тӯй огоҳ мекунанд, ки агар онҳо бо якдигар хешу табор бошанд, бо ҳам издивоҷ карданашон мумкин нест ва дар бораи оқибатҳои ин амал бо онҳо сӯҳбат мекунанд. Аммо мардум на ҳама вақт ба ин бовар мекунанд, ва дар САҲШ хешу табор буднаи худро пинҳон мекунанд, тӯй барпо мекунанд ва баъд кӯдаки маъюб таваллуд мешавад, – мегӯяд Салим.
Тибқи иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, тақрибан 30-35% кӯдакони дорои маъюбият аз падару модароне таваллуд мешаванд, ки бо якдигар хешовандони наздиканд. Ин мушкилӣ ташкилоти дигари ҷамъиятӣ- «Шифо»-ро, ки бо кӯдакони дорои маъюбият кор мекунад, ба ташвиш меорад. Вақте онҳо дар бораи лоиҳаи “Мактаби волонтёрҳо” фаҳмиданд, тасмим гирифтанд, ки ба ин кор ҳамроҳ шаванд ва дар ташкили чорабиниҳо кумак кунанд. “Шифо” дар корашон доимо бо оқибатҳои издивоҷҳои оилавӣ дучор мешавад ва пешгирии издивоҷҳои хешутабориро зарур мешуморанд.
– Мо тасмим гирифтем ба ҷавонон бо таври возеҳ нишон диҳем, ки издивоҷҳои хешутаборӣ ба чӣ оварда мерасонад. Формати театрҳои мобилӣ барои аудиторияи мо хеле мувофиқ аст ва мо мебинем, ки чӣ қадар ба тамошобин ҷолиб аст, онҳо пас аз намоиш ба муҳокима мегузарнад, – мегӯяд Салим.
Сӯҳбатро бо аудитория ташкилотчиён аз саҳна шуруъ мекунанд: пешниҳод мекунанд, ки саволҳо диҳанд ва мавзӯъро муҳокима кунанд. Тамошобинон бо хушнудӣ ба муколама мегузаранд.
“Ва агар онҳо якдигарро дӯст доранд, чӣ? Масъалан, холабача ва холадухтар , бояд чӣ кор кард? ” – духтари ҷавон аз толор савол мепурсад. Дар толор аввал механданд, аммо баъд бо таваҷҷӯҳ ба тарафи ташкилкунандагон назар мекунанд, дар ҳақиқат чӣ бояд кард? Аммо ташкилкунандагон боадабона шарҳ медиҳанд, ки ҳар гуна издивоҷи хешутабрӣ чӣ бо муҳаббат ва ё дархости волидайн бошад, метавонад боиси таваллуди кӯдакони дорои маъюбият гардад.
Барои исбот кардан, беҳтараш нишон додан лозим аст
Дуруст аст ки дар намоишҳои кунунии театри мобилӣ, илова бар издивоҷҳои хешутабрӣ, ташкилкунандагон боз як мавзӯи муҳим – пандемияи коронавирусро, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст, мебардоранд. Пеш аз оғози намоиш ба аудитория дар бораи нишонаҳои асосии COVID-19 ва инчунин чораҳои пешгирикунанда, ки барои бехатарии ҳар як шахс лозим аст, нақл мекунанд. Аксарияти тамошобинон – ҷавонони маҳаллӣ, аз ҷумла аз ноҳияҳои дурдаст, ҳастанд ва дар бораи коронавирус бисёр бодиққат гӯш мекунанд. Мутаассифона, на ҳама ба Интернет дастрасӣ доранд ва дар телевизионҳои маҳаллӣ дар бораи ин мушкилот на ҳама вақт мегӯянд.
– Нисфи волонтёрони мо ҷавонон аз Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон мебошанд. Мо қарор додем, ки бо кормандони ин шӯъба дар бораи коронавирус сӯҳбат кунем, гарчанде ки дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст, пешгирии ин беморӣ бояд бошад,- мегӯяд Салим.
Бо лоиҳаи театрҳои мобилӣ «Мактаби волонтёрҳо» хело ранҷ кашид: гап дар он аст, ки ҳоло гурӯҳи сеюми ҳунармандон дар саҳна баромад мекунанд; гурӯҳҳои якуму дуюм бо сабабҳои гуногун наметавонистанд дар намоишҳо иштирок кунанд. Аз ин рӯ, ба ташкилкунандагон лозим омад, ки намоишҳои худро ба таъхир андозанд, хусусан пеш аз Наврӯз, ки тамоми ҷавонони минтақа дар раҳпаймоиҳои идона банд буданд.
– Аз ин сабаб мо хеле хавотир будем, мехостем театри худро зудтар оғоз кунем. Мо аз соли 2011 бо чунин намоишҳо машғул будем, аммо театри охиринро чанд сол пеш баргузор карда будем ва ба ин кор пазмон шудем. Ман худам сенария менависам; гарчанде ки аз рӯи касб иқтисодчӣ мебошад, ман театрро хеле дӯст медорам ва худро дар саҳна хуб ҳис мекунам »,- мегӯяд Салим.
Бо вуҷуди ин, вай аз интихоби гурӯҳи сеюми волонтёрҳо хеле розӣ аст: бачаҳо бо як дилгармӣ кор мекунанд, мекӯшанд, ки дарди қаҳрамонони худро ба аудитория расонанд ва исбот кунанд, ки издивоҷҳои хешутабрӣ воқеан хатар доранд. Дар маҷмӯъ, онҳо аллакай се спектакл – дар Бохтар, Шаҳритус ва Қабодиён намоиш доданд, боз дуто мондааст, яке дар Данғара ва дигаре дар Панҷ -ноҳияи ҳамсарҳад бо Афғонистон. Ҳамаи ин намоишҳоро журналистони телевизиони “Сафина” ба навор мегиранд, пас аз он ки марҳилаи фаъоли лоиҳа анҷом ёфт, онҳо барои эфири худ сюжет омода мекунанд. Шабакаи телевизионии Сафина 84% қаламрави кишварро фаро мегирад ва «Мактаби волонтёрҳо» умедвор аст, ки бо кӯмаки шарикон ғояҳои худро ба шумораи бештар бинандагон мерасонанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.